Мақоми зиёиён дар таъмини амнияти миллӣ
Саидов С., Баракаева Н.
Бисёр хушоянд аст,ки имрӯз ҷомеа хоса зиёиёни кишвар дар партави нишондод ва сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати амнияту осудагии кишвар,оромиву бехатарии он, зиндагии босуботу бомаром таваҷҷӯҳ доанд ва дар ин ҷода ҳам боқалам ҳам бо тарғиб ва муҳимтар аз ин боамалҳои некашон заҳматҳои фаровоне мекашанд. Махсусан баргузор намудани конфронс, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмиву адабӣниз аз ташаббусҳоихуби аҳли зиё аст, ки он метавонад таваҷҷӯҳи ҷомеаро бори дигар ба амнияти миллату бехатарии кишвар равона намояд,роҳу равиш ва ҷараёнҳои минбаъдаи фаъолияти ҷомеаро барои пешгирии хавфу хатарҳои ноором кардани Ватани азизамон баён созад. Зеро имруз аз назари илмӣ баҳогузорӣ кардан ба вазъи ноороми ҷаҳон, дарси таҷриба андӯхтан аз ихтилофҳои мазҳабиви динӣ ва марзиву бумӣ, ки муттассифона ҳам олами Шарқва ҳам олами Ғарбро фаро гирифтаст аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Мавриди баҳсу қароргирифтани масъалаиилм ва амнияти миллӣ аз ҷониби муҳаққиқи тоҷик, дотори илмҳои сиёсатшиносӣ, Саймумин Ятимов тавассути расонаҳои иттилоотӣ вокуниши пурбореро аз ҷониби аҳли илм ва зиёиёни мамлакат рӯикор овард,ин аз муҳимияти масъала дар шароити муосирдарак медиҳад ва қабулударки дурусти он азтарафи олимон ва муҳаққиқон ифодагарии эҷоди ҳамдиливу ҳаммасллакӣ дар ҷомеа барои ҳифзи амнияти кишвар ва оромии он мебошад.
Бале таърих китобест, ки дар он воқеаҳои рухдодаи олам сабт мешавад ва хушбахт ҳамон миллат аст,киаз он сабақ мебардорад.Дар ин китоб чи воқеаҳои таърихии пешин ва чи ҳодисаҳои начандон дур арзиш дорад ва мо бояд онро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем. Пешвои миллат соли равон дар суханронии худ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон нкутаеро зикр карданд,ки он бояд ба хотири оромии ишвар ва амнияти миллат ҳамеша дар назар мо қарор дошта бошад. Аз ҷумла Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ зикр карданд:“ Кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда,хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандагии миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд.Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.”
Ин гуфтаи Пешвои миллат аз як ҷониб ба мо аз таърихи талхи начандон дури мамлакат хабар диҳад, аз ҷониби дигар он ҳушдорест бароиҳамватанон,ки набоядиштбоҳеро ,ки як бор моро сарсону бехонумон кард такрор намоем.Аз ин гузашта ба воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-ум баҳои илмӣ диҳем ва хулосаҳои дуруст барорем. Ин аст,ки дар мақолаи “Илм ва амният” муаллифи он дуруст зикр мекунад, ки донишҳои таърихӣ, илму дониш сабабгори пешрафту таҳаввулотиинсон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт мебошад. Дар иртибот ба инамнияти миллӣ низ вобастаи сатҳу дараҷаи илми мавҷуда мебошад.
Масъалаи пайванди илму амнияти миллӣ дар замони муосир доманаву шиддати бештаре пайдо мекунад, ки инба раванди умуми ҷаҳонӣ ва падидаҳое, ки дар дунё ба вуқӯъ мепайванданд иртибот дорад. Ин ҷо овардан фикри олими маъруф Томасс Гобс, ки дар мақола зир ёфтааст айни матлаб аст: ”Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад ғайри маҷоз аст”. Аз ин рӯ мо бояд дарк намоем, ки муқаддастар ва муҳимтар дар давлатдорӣ аз таъмини амнияти он нест ва дар ин ҷода ҳамдастиву ҳамкории ҷомеа махсусан аҳли зиё ва равшанфикрон зарур аст. Агар мо аз ҳамин чашмандоз яъне бо назардошти сабақҳои таърихӣ ва донишҳои илмӣ ба вазъи амнияти кишвару миллат назар андозем давлату ҳукумат ва мардум барои бартараф кардани хатарҳои зиёди маҳви миллату давлат ва шикасти сохтори давлатӣ чи қадар саддҳо ва душвориҳоро аз сар гузаронид.
Кӯшишҳои зиёди душманони дохиливу берунӣ, зери ниқоби дини ислом қарор доштанд ва мехостанд Ватани азизи моро ба харобазор табдил диҳанд. Ин қувваи аҳриманӣ зери ниқоби Ҳизби Назҳати ислом таи солҳои тӯлонӣ нақшаи забти давлат ва тағйир додани сохтори давлатӣ ва кашидани мардум ба усули зиндагии асримиёнагиро бо худ дошт ва ҳар лаҳза интизор буд,ки ин нияти нопоки худро амалӣ созад. ҲНИ дар баробари ҳомиву пуштибони ҳаракату ҳизбҳои экстримистӣ аз қабили “Ҳизби таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Ҷундуллоҳ” “Ҷараёни Салафия”, “ДИИШ” будан, худ низ як ҳизби экстримистӣ ва терористӣ ба ҳисоб меравад,ки инро бо амалаш собит кард.ҲНИ ниҳоят маккорона амал намуда, супоришҳои аз хоҷагони хориҷии худ гирифтаашро дар қаламрави Тоҷикистон тавассути созмону ҷамъиятҳои дар боло зикр шуда амал менамуд.Махсусан дар мавриди ҷараёни “Салафия”метавон гуфт,ки аъзоён ва роҳбарони ҲНИ пурра ин ташкилотро дастгирӣ намудаяк муддат дар ба вуҷуд овардани ихтлофот байни мусулмонони кишвар ба вуҷудовард. Омилҳои шомилшави ҷавонон ба равияи “салафия” асосан аз ҷониби пешвоён ва пайравони ин ҷараён бо тариқи таблиғ ва тарғиб ба вуҷуд меомад,и ин ба принсип ва усули корбарии ҲНИ мувофиқ буд.Боиси зикр аст,ки ҳадафи ин ҷараён сиёсикунонии дин мебошад ва ин низ ба мақсади роҳбарияти ҲНИ созгор буда , заминае ба қатлу ғорат, буғзу адоват ва ҷудоиандозӣба ҳисоб мерафт.Ҷараёни салафия, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ ва террористӣ шинохта шудааст ба аҳли суннат ва ҷамоат хусусан ба мазҳаби имоми Аъзам мухолифатҳои зиёд дорад,дарасоси таълимоти ҳанбалия дар асри XIV бо афкори Ибни Таймия ба вуҷуд омад ва дар асри XVIII бо саъю кӯшиши Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ба ҷараёни “Ваҳҳобия” табдил ёфт ва аз соли 1920 дар Арабистони Саудӣҳамчун равияи озоди динӣ тарғиб ва дар афкору аъмоли динӣ татбиқ карда мешавад.Ҷараёни салафия ягон мазҳабро эътироф намекунад ва иҷмоъу қиёсро бидъат меҳисобад. Бо ин тафаккури нодуруст онҳодар Тоҷикистон аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва баъзе шаҳру ноҳияҳо ҷавононро фиреб намуда ба ғояҳои экстремистӣ тарғиб менамуданд. Хусусан дар шаҳри Хуҷанд ҷавононе, ки худро салафӣ мешумориданд аксар аз илми арабӣ бехабар буданд, ягон масъалаи шаръиро баён карда наметавонистанд, аммо кӯр-кӯрона ҳама чизро бидъат шуморида, ҳатто меҳроби масҷиди Бобораҳим-оқсақоли шаҳри Хуҷандро нест карда, даъво карданд, ки дар замони Пайғамбар чунин набуд. Рӯирост мӯйсафедонро аз даромадан ба масҷид манъ намуданд. Ана ҳамин вазъият ба роҳбарияти ҲНИ қобили қабул буд,ва онро ҳамчун як дастгоҳипурқуввати таблиғотӣ ба кор мебурданд. Ҳатто махсус эълом медоштанд,ки салафиҳо ба сиёсат кордор нестанд, вале таърих гувоҳ аст,ки соли 2011 вақто, ки нооромиҳо дар Либия сар шуд аввалин шуда “Салафиҳо” даст ба силоҳи оташфишон зада, мардуми одиро ба қатл расонида, соҳиби қудрат шуданд. Акнун тасаввур кунед,ки агар ин ҷараёни аҳриманиро дар қаламравӣ мамлакат манъ намеарданд чи вазъеро мо метавонистем интизор шавем.Аммо бо таассуф метавон гуфт, ки бо вуҷуди корҳои зиёд, ҳоло ҳам дар ақидаи баъзеҳо таълимоти “салафия” вуҷуд дораду пурра аз байн нарафатааст. Дар ин маврид набояд ҷомеа бетараф бошад. Махсусан аҳли зиё .Дар миёни мардум оид ба арзишҳои дунявиву динӣ, афзалияти мазҳаби ҳанафӣ ва хатари ақидаҳои ихтилофангез аз ҷумла, хатари ҷараёни салафияро бо далелу ҳуҷҷат баён намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро кори доимии худ шуморанд. Имрӯз дар Тоҷиистон мазҳаби ҳанафия қобили қабул дониста шудааст ва мавҷудияти ғайри ин мазҳаб моро ба нестӣ ва нобудӣ мебарад.Зеро дар ин маврид ихтилофи ақида оқибати нек надорад.
Ин ҷо эътибор додан ба як масъалаи муҳим айни матлаб аст. Ҳадафи аслии ҲНИ сохтани давлати исломӣ буд ва дар ин ҷода аз ҳамаиимкониятҳо ва дастгоҳҳои мавҷуда истифода мекард.Барои ин ҳизб муҳим набуд,ки ин ё он ҷараёни таҳмил шуда ба Тоҷикистон суд меорад ё зарар.Муҳим ин буд,ки мутобиқи ҳадафи онҳо истифода бурда шавад. Қабл аз ҷараёни салафия такягоҳи ин ҳизби козиб ҳизби таҳрир буд,ки чи қадар нооромиҳоро дар ҷомеа эҷод кард.Ҳарчанд аз соли 2001 дар Тоҷикистон манӯъ гардид вале он пинҳонӣ амал мекард нашри адабиёти таблиғкунандаи он ғайриқонунӣ идома мекард. Расман собит шудааст,ки садҳо аъзоёни Ҳизби таҳрир узви ҲНИ буданд. Яъне ин ҷо низ ҲНИ, ки ҳадафашсарнагункарданинизоми демократии кишвар ба ҳисоб мерафт дар ҳизби таҳрир рисолати хешро дарёфт кард. Иртиботи ин ду ҳизби экстримистӣ ба вазнин шудани вазъи сиёсии мамлакат овард ва дар ин ҷо низ давлат ва қуввҳои солими кишвар тавонистанд пеши роҳи фалокатро бигиранд..Яъне нахуст ҳизби таҳрир сониян ҷараёни салафия такягоҳи ин ҳизб маҳсуб мешуд.Вале макорона кулли амалҳои носавобашро дар паси пардаиҳамоқат пинҳон медошт . Минбаъд ҷараёни “Таблиғ”,”Ансоруллоҳ” ва ниҳоят ДИИШ ҳамкору ҳаммаслак, пуштибону саробони ҲНИ гардид. Чун мавзуи имрӯзаи мо “Илм ва амнияти миллӣ “ мебошад метавон ба фаъолияти ҲНИТ аз назари илмӣ баҳо дод ва аз нақша ва дурнамои мавҷудияти он хулосабарорӣ кард. Зеро воқеаҳои соли 2015 ки бо иштироки генерал Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода ба вуқӯъ пайваст аз он шаҳодат медиҳад,ки ин ҳизб мехост ба ҳадафи ниҳоии худ бирасад вале дар инҷо ҳам нерӯҳои солим ғолиб омад.
Дар мақолаи Саймумин Ятимов мехонем: Вазъи имрӯзаи олам, минтақа мураккаб аст. Масъалаи аслӣ – таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад.
Дар маркази баҳс масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амниятмеистад. Ин мавзӯи дараҷаи аввал маҳсуб мегардад. Ҳар нафаре, ки қудрати фикри солимро дорад, намехоҳад "чеҳра ба гиря бишӯяд ва оҳанги рақс аз оҳу нола биҷӯяд" Ин маънии онро дорад, ки мо имрӯз низ набояд бетараф ва бе парво бошем. Зеро хатари таъсири қувваҳои аҳриманӣ ба Осиёи марказӣ мавҷуд аст ва Тоҷикистон низ дар ин самт бояд мақеъ ва назари худро дар мавриди ҳифзи марзу бум ва амнияту осоиштагии хешро дошта бошад. Мо бояд донем, ки “хатарҳо ва душманиҳое ки зидди осудагии як миллат, тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ёбе тартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи даст андар корони ҳамингуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳ-андозӣ мегарданд.”Аз ин рӯ амнияти дохилии кишвар, сулҳу субот, ҳамфикриву ҳаммаромӣ, дӯстиву рафоқат, дастгирии сиёсати ҳукумату давлат аз муҳимтарин дороиҳои ҷомеаи имрӯза бояд бошад. Махсусан барои аз байн бурдани хурофотпарастӣ, боварии мардум ба ашхоси чаласаводи муллонамо,ки гуё маълумоти динӣ медиҳанд вазифаи аҳли зиё ва донишмандон аст. Имрӯз ба ҳар падидаи нек ё зуҳуроти номатлуб бояд аз назари илмӣ баҳо дод то иштибоҳҳои солҳои наваддум такрор нагардад. Дар ин маврид пешниҳод,лоиҳаҳо,дастуру китоб ва муҳимтар аз ҳама мавқеи олимону донишмандон умуман зиёиён муҳим аст.Танҳо дар заминаи ҳамдастиву ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ мо метавонем дар амнияти миллату кишвар саҳм гузошта бошем.
Адабиёт:
1.Рахмонов А.С. Современные проблемы безопасности в Республике Таджикистан и в Центральной Азии//Монография. —Душанбе, 2013.- С.14-48.
2.Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ ба муносибати Истиқлолияти давлатӣ, 9 сентябри соли 2017
3. Ятимов, Таҳлили стратегӣ ва ояндабинии сиёсӣ. – Душанбе, 2015. 4.Ятимов С. Илм ва амният. // “Ҷумҳурият”, 30 майи соли 2017.