Манфиатҳои иқтисодӣ ва амалҳои коррупсионии ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон.
Дар ҷамъияти муосир гуруҳҳое мавҷуданд, ки бо роҳи паҳн кардани дурўғ ва роҳгум намудани мардум кўшиш ба харҷ дода, дар фазои маҷозӣ дар тафаккури одамон таъсир карда, афкори пучу хурофотзадаи худро ба сари халқ бор мекунанд. Яке аз намунаҳои чунин собиқ роҳбарону масъулони ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мебошанд, ки дар баромадҳои ифротии худ фаъолияти иғвогарона доранд.
Аксари чунин одамон то дараҷае беору номусанд, ки ҷиноятҳои зиёдро анҷом дода, бо оғоз кардани ҷанги дохилӣ зери хатар гузоштани ҳастии давлату миллатро таъмин месозанд. Дар ҷомеаи имрўзаи ҷаҳонӣ таҷрибае вуҷуд надорад, ки ҳизбҳои сиёсии аз диди диниву мазҳабӣ баромадкунанда миллатеро шукуфон гардонида бошанд, зеро онҳо пешрафту дастовардҳои ҷаҳони имрўзаи инсониро таъмин ва инъикос намуда наметавонад.
Аз ин сабаб, дар ҳар як кишвари низоми сиёсиаш динӣ сухан кардан аз озодиву демократия ва таъмини ҳуқуқҳои инсон ғайриимкон аст. Таърих гувоҳ аст, ки дар низомҳои сиёсии динӣ дигарандешӣ, озодандешӣ, озодаандешӣ, баробарҳуқуқии ҷинсӣ тамоман вуҷуд надорад. Хушунат, вопасгароӣ, беҳуқуқӣ, бардагардонӣ ва таҳқири озодии инсон хоси ин гуна кишварҳою низомҳост.
Худро бечора гирифтан, мазлум нишон додан, ҳама барои расидан ба мақсади нопок барои сарварони ин гуруҳи террористӣ муҳим аст, зеро чуноне, ки далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, бераҳмтарин ва ваҳшонияттарин кушторҳо аз тарафи онҳое ба анҷом расидааст, ки худро ҳомии дину мазҳаб мепиндоштанд ва аз боварии мардум суиистифода мебурданд. Вақте чунин инсонҳо роҷеъ ба миллат сухан мекунанд, тамоми гуфтаҳои эшон дурӯғ аст, чунки барои ин тоифа фаҳмиши миллате вуҷуд надорад, ки ҳамқадами ҷаҳони муосир бошад.
Ба ин шахсон дин ва бовариву эътиқоди мардум як навъ тиҷорат аст ва аз ин сабаб, боке нест, ки онҳоро дӯкондорони дин биномем. Барои онҳо миллат, бовариву эътиқодаш ва манфиатҳои фардиаш мебошад. Вақте, ки онҳо дар хусуси деморатия ва ҳуқуқи башар сухан мекунанд, боз ҳам дурӯғгӯӣ ва мардумфиребӣ мекунанд, зеро ин чунин одамон бо чунин тафаккури террористӣ пайгирӣ ҳукуматҳои истибдодианд ва асосу чорчӯбаҳои низоми сиёсии динӣ тағйирнопазиранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба мардумдӯстию арҷ гузоштан ва ҳуқуқи башар оварда намерасонанд.
Маҳз аз ҳамин сабаб, аз ҳуқуқи башар сухан кардани сарварони ин гуруҳи террористӣ ба худро ба нодонӣ задани ҷомеаи ҷаҳонист. Ришу дасторро ба як сӯ монда, галстуку шиму костюм дар бар кардани Муҳиддин Кабирӣ як навъ фиребгарист, зеро бо ин намуди зоҳирии худ ӯ ба як инсони замонавӣ шабеҳият пайдо карданро мехоҳад. Агар чунин инсон ба сари давлату қудрат ояд, амалҳояш бар зидди суханонаш баромад мекунанду дар ҷавоб ӯ хоҳад гуфт, ки он замон ба хотири дину оин ҳамаи ин амалҳояшро равона карда буд.
Ҳамин тариқ, даъвоҳое, ки аз тарафи фирориёни ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар перомуни демократия, адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи башар роҳандозӣ мегарданд,аз фиреби назар бештар нест. Бо ин роҳ онҳо инсонҳои зудбоварро ба худ бовар моил намуда, на ба манфиатҳои миллӣ, балки манфиатҳои ҳомии манофеи хоҷагони хориҷии худ мебошанд.
Ибрагимова Р.А. н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ