Манъ кардани болоравии истифодаи интернет боз як сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст !!!

Паи чанд рӯзи охир доир ба боло рафтани нархи истифодабарии алоқаҳои мобилӣ ва интернет сару садоҳои зиёдеро дар байни мардум ба вуҷуд овард.Садҳо нафар истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ ва интернет бо навиштани посту шарҳэътирози худро баён намуданд.

Мардуми кишвар боварии комил дошт, ки ба ин доди онҳо танҳо сарвари кишвар расида метавонанду халос. Бинобар ин тариқи навиштани фикру ақидаҳои худ ба сарвари кишвар муроҷиат менамуданд.

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмоннархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳоимобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Инғамхории навбатии сарвари кишвар нисбат ба мардум, алалхусус ҷавонон аст. Минбаъд ҳар як фарди тоҷик бояд аз сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ самаранок истифода намуда,дар ба амал баровардани сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар саҳмгузор бошанд.

Мо имрӯз аз он меболем, ки чунин як сарвари хирадманду дӯстодори халқу миллати хешро дорем!!!

Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ