Мирзои Салимпур оқ шуд

Дирӯз, Дадоҷони Атоулло раҳнамо ва устоди Мирзои Салимпур дар як изҳорот шогирди хиёнаткардаашро оқ кард. Ин рӯйдод дар пайи як навиштаи ҳангомаҷӯёни Мирзои Салимпур ба вуқӯъ пайваст. Мирзои Салимпур дастпарвардаи рӯзномаи “Чароғи рӯз” ба нону намаки хурдаашро фаромӯш карда,дар назди ин рӯзнома фаромӯш карда онро “чароғи буз” унвон кардааст. Ин носипосӣ чеҳраи Мирзои Салимпурро ҳамчун хоин ва зархариди хориҷӣён бори дигар ба ҷилва овард. Мирзои Салимпур бо ду пули сиёҳ гузаштаашро фурӯхта аз мактаби камолоташ, ки “Чароғи рӯз”ба ҳамин вазифаро дар назди ӯ анҷом додааст, ба истилоҳе “наҳ зад”, онро таҳкир кард ва инро метавон ба унвони кӯрнамакӣ пазируфт. Дар баробари ин ки бародари ҳамхунаш ӯро оқ кард, мо аз ӯ дигар чизи хубро интизор шуда наметавонем. Мо медонем, киМирзои Салимпур як нафаре ҳаст, ки дигар чунин мафҳумҳои хешутаборӣ ва ҳамхуниву ҳамватанӣ бегона аст. Беҳуда, дар урфият намегӯянд,ки хар агар ба макка равад боз ҳамон хар аст. Додоҷони Атоулло бехабар чунин харонро тарбия карда ба камол расонидааст. Онҳо имрӯз гиребони устоди худро гирифта, аз вазифаҳои муқаддаси рӯзноманигорӣ канора гирифтанд. Мирзои Салимпур маълум мешавад, ки бо ҳадафҳои муғризона ба ин ҳавзаи эҷодӣ ворид шудааст ва мо ҳамчун шаҳрвандони кишвари азизамон аз дигар рӯзноманигорон хоҳиш менамоем, ки бо дасту дили пок дар самти рӯзноманигорӣ фаъолият баранд ва мисли Мирзои Салимпур зархариду фурухташуда нагарданд.

Каримов Кайхусрав

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ