Масоили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Санаи 2-юми декабри соли равон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мусоҳибаи хабарнигори Кимиёи саодат бо Шабнам Худойдодова ҷой карда шудааст, ки он асосан масъалаи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон дарбар гирифтааст. Ш. Худойдодова иброз доштааст, ки дар Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдакон таваҷҷуҳ намешавад, поймол кардани ҳуқуқи инсон торафт бештар гашта истодааст. Инчунин гуфта мешавад, ки дар давлатҳои дигар то ба болиғ расидани кӯдакон аз буҷаи давлат барои онҳо маблағгузорӣ карда мешавад. Аммо ба фикри ӯ дар Тоҷикистон ин масъаларо касе шунидан ҳам немехоҳад. Кӯдакони оилаҳои камбизоат ба талбандагӣ, аробакашӣ, мошин шустан машғул ҳастанд, то як бурида нон ёфта хӯранд.

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки масоили таъмини ҳуқуқи кӯдакон ва умуман инсон имрӯз ҷомеи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз самтҳои асосии кории созмонҳои байнидавлативу ғайридавлатӣ гашта истодааст. Ҳамасола давлатҳо ва созмонҳои байнидавлативу ғайридавлатӣ дар масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар тезонидани ин раванди муҳими ҷаҳонӣ дар канор нест.

Албатта Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло кишвари хеле ҷавон аст ва аз лиҳози таъмини ҳуқуқи инсон (инчунин кӯдак) ба баъзе камбудиҳо дучор гашта истодааст. Лекин ин маънои онро надорад, ки дар кишвари мо ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин карда намешаванд. Гарчанде, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта ҷавон аст, мо тавонистем, ки барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзишҳои волотарини ҷомеа демократӣ ҳастанд, заминаҳои муҳим гузорем. Чунин ҳолат имконият медиҳад, ки мо воқеан ҳам давлати демокративу ҳуқуқбунёд ташкил карда бошем, ки ҳамаи шаҳрвандонро бо имкониятҳои баробар ва зиндагии арзанда таъмин намояд.

Бояд гуфт, ки масъалаи таъмин нашудани ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон, ки дар мусоҳибаи боло зикргардидааст, аз ҳақиқат дур аст. Зеро солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон диққати махсус ба кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дода истодааст. Ҳанӯз санаи 1 июни соли 2011, ки Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки иди кӯдакон «на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд». Баъди ин гуфтаҳо дере нагузашта санаи 2 августи ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имзо карда шуд. Инчунин 18 марти соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ки аз 6 боб ва 50 модда иборат аст, ба имзо расониданд.

Ҳаман тариқ, ҳамаи ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва умуман инсон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда истодааст. Имрӯз Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, мақсади асосиаш фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як инсон аст.

Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки дар расидан ба ин ҳадафи олӣ сарҷамъ шавем ва ояндаи кишвари худро созем.

Холдоров Ойбек- муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии МДТ “Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ