Мирзои Салимпур дастпарвари ТЭТ ҲНИ

Дар замони муосири ҷаҳонишавии ифротгароӣ ва терроризмӣ ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омад. Ҳоло экстремизм ва терроризм яке аз масъалаҳои мушкили ҷамъиятиест, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.

Афсўс, ки имрўз ҳастанд нафароне, ки омодаи зараррасониву зери ниқоби ватандўстӣ, адолатпарварӣ твассути сармояи аҷнабиён манфиатҳои ваҳдатшиканонаро дар ҳудуди меҳани хушманзарамон пиёда карда бошанду ба ин васила номи некро ҳам нигоҳ дошта бошанд. Заҳмату талошҳои ҷоҳталабонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ў Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов, Муҳаммадиқболи Садриддин ва Мирзои Салимпур айнан аз ҳамин зумраанд.Ин гуна инсонҳо ақидаҳои номатлуби худро пеш гузошта, мекўшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўриву гумроҳӣинсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд.

Имрўз, онҳо тавассути ҳар гуна роҳҳои фитангези худ, тафаккури миллати куҳанбунёди тоҷикро заҳролуд сохтанӣ ҳастанд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Аз ин рў, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурўҳҳои таѓрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои носолими худ ба рўзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд. Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки имрўз нигаҳдошти мазҳаб ва ваҳдати динӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ ва амният таҳкурсии муҳим ва зарурии рушд ва шукуфоии Тоҷикистони тозаистиқлоли мо мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ