Марг ба тамоми душманони Тоҷикистону тоҷикон!
Имрӯз тамоми воситаҳоиахбори умум аз ҷумла шабакаҳои сомонаҳои интернетӣоид ба сар задани бетартибӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш дармуассисаи ислоҳии 3/2, ки дар он ҷинояткорон хавфнок нигоҳ дошта мешаванд, хабар медиҳанд. Тибқи расонаҳо ҷинояткорони хавфнок, ки ба ҷурми террористу экстремист дар ин зиндон адои ҷазо мекарданд, бо маслиҳати пешакӣ ба афсарони муассиса ҳуҷум карда, боз чанд тани дигар маҳбусонробераҳмона ба қатл расонидаанд.Ин амали ваҳшиёнаи онҳоро ҳамчун амали террористӣ баҳо додан мумкин аст.Ифротгароӣ ва ваҳшонияти ин гурӯҳи террористон то дараҷае расидааст, ки ҳатто дар зиндон ҳамаз роҳи пешакардаи худ пушаймон нашудаанд ва дубораҷинояти сахттарро анҷом доданд. Аз амалҳои ин нобакорон муайян кардан мушкил нест, ки мақсади онҳо фирор кардан аз зиндон буд.Террористон инчунин бо мақсади даҳшат афкандан ва тарсонидани маҳбусони дигар Эшони Қиёмиддин, Махсуми Саттор ва Шейх Темурро ҳам ба қатл расониданд.Ин ҷинояте, ки аз ҷониби гурӯҳи ифротӣ ба амал оварда шуд, то чи андоза бераҳм, ваҳшитинат ва ислоҳнашаванда буданитеррористони ДИИШ-ро бори дигар исбот кард.
Тавре, ки аз ҳабарҳо бармеояд кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни амалиёти худ дуруст рафтор карда, шаҳрвандони кишварроаз таҳдиди ҷинояткорон, ки қасди фирор намудан аз зиндонро доштанд, ҳифз карданд. Бо ин амали худ мақомот ба таври касбӣ амал карда, ба хизмати Ватансодиқ будани худро исбот карданд. Роҳи дигари пахши гурӯҳи ҷинояткорон вуҷуд надошт, зеро онҳо таслим нашуданд бинобар он барои нигоҳ доштани оромии ҷомеаи онҳо безарар гардонида шуданд.
Мақсади ин гурӯҳи нохалафони ҷинояткор як аст ва ин ҳам бошад ба миён овардани нооромӣ дар Тоҷикистон. Мо набояд ба ин гумроҳшудагони зархарид имконият диҳем, ки Ватани маҳбуби моро ба вартаи ҷангу ҷидол ва бетартибиҳо оғӯшта намояд.
Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ