Мавқеи волидон дар истифодаи интернет
Чанд рўзи охир дар ҷомеа масъалаи болоравии нархи интернет вирди забони ҳамагон гардидааст. Мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногун навишта истодаанд, ки аксари онҳо манфӣ мебошанд.
Зеро болоравии нархи интернет ба буҷаи мардум таъсири манфӣ дорад. Бо баробари ин дар ҳақиқат имрўзҳо ҷавонон ҳама аз интернет вобаста шудаанд. Онҳо ҳаёти вертуалии худро дошта, аз ёру дўстон дур мешаванд. Ба ҳар гуна расонаҳое, ки тарбияашонро вайрон мекунанд ворид мешаванд.
Бояд қайд кард тарбияи фарзанд аз оила сар мешавад. Таълиму тарбияи фарзанд яке аз бузургтарин вазифаи волидон ба ҳисоб меравад. Тарбияи фарзанд аз рӯзи чашм ба олами ҳастӣ кушоданаш оғоз меёбад. Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар мавриди тарбияи фарзанд мегӯяд, бачае, ки дар оила хуб тарбия меёбад бачаи хуб ба воя мерасад. Аз ин гуфтаҳо хулоса кардан ба маврид аст, ки тарбияи дурусти фарзанд аз волидон вобастагии калон дорад. Барои ҳамин волидон бояд аз болои фарзандонашон назорат баранд.
Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолият мекунад, ки ин қонун2-уми августи соли 2011 таҳти №762 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳамият набудани волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Агар насли ҷавон дар оила хуб тарбия ёбад ба ақидаҳои ифротии гурўҳҳои ифротӣ , ки аз расонаҳои интернетӣ паҳн мекунандфирефта намешаванд.
Саъйу кӯшишҳои роҳбарияти давлату ҳукумати имрӯза, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба он равона гардидааст, ки фарзандони мо таълиму тарбияи хуб гирифта, чун шахсони комил ба воя расанд. Дар оянда баҳри пешрафту тараққиёти кишвари азизамон – Тоҷикистон камари ҳиммат банданд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро маҳаки асосии фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, ҳамкориро миёни таълимгоҳ, оила ва ҷомеа боз ҳам мустаҳкамтар намоем ва фарзандони худро дар рӯҳияи арзишҳои маънавию ахлоқӣ ба камол расонем.
Сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ