Меҳргон - иди дӯстию меҳру муҳаббат аст!
Аз қадим Меҳргон - иди дӯстию меҳру муҳаббати табақаҳои гуногуни мардуми Шарқ аст! Дар ин иди қадимаи халқи тоҷик вакилони мардумони тамоми халқҳои ҷаҳон иштирок менамоянд ва ба ҷашни ҳақиқии байналмилалӣ табдил меёбад. Меҳргон баробари инкишофи деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекарданд. Деҳқонон ба пешвози Меҳргон ҳашар мегузарониданд, сарулибоси нав мепӯшиданд, сайру базмҳо меоростанд. Меҳргон – ро дар давраи Сомониён бо тантана ҷашн мегирифтаанд. Чунончи, Рӯдакӣ яке аз маликони сомониро бо фаро расидани Меҳргон ва меҳрнома табрик карда гуфтааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шохону хусравон омад!
Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,
Май ба ҷои арғавон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту ҷавон омад.
Масъуди Саъди Салмон дар рӯзҳои Меҳргон ҳамеша ба ҳамдигар меҳрубон буданро таъкид мекунад:
Рӯзи Меҳр аст, меҳрубонӣ кун,
К- аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ.
Дар таърихи мардуми шарқ оиди иди еҳргон маълумотҳои гуногунро воҳурдан мумкин. Дар давраи советӣ ба ҷои Меҳргон иди ҳосилот пойдор гардид. Меҳнаткашон ҳар сол баъди ҷамъоварии зироатҳои хоҷагии қишлоқ иди ҳосил мегузаронанд, ки он қисме аз унсурҳои бостонии ҷашни Меҳргон – ро фаро мегирад. Рӯзҳои ҷашн дар шаҳру деҳот бозиҳои спортӣ – бузкашӣ, гӯштингирӣ, аспдавонӣ, дави варзишгорон ва тамоми вакилони табақаҳои гуногуни аҳоли, хӯруз ҷанги, сак ҷанги, ресмонкаши, камонварӣ ва ғайраҳо барпо мегарданд. Дар шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳо озмуни беҳтарин гов, гӯсала, гӯсфан, асп, саг ва ғайриҳо ташкил карда мешавад. ҳақиқатан ҳам иди Меҳргон иди ҳосил, ҳосилот буда, ҳатто дар ҳар як оила ҳам гузаронида шуда, ҳосили солона ҷамъбаст мегардад. Зиёда аз 50 сол омӯзиш ва таҷриба ҳаминро нишон додан, ки иди меҳргон ҷамъбасти идҳои халқи тоҷик мебошад. Вай инкишоф, такмил меёбад, аз таҷрибаҳои бойи халқҳои ҷаҳон бо бойтар мешавад. қариб, ки ҳар дар даврони ҳокимияти советӣ ва асосан дардавраи истиқлоли тоҷикон бо танаффусҳо бошад ҳам,озмунҳои гуногун бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳо, шаҳру ноҳияҳо, вилоятию ҷумҳуриявии бахши ба иди истиқлолият, иди Октябри Бузург, иди Меҳргон (ҳосил) бо мақсади рушди иқтисодиёт, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, иҷрои нақшаҳои барномавӣ, густариши корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар маҳалҳо, ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои тиб, маориф, фарҳанг, кишоварзи, ҷиҳати тадбиқи дастуру супоришҳои давлати доир ба густариши минъбадаи ҳаёти ҷамъияти озмуни «Шаҳри(ноҳияи) беҳтарин», бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва эътибори касбҳое, ки рушти иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот ва хизматрасонӣ мусоидат мекунанд, дарёфту ҷалби мутахассисони варзида, шахсони соҳибистеъдод ва ҳавасмандию қадршиносии онҳо озмуни «Мутахассиси беҳтарин»(бинокори сол, барномасози компютерии сол, бонкри сол, варзишгари сол, духтури сол, донишҷӯи сол, энергетики сол, иқтисоддони сол, кишоварзи сол, милисаи сол, олими сол, муаллиси сол, тарроҳ-дӯзандаи сол, ронандаи сол, рӯзноманигори сол, соҳибкори сол,ҳуқуқшиносисол, чӯпони сол, говчӯши сол, механизатори сол, мироби сол, асалпарвари сол, табиби сол, оилаи сол, сиёсатмадори сол ва ғайраҳо) баргузор мегардад. Таҷрибаи бойи даврони ҳокимияти советӣ дар масъалаҳои озмуни, ташкилотчигӣ, ташаббускори, бунёдкорӣ, ташвиқоту тарғиботчигӣ, мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои ҶТ, ҳашари ва ғайриҳо дар даврони истиқлолият аз нав эҳъё шуда, дар ишароити нави сиёси ташаккул ёфта истодааст, ки он аҳамияти калони таълимию тарбиявӣ, таърихию умумҷаҳони дорад ва он сарчашмаи асосии рушти мамлакати азизамон шуда метавонад. ¬айр аз ин дар бобҳои аввали рисола оиди идои гуногуни касби, маҳаллию байналхалқи ва қадимаи халқи тоҷик Сухан ронда будем, онҳо ҳам аҳамияти калони инсонпарварию дӯстии халқҳо дорад. ҳар як ҷашн ва ид, аз он ҷумла иди Меҳргон ҳам дар он шароит ба иди ҳақиқимубаддал мегардад, ки дар он вакилони тамоми табақаҳои гуногуниаҳоли ва халқҳо ширкат варзад ва дар онҳо меҳру муҳаббат, дӯстии халқҳо, меҳрибони, меҳргони, сулҳу салох, оромию осойиштаги хукмрони мекунад. Дар ҳақиқат, дар солҳои истиқлолият иди қадимаи халқи тоҷикМеҳргонба иди дӯстию меҳру муҳаббат,бунёдкорую созандагӣ,ватандӯстию ватандорӣ, хотамтойиитабақаҳои гуногунимардуми кишвари азизамон табдил ёфтааст.
Сафар Эркаев, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров