Миллати тоҷик дигар ниёз ба тавсияҳо надорад…

Ҷумҳурии Тоҷикистонбаъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣбагузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳаёти иқтисодиву иҷтимоииҷумҳурӣ оғоз намуд ва дар ин росто ба комёбиҳои назаррас низ ноил гардид.

Имрўзсаҳифаҳоитаърихи соҳибистиқлолиро омўхта, ба ҳаёти сиёсии он давра таваҷҷўҳ намуда, оид ба андешаҳои роҳбари Паймони Миллии ТоҷикистонМуҳиддин Кабирӣ мехостем ибрози андеша намоем.Мавсуф дар гуфтугӯи онлайнии худ танҳо ба манфиатҳои худ ва хоҷагони зархаридаш ибрози ақида карда, хеле ва хеле буҳтонбофӣ намудааст, ки боиси таассуфу тааҷҷуб мебошад.

Зиндагии шахсии ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла ашхоси роҳбармарзи дахолатнопазир маҳсубёфта, касе хуқуқи дахолатро надорад (бахусус тоҷикони бурунмарзӣ).

Мардуми тоҷик дигар ниёз ба тавсияву пешниҳоду маслиҳату насиҳати бегонагон надоранду сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз сидқи дил дастгирӣ намуда, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон бо сари баланду қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар урфият мегўянд, ки«саг ҷаққидан мегираду корвон меравад». Аз лаққидану ҷақкидани баъзе «ашхоси ғамхори тоҷикон» корвони саодати мардуми тоҷик аз раҳпаймоӣ намемонад.

Изҳороти мудири кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо Ҳакимова Р.Ш.

ва муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети биология –химия Дадоҷонова М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ