Мирзои Салимпур ва рисолати имрӯзаи ӯ
Имрӯз сафи хоинони Тоҷикистонро боз як тан аз рӯзноманигори маккор зиёд намудааст. Аниқтараш сафи зархаридони хоҷагони хориҷӣ рӯз аз рӯз зиёд гардида, пулҳои муфт чашми онҳоро кӯр карда истодааст. Мирзои Салимпур аз ҷумлаи онҳоест, ки худро рӯзноманигори забардаст меҳисобад вале фирефтаи маблағҳои хориҷиён гашта, бар зидди тамоми меъёрҳои васоити ахбори умум хусусан, ошкор кардани ҳақиқат, мубориза барои адолат баромад намуда, бо ниҳон доштани ҳақиқат ва паҳн кардани маводҳои бофтаву беасос ба авомфиребӣ машғул аст. Ӯ акнун дар радифи Кабирӣ истода, ба пора кардани ватани ободу зебоманзар, заҳролуд сохтани мафкураи созандаву сулҳпарвар, бедор кардани кинаю надомат дар дили мардуми дӯсту бародар, ҳамдилу ҳамватан машғул аст.
Моро зарур аст, ки чунин ватанфурушону зархаридони хориҷиёнро бишносем то аз заҳри бо зарбаи сухан ба фикрҳо нешзанандаи онҳо эмин бошем. Зеро барои инсоне, ки бар ивази молу сарвати дунё тамоми вуҷудашро бахшидааст, дигар масъалаи қарз, виҷдон, номус, адолат вуҷуд надорад. Аз ин ҷост, ки ҳар сухану навиштаҳои Мирзои Салимпур беэътимод аст ва сазовори таваҷҷуҳ ҳам нест.
Озодандеш