Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд
Баъд аз фош гардидани ҷинояткорию терроризми ТТЭ ҲНИ якчанд нафар роҳбарону масъулони он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурдаанд. Аммо бо вуҷуди ошкор гардидани мақсаду мароми бадхоҳонаашон, аз самти фаъолияти тахрибкорона ва душманӣ варзидан бо ватану миллати худ даст накашидаанд. Аз ҳар фурсату имконияте истифода бурда, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро бадном карданӣ мешаванд.
Ташкил кардани гирдиҳамоӣ дар шаҳри Берлини Олмон амали навбатии иғвогаронаи наҳзатиҳост, ки аз номи ташкилоти ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” анҷом медиҳанд. Дар асл, ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон ягон хел зиндонии сиёсӣ мавҷуд нест. Он маҳбусонеро, ки наҳзатиҳо “зиндонии сиёсӣ” меҳисобанд, ҷинояткорон мебошанд ва баъди исботи гуноҳҳояшон мӯҳлати ҷазои худро адо мекунанд.
Аммо мақсади асосии ташкили гирдиҳамоии наҳзатиҳо он аст, ки худро дар назди ташкилотҳои аврупоӣ ҷабрдидаю бечора нишон диҳанд. Дар назди чунин созмонҳо нишон диҳанд, ки гӯё мавриди таъқибот барои фаъолияти сиёсиашон қарор гирифтаанд, то аз Олмон хориҷашон накунанд.
Дар ташкили роҳпаймоиҳои наҳзатиҳо, ки нуқтаи арши аълои фаъолияти ба ном сиёсиашон мебошад ва бо кӯмаки дастандаркорони хориҷӣ баргузор мегардад, нуктаҳои зерин бояд аз ёд нараванд ва дар шинохти ин ҳизби беаслу бунёд ба инобат гирифта шаванд:
- Девона чу девона бубинад, хушаш ояд. Митинг ва митингбозӣ ҷузъи тафаккури харобкоронаи наҳзат мебошад. Наҳзат дар ҷумҳурӣ калимаи номатлуб, бад ва ғайриқобили қабул аст. Наҳзат оғозгари ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳрикгари қатли оми мардум аст.
- Нахустин гурӯҳҳои ғайримасъули ҷангиро мухолифон дар дохил ва баъдан дар хориҷи кишвар таъсис доданд. Аз ин рӯ, асосгузор ва муассиси гурӯҳҳои масъули мусаллаҳ-наҳзат мебошад. Ин ҳам харобкории бардавоми наҳзатиҳо.
- Ҳаракати «Ансорулло»-ро маккорона ба саҳнаи сиёсӣ оварданд, раҳбаронаш дар дохил чулу чаповул мекаранд ва ин ҳаракати террористӣ чун фишанги нуфуз аз берун, дандони хуношоми худро нишон медод.
- Наҳзат чун ҳунари созандагӣ надорад, тавону зарфияти он ба митингбозӣ мерасад. Шавқи беандозаи наҳзат ба митингбозӣ решаи авлодӣ дорад.
- Пештар падарҳо ин миллатро ба хоку хун кашиданд, ҳоло бачаву духтарҳо доман тар карда истодаанд (номҳо ва авлодҳо маълуманд, як таҳлили муқоисавӣ кунед, ҳама рӯ ба роҳ мешавад, дар бозёбии решаҳои фалсафаи ҷанг);
- Ихтироъкори фалсафаи ҷанг бешаку шубҳа наҳзат мебошад. Миллате ки ободкор буд ва дар фикри созандагӣ, ҳамин муллоҳои сиёсатзада дар вуҷудаш хасми ҳамдигариро бедор карданд. Ҳамчун усули асосии муборизаи қалбакӣ барои роҳпаймоиву тазоҳурот, масъалаи ҳуқуқи инсонро дастак карданӣ ҳастанд, ки роҳи дурӯғ аст.
- Қомати букриро гӯр рост мекунад, рост мегуфтаанд. Ифротгароёни фирорӣ ва шариатмадори Тоҷикистон хилофи амалкарди миллӣ бо доман задан ба зуҳуроти сунъии хурофотӣ, бо ангезахои хоми нимамаҳаллӣ ва васвасавӣ, ҷуръати хиёнатгунае барои такрори иштибоҳи таърихӣ–ташкили митингҳо карданд.
- Ин лағзишҳои наҳзатӣ, тасаввуре дар зеҳни таҳқикгарони воқеиятгарои муқими Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст, ки “Оё боз ҳам саҳви таърихии муллоҳои билетдор бозгашти бемайлони он ба сӯйи таҷрибаи риққатбори митинг ва гуруснанишинӣ такрор меёбад? Ҳаргиз не. Наҳзат чун марази носур дар бадани ин миллат аст, ки ҳар чи зудуда шавад, ҳамон беҳтар аст.
- Ҷойиз ба ёдоварӣ медонем, ки ТТЭ ҲНИ тавонмандии сиёсӣ надорад, митинг созмон диҳад, чун он ташкилоти террористиву экстремистӣ мебошад. Паёмадҳои шарикӣ бо ҲНИ аз лиҳози амалгароии ҳуқуқӣ, ҳам хатарнок аст. Оқибатҳои ҳуқуқии ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ оқибати бад дорад.
Аммо дер нест он рӯзе ки олмониҳо ва дигар аврупоиҳо ҳам аз мақсаду маром ва нақшаҳои хабисонаи наҳзатиҳо хубтар огоҳ мегардаднд. Он гоҳ аҳволи ин ҷинояткорони хоини ватан табоҳ хоҳад шуд. Мақомоти Олмон ва кишварҳои дигари Аврупоро зарур аст, ки хатари ин гуруҳи табоҳкорро дурусттар дарк намоянд ва барои дастгир кардану ба ҷавобгарӣ кашиданашон мусоидат намоянд. Дар акси ҳол як рӯз не як рӯз дар Аврупо ҳам бадии наҳзатиҳо ба мардум мерасад.
Мутмаин ҳастем, ки кулли тоҷикистониҳо бо чеҳраи аслии ТТЭ ҲНИ шиносанд ва ҳаргиз ба ҷамъомади ҷинояткоронаи онҳо намепайванданд.
Шарипова М.З. – дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров