Мақсадашон чун рўз рашван аст
Истифода намудани марги як нафар ба хотири манфиат ва ғаразҳои шахсӣ худ ин нишонаи пастфитратӣ ва заифӣ аст. Ҳарчанд даъвои нафарони иғвоангезро, ки марги Файзинисо Воҳидова табиӣ набуд, ҳамсари марҳум тариқи расонаҳои иттилоотӣ рад намуд, вале сару садо дар атрофи ин мавзўъ ҳанўз ҳам хомўш нашудааст. Аз шустани «устухони майит» чӣ манфиате мебардоранд? Мақсадашон чун рўз рашван аст – барагехтани оташи низоъ миёни ҷомеа аст. Ин нафарон мехоҳанд ба марги табиии инсон оҳанги сиёсӣ дода, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сиёҳ намоянд ва бо ин роҳ садоқати худро дар назди хоҷагони хориҷиашон нишон диҳанд. Далериву ҳақталошииФайзинисо Воҳидоваро истифода намуда, баъзе гурўҳҳо мехостанд ўро барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Вале ў ҳамчун ҳуқуқшинос фаъолияти худро дар доираи қонун идома медоду аз доми макру фиреби гурўҳҳои ҳангоматалабу манфиатхоҳ дур буд.
Таъсис додани “Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова” ҳангомаҳои нави беасос ва муғризонаи Кабирӣ мебошад. Зеро ҳаёти ӯ бе найрангу дасисабозиҳо маъное надорад, инро мардуми ҳушёри тоҷик хуб медонад.
Изҳороти устодони факултети санъат