Миллат ва муаррифгари ӯ
Дар ҷомеаи ҷаҳони ин ё он миллатро бо хислату хусусиятҳои хосаш мешиносанд. Ҳар як миллат ғайр аз хусусиятҳои умумии муайянкунандаи миллати ташаккулёфта буданаш боз муаррифгарӣ хоси худро дорад.
Миллати тоҷикро дар ҷаҳон бо либоси миллиаш, фарҳанги либоспӯшиаш, ашори бузургонаш, санъати бетакрораш, ҳунармандиаш, вақтҳои охир бо варзишгаронаш мешиносанд. Вале миллатҳои Осиёи Маркази, минҷумла, миллати тоҷикро ҳамчунин эътиқодкунанда ба мазҳаби Ҳанафии дини мубини ислом низ мешиносанд. Дар давоми садсолаҳо чунин ташаккул ёфтааст. Вале мутассифона вақтҳои охир дар Осиёи Марказӣ равияҳои гуногуни адёни гуногун пайдо шудааст. Инчунин, равияҳои на ба нави ислом низ пайдо шудааст, ки аксари онҳо махсус барои шикастани эътиқоди ин ё он маҳал тарҳрезӣ шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон дар хусуси арзиш ва аҳамияти ин мавзўъ барои таҳким ва ташаккули худшиносии миллӣ чунин ақидаро иброз намуданд: «…Андешаи миллӣ маҳсули ақли солим, хиради азалӣ ва ҳикмати чандинҳазорсолаи миллатамон буда, тавассути он тоҷикон худро ҳамчун миллат ҳифз кардаанд, фарҳанги оламшумул офаридаанд ва дар асри ХХ боз ба соҳибистиқлолӣ расидаанд».
Дин ҳамчун унсури фарҳанг ва тамаддуни инсоният шинохта шудааст. Мо набояд шахси таассубӣ ва ифротӣ бошем ва аз дину эътиқоди мардум тарсу ҳазар дошта бошем. Албатта ба ин ё он дин эътиқоду боварӣ доштан кори фардии ҳар як инсон аст, вале барои инсони худогоҳ ва худшинос эҳтироми арзишҳои маънавии миллат хоҳ динӣ ва хоҳ дунявӣ муҳтарам ҳастанд. Мақсад ва ҳадаф он аст, ки афроди ҷомеаи мо чӣ таҳсилоти дунявӣ ва чӣ таҳсилоти динӣ гирифта, бояд ҳадди ақал дониши минималиро дар шинохти арзишҳои диниву дунявӣ дошта бошанд, ки дар гирдоби каҷравиҳо ва нофаҳмиҳои барғалат ғўтавар нагарданд. Ба хусус пешвоёну донишмандону ҳарду соҳа, ки мардумро бо ақида ва андешаи носолими худ ба гумроҳӣ кашонанд. Мусаллам аст, ки таълимоти дини мубини ислом дар покизагии ахлоқ, таҳзиби нафс ва камолоти маънавии шахс ва ҷомеа нақши бориз дорад.
Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бомероси бои фарҳангии худ мақоми арзандаеро касб намудааст.
Хусусан халқи мо аз қадим болибосҳои зебои занона, аз ҷумла куртаи атласу чакан дар шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд. Имрўз мо тоҷикон бояд таърихи куҳан, забону фарҳанги бой, арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадимии худро ба ҷаҳониён тарѓиб намоём, то онҳо бинанду биомўзанд.
Аз ин рў моро лозим меояд, ки ҳунарҳои аз байнрафтаро эҳё намуда, фарҳанги ѓании либоспўшии тоҷиконро дар байни бонувон ва духтарон ба роҳ монда, аънанаҳои миллии худро ҳифз, риоя ва арзишҳои фарҳангии миллати худамонро эҳтиром намоем ва бо либоси миллиамон ифтихор кунем, зеро либоси миллӣ муаррифгари миллат мебошад.
Кафедраи умумидонишгоҳии Фарҳангшиносӣ