Мо бояд дастҷамъона бар зидди ифротгароён мубориза барем

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 28 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳоимубориза бар зидди экстремизм ва терроризм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Чуноне, ки медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомулиҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали махфӣ нақш бастааст. Терроризм ва экстремизм раванди ҷонибдорииусулҳои ифротӣ, ки аз тарафибаъзе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Ифротгароӣ изҳори фаъолиятиифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ѓасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбиниииҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад.

Гурўҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд, ҳалоқ шудаанд. Дар шароити хуби имрўзаи рўзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва таѓйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракиисиёсии шаҳрвандон аҳамияти баѓоят муҳимро касб менамояд.

Ифротгаро дар шароити имрўза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист.

Боз як рохи ТЭТ ХНИ баста шуд, яъне 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шўроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рўйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд. Дар рўйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ», инчунин Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) низ таҳти №65 ворид карда шуд.

Омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Шарипова Моҳира Ҳасановна

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ