Мақсади гирдиҳамоӣ ихтилофангезист

Мо мардуми сарбаланди тоҷик дар масири таърих чун меросбари илму хиради воло ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ном баровардаву бо бузургмардони миллати хеш ҷаҳоношно гардидаем. Аммо фазилати дигар он аст, ки бояд симои воқеии миллӣ, яъне тоҷики тоҷдор буданро ҳамеша ҳифз дорем ва ба пасовандони миллат онро чун мероси ниёгон биспорем.

Ҳар як фарди бонангу ор ва ҳушманди тоҷик, ки имрӯз дар фазои ободу осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тӯли 27 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад, хуб дарк хоҳад кард, киихтилофангезиву дасисабозиҳои нерӯҳои мухолифини тоҷик барои дубора ба гумроҳӣ бурдани мардуми мо равона карда шудааст. Ин нерӯҳо алайҳи нерӯҳои созандаи кишвар мехоҳанд халқу миллатро боз ҳам ба ҷангу хунрезӣ бикашанд. Мутаассифона, дар ин замонаи бархӯрди тамаддунҳо ва асри рушди технологӣ фазои муносибе барои душманони инсоният ва арзишҳои волои инсонӣ, аз ҷумла арзишҳои миллии мо фаро расида, ки бо истифода аз расонаҳои хабарӣ ва васоити дигари иттилоот амалиёти муғризонаи худро ҳар чӣ бештар мехоҳанд роҳандозӣ намоянд ва мардумро ба парешониву нифоқ ва низову талош оваранд. Ин гуна амалиёти гурӯҳҳои нохалаф ва моҷароангез ҳар навбат бо сурати дигар зоҳир мешавад,

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълом дошта буд, ки санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ гирдиҳамоии бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор намуда, аз мақомоти Тоҷикистон дархост намудааст, то фавран дархости Кумитаи Созмони Милали Муттаҳидро дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав”, собиқ вазири саноат – Зайд саидов, муовини роҳбари собиқ ҳизби террористӣ эълонгардидаи Наҳазати исломии Тоҷикистон – Муҳаммадалӣ Ҳаит, вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абад маҳкуми зиндон шудаанд, ҷавоб гӯяд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон нуктаи басо ғайримунсифона он аст, ки онҳо аз шарикони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо дархост намудаанд, то кӯмакҳои молии худро, ки ба хотири таҳкими демократия ва амнияти кишвар ба мардуми Тоҷикистон қисмат кардаанд, қатъ созанд, зеро ин маблағҳо дар саркӯбии озодандешони кишвар масраф мешаванд.

Ин гуна андешаҳо ва ё даъватҳое, ки кумитаи мазкур иброз доштааст, мо мардуми ватанхоҳу ватандори Тоҷикистонро бетараф ва дар канор гузошта наметавонад. Дар ҳоле, ки ҳазорон нақшаҳои ободиву озодии ин Ватан ва ин халқу миллат амалӣ гардидаанд ва Тоҷикистон сол то сол дар ҳар самту соҳа рушд дорад, ин гуна чирк ҷустанҳо аз гиребон ҳеҷ суде нахоҳад дошт.

Ҳар инсони соҳибхирад хуб медонад ва дарк хоҳад кард, ки ин даъват сарчашмаи ихтилофангезӣ ва нооромии на танҳо тоҷикони муқими кишвар, балки тамоми тоҷикони дунё хоҳад шуд. Зеро даъвати КШКГЗСТ ба гирдиҳамоӣ на танҳо аз мардуми Тоҷикистон, балки аз тоҷикистониёни муқими Аврупо, ҳизбу ҷунбишҳо ва алақамандон ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон низ ба амал оварда шудааст. Ин амали кумитаро метавон як фитна ва ё амалиёти иғвогаронаю нотавонбинонаи мухолифони тоҷик донист. Мусаллам аст, ки паёмадҳои нохуш ва зарарҳои фитна аз хунрезиву куштор низ бештару вазнинтар хоҳад буд. Пас, ин амалиёти фитнаангезро як ҳилаи дигари нооромсозии фазои кишвар, барҳам додани иттиҳоду иттифоқи мардуми шарифи Тоҷикистон метавон ном гирифт. Азбаски сисилаи чорабиниҳои сиёсӣ (Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ) ва ба истифода додани чархи аввали НОБ-и Роғун дар Тоҷикистон мардуми шарафманди онро дар рӯҳияи идона ва боландагиву ифтихор аз халқу Ватан медошт, кӯтаҳназарон ва нотавонбинони миллатро наметавонист ором гузорад. Даъват ба гирдиҳамоӣ гунаи дигари изҳори ҳамин гуна парешонӣ ва ноором сохтани фазои осуда ва ободи Тоҷикистон аст.

Хушбахтона, бо сари баланд метавон гуфт, ки имрӯз иттиҳод ва ягонагии мардуми шарифи Тоҷикистонро дигар пароканда кардан суде надорад, зеро ҳар фарди бонангу ори он ба худ аз забони бузургвор устод Лоиқ мегӯяд:

Дар раҳи фардои миллат камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,

Аз фурӯғи рӯзи миллат, бемуҳобо, хонаи душман бисӯзад.

Қорихонов С. О.

муаллими кафедраи

сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ