Манъи ҳиҷоб ва ҳиҷобгирӣ дар шароити дунявият

Имрўзҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он оид ба ҳиҷобу ҳиҷобпўшӣ ва манъи ҳиҷоб баҳсҳои мухталиф сурат мегиранд ва ин баҳсҳо мисли ин ки дигар барои ҷомеаи имрўзи мо масъалаи мубраме вуҷуд надошта бошад, хеле баланду боло мераванд, ки ба дарку фаҳмишҳои гуногун такя доранд. Ин фаҳмишҳо то куҷо ба аслу воқеият наздикӣ доранд? Дар шабакаи иҷтимоии Паём.нет тасмими мақомоти олии Тоҷикистон дар заминаи қабули қонун оид ба манъи вуруди занону духтарон бо сатру ҳиҷоб ба идораҳои давлативу хусусӣ шадидан интиқод шудааст. Аз ҷумла, дастандаркорон кўшиш ба харҷ додаанд, ки ин амалро ба таври ғайриобективӣ ҳамчун «нахустин иқдоми аз роҳи қонун маҳдуд кардани пӯшидани рӯсариву ҳиҷоб дар Тоҷикистон», амали нотакрору бесобиқаи «зиддиконститутсионӣ, зиддидинӣ ва зиддимардумӣ», «таҳқири сарсарии ҳадди ақал ними занони тоҷик ва дастдарозӣ ба номуси мардони кишвар» ба шумор оранд, ки гўё «номардумитар аз ин қонун то ҳол дар кишвар қабул нашуда» будааст.

Аз ин нуқтаи назар дар ин мубоҳисаву мунозира тарҳи аслии қазия хеле муаммоангез боқӣ мемонад. Мо бояд бубинем, ки ин баҳс то чӣ ҳад ба сатҳи фаҳмиш ва менталитети миллии тоҷикон мувофиқу муносиб аст ва мубоҳисон то чӣ андоза доираи диққати қишрҳои мухталифи ҷомеа ба ин ваҳму воҳимаҳо кашиданӣ шудаанд. Баҳсҳо бар ин бовар вомедоранд, ки то ҳадде мумкин ва зарурӣ аз фикри ихтилофандозони имрўз дар масъалаи ба ангеза овардани раъйи мардум оид ба ҳиҷоб дурӣ ҷўем! Ба назари муносиби ҷомеа бояд дар кишвари мо ҳар амал тибқи ниёзҳову тақозои қонунҳои дохилии зисту зиндагии он ва бо назардошти таърихи анъанаву русуми миллӣ, аз ҳама муҳим, аз диди менталитети хоси тоҷикӣ мавриди гуфтугў ва татбиқ қарор гирад. Мухолифин дар ин замина чӣ роҳеро ба сар гирифтанӣ шуда, чӣ тарҳҳои ҳукуматиро интиқод карда ва аз чӣ рўйдодҳо бонги хатар заданианд? Тасаввур кунед, мунтақидон пазириши қонуни зидди ҳиҷобро дар Тоҷикистон манфиати шахсӣ ва ё амале муассир ба раванди иқтисоди кишвар ба қалам оварда, ин амалро маънии рўсиёҳи абад шудани имрўзиён ва ҳукуматиён дар назди Худову бандагонаш маънидод мекунанд. Охир чаро напазирем, ки дар давлати имрўзи мо бадар кардани ҳиҷоб аз сари зан зимни ворид шудан ба муассисаҳо ба табиати давлати дунявӣ хос мебошад ва инро таҳқири сахт шуморидан ба занону мардони хонавода аз фикри норасову ғайрисолим маншаъ мегирад. Фикр кунед, агар ин шахсон худашонро таҳқиршуда ҳисобанд, инро ҳаргиз бастагие ба нодурустии муносибати ҳукумат ба масъала шуморидан раво нест. Касе ки ба хотири манъи ҳиҷоб худро таҳқиршуда меҳисобад ва тарки ватан мекунад, на ба манфиати кишвар ҳаст, на ба манфиати шахсии инсон, на посух ба менталитети миллӣ. Аз ин рў, амали мазкурро боиси мавҷи нави муҳоҷират ба шумор овардан маънии аз нав ангеза додани мардум ба сўйи ноамнию ноосоиштагӣ дораду халос.

Ҳадафи аслӣ аз назари усулӣ пешгирии ифротгароӣ дар ҷомеа аст, агар ин нигарониро дар робита ба ҳиҷобпўшии занон ба андеша гирем, мақсади аслӣ пешгирии андешаи ифротӣ ва ифротгароии ҳиҷобпўшон мебошад. Чун дар кишвари тоҷикон масъалаи мубориза бо экстремизми сиёсиву динӣ ба қазияи рақами як табдил ёфтааст, манъи ҳиҷобпўшӣ ҳам бо ин амр хоҳу нохоҳ бастагии комиле пайдо мекунад. Давлат ба ҳиҷоб бо мақсади мубориза бо экстремизми динӣ мухолифат дорад. Амнияти давлат шояд хуб собит кардааст, ки дар паси ҳиҷобпўшии аксари занону духтарон амри харобкориву ғайрандешии сиёсиву иҷтимоӣ низ нуҳуфта буда метавонад. Албатта андешаи носолими сиёсӣ дар ғайриҳиҷобиён низ ҳаст, аммо давлати мо бо мубориза бар зидди ҳиҷобу ҳиҷобиён аввал аз ҳама барои ҳамвор кардани андешаву афкори носолими ҷомеа қадами собит гузоштанист, ки хеле муҳим мебошад. Аз ин ҷиҳат, фикр мекунам, албатта ниҳодҳои давлати мо ба ин нукта хуб сар фаро овардаанд, ки ҳиҷоб дар гузашта ҷузъи фарҳанги исломӣ буда, аммо барои тоҷикон ин навъ либос аз лузумоти фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад. Ин андеша ҳаргиз арзиши фарҳанг ва тамаддуни арабиро, ки асрҳои аср мағзу қишри фарҳанги моро дар бар гирифтааст, инкор нахоҳад кард.

Дар анъанаи миллии мо либосҳое тоҷикидўхт ва тоҷикшинаме чун чакан, атлас ва рӯймол бо рамзу намоди хоси худашон ҷойгоҳи матлубу назаррасе ба даст оварда, дар зебоишиносии миллии мо нақши муассир гузоштаанд. Ин шеваи хоси рўйнамоии миллӣ воқеан ҳам дар зебо ва рангин кардани намуди духтар ё зани тоҷик нақши зарҳалину мондагоре дошта, ононро воқеан ҳам зебову тоҷикона ба намоиш овардаанд ва ба арзишҳои сирф миллӣ ҷавобгўанд.

Чун аз диди назарӣ давлати мо аз дин ҷудост ва дунявият нишонаи асосии ҳастии миллати тоҷик шинохта шудааст, хуб суоле сар мезанад, ки чаро бояд дар сари қазияҳое чун ҳиҷобу ҳиҷобпўшӣ баҳсу мунозираи заруру нозарур ба миён оварем. Аз диди мо, кулияи мушкилоти ҷомеаро бо ҳиҷоб мунҳасир гардонидани талошгарони имрўз ва оростани баҳсу мунозираи беҳуда дар ин замина комилан ба манфиати пешрафтҳои мо дар замони имрўз ва фардо нахоҳад буд...

Аксари мардуми нохубандеш баҳси ҳиҷобро кори муфид барои аҳли ҷомеа мешуморанд ва онро ба урёнгардии аврупоӣ муқобил мегузоранд. Албатта мо урёнгароии аврупоиро комилан мақбул намедонем, лекин баъзан дар паси ҳиҷобу ҳиҷобпўшӣ низ розҳое нохубу дилрешгарона низ нуҳуфтаанд, ки ростӣ шояд бархе аз либоспўшии аврупоии занони тоҷик онро надорад. Ба ин нукта хуб таваҷҷўҳ мекунем: Либоспўшии аврупоӣ на ҳамеша бараҳнагӣ аст!!! Бояд дид, ки дар таърихи дирўзу имрўзи мо баҳрамандӣ аз шеваи матлуби пўшиши аврупоӣ аз ҷониби бисёр занони тоҷик дар ниҳояти назокат ва одобу ахлоқи ҳасана анҷом пазируфтааст. Теъдоди зиёди занони элитаи тоҷикро метавон ном гирифт, ки ҳам дар даврони шўравӣ ва ҳам дар замони истиқлолият баҳрамандии хос аз шеваи пўшиши аврупоиву русӣ дошта ва онҳо ин таҷрибаи якдастро бо назардошти назокати миллии тоҷикӣ, дар ниҳояти нигаҳдошти одобу ахлоқи миллӣ пайгирӣ мекарданд. Ягон кас ба дараҷаи одобу ахлоқи ин гуна занон шубҳа накарда ва онҳо дар тарбияи насҳои мухталифи ҷомеа нақши зарҳалин гузоштаанд.

Аз ин нуқтаи назар мафқуд шудани ҳиҷобпўшӣ дар ҷомеаи тоҷикро ҳаргиз ба бараҳнагардии беназокату бенизоми аврупоӣ ва ҷорӣ шудани фарҳанги номатлуби аврупоӣ омехта кард, ки воқеан бархе аз занону духтарон дар ин роҳ расвои ҷаҳон шуданд. Аз ин рў, фуқдони ҳиҷоб ва рўй овардан ба либоси воқеан миллӣ маънии нигаҳдории асолати қавмии моро дораду бас. Аммо ҳиҷоб на назокати миллӣ дорад ва на миллияти тоҷикиро намояндагӣ мекунад.

Мо – тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пўшиши миллии худ, амри либоспўшии миллии тоҷикиро дорем, ки бар пояи назокатшиносии асли тоҷиконаи худамон такя мекунад, аз ин рў, ногузир бояд аз он арзишҳо ҷонибдорӣ намоем.

Либоспўшии тоҷикӣ бо такя ба назокати хоси матлуб моро дар роҳи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад, ки онро ҳаргиз наметавон мавриди интиқоди яксўнигарона қарор дод. Ба назари мо, каммаърифатӣ ва бебаҳрагӣ аз таърих ва фарҳанги милливу қавмӣ ва башарӣ имкон намедиҳад, ки дар ин роҳ мўйро аз хамир ҷудо намоем.

Субҳони Аъзамзод – мудири кафедраи

адабиёти муосири тоҷики донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ