Мактаби ваҳдатофари Пешвои миллат
Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавќулодаи худ бо Эъломияи истиќлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон бо таври расмӣ истиќлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.
Эмомалӣ Раҳмон
Соли 2019 мардуми сулҳпарвар, ватанпараст ва сарбаланди тоҷик дар фазои оромӣ, сулҳу амнияти пойдор, ваҳдату якпорчагӣ 22-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуд. Ин санаи таърихӣ воќеан дар марҳилаи нави рушди устувори давлатдории соҳибистиќлол ва миллии тоҷик саҳифаи нав гардида, барои тадбиќи раванди созандагию бунёдкорӣ заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.
Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон умеду боварии мардуми кишварро барои бунёди ҷомеаи воќеан ҳам демократӣ, ҳуќуќбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ќавӣ ва эътимодбахш намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми апрели соли 2012 дар бораи аҳамияти ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва ваҳдатофар чунин зикр намуданд: «Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми бо амри таърих парокандагаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халќи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои рушди минбаъдаи иќтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлати соҳибистиќлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард».
Ташаббусҳои Пешвои миллатЭмомалӣ Раҳмон дар роҳи барќарор намудани сохти конститутсионӣ, хомўш кардани алангаи ҷанги бемаънии таҳмилии шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу субот, раҳоӣ аз вартаи ҳалокат, нобудии миллат ва давлати соҳибистиќлоли тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Ватани мо, истиќлолияти миллӣ, бартараф сохтани монеаҳои бамиёновардаи душманони дохилӣ ва хориҷии давлати соҳибихтиёри тоҷикон хеле бузургу пурарзиш буда, самараи нек овард.
Миллати сарбаланди тоҷик зери сарварии хирадмандонаи фарзанди фарзона ва барўманди тоҷик Пешвои миллат Эмомлӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуќуќбунёд, мутамаддин ќадамҳои устувор гузошта, дар арсаи байналхалќӣ ҳамчун кишвари рў ба инкишоф муаррифӣ гардид ва Пешвоимиллат ҳамчун як чеҳраи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ, сиёсатмадори боистеъдод ва соҳиби аќлу заковати фитрӣ маъруфу машҳур гардид.
Ваҳдати миллӣ, ки имрўз сар то сари кишвари азизи мо ҳукмфармост, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, самараи кўшишу ѓайрат ва чонфидоиҳои Пешвои миллат баҳри расидан ба сулҳу субот, якдилӣ, якпорчагӣ ва иттиҳоди тамоми мардуми тоҷик ва сокинони мамлакат, сарфи назар аз миллат, дину мазҳаб, баромади иҷтимоӣ, мансубият ба ин ё он ҳизбу созмон буда, барои тамоми ќишрҳои ҷомеа бозёфти нодир гардид.
Бояд зикр намуд, ки ваҳдат мафҳуми хеле сермаъно ва серпаҳлў буда, он дарки амиќ ва масъулияти зиёдеро такозо менамояд. Ваҳдати миллӣ танҳо ваҳдати тоҷиконро дар назар надорад. Ваҳдат барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ ба таври яксон манфиатбахш ва азизу пурарзиш буда, бояд чун як падидаи нодир ва дастоварди умумии ҳамдилӣ, якдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, ҳамтаќдирӣ, таҳаммулпазирӣ, дўстӣ ва бародарии тамоми миллату халќиятҳои Тоҷикистон фаҳмида шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ дар бораи аҳамияти сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ чун гавҳари ноёб ва дастоварди нодир чунин изҳор намуданд: «Сулҳу субот ба осонӣ муяссар нагаштааст, барои расидан ба ин рўзҳои фирўз моро лозим омад, ки роҳи тўлонии ноҳамворро тай намоем, душвориҳо ва маломатҳои сангину нангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар намоем».
Тамоми ҳуҷҷату созишномаҳо, суратҷаласаҳои раванди музокирот, ҳашт даври гуфтушуниди ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерўҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), ҳашт мулоќоти сатҳи баланд ва хоси Президенти мамлакатЭмомалӣ Раҳмон бо сарвари Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ ва дар ниҳоят се даври машарати байни намондагони музокирот чун санадҳои муҳим заминаи ба тавсиб расидани Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардиданд.
Ба ҳам иттифоќ афтодани 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле рамзист ва мантиќист. Зеро маҳз Иҷлосияи мазкур як нуќтаи гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат, сароѓози таърихи навтарини даврони истиќлолият, расидан ба сулҳу суботгардид.
Баргузор гаштани он ба таҳкими истиќлолияти давлатӣ ва миллӣ, барќарорсозии сохти конститутсионӣ, тартиботу ќонун, пояҳои давлату давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, суботу амният дар ҷомеа, мусолиҳа ва оштии миллӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Ин Иҷлосияи таќдирсоз аз рўзҳои нахустини оѓози кори худ дар ќалби кулли мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба кори он бо умеду орзуи нек ва таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамуданд,шуълаи умедро барафрўхт аз тулўъи офтоби дурахшон, парвози кабўтари сулҳ дар фазои кишвари соҳибистиќлоли тоҷикон башорат дод.
Дар рўзномаи Иҷлосия 23 масъалаҳои муҳим мавриди муҳокима ќарор гирифта, дар маҷмўъ 74 санадҳои ҳуќуќӣ, аз ҷумла 15 ќонун, 52 ќарор, 6 фармон ва 1 изҳорот ќабул гардид, ки наќши онҳо барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва раҳоӣ аз буҳрони шадиди сиёсӣ хеле бузург буд.
Ќонунҳо ва ќарорҳои ба тавсиб расида оид ба сохтори давлатӣ ва тарзи идоракунии мамлакат дар ҳамон давра, муваќќатан гузаштан ба тарзи идоракунии парлумонӣ, интихоби роҳбари нави давлат ва таъйини ҳайати нави ҳукумат, таъсиси сохтори нави вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар воҳидҳои идоракунӣ ва роҳбарони онҳо, Прокурори генералӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ, ба ҷои зисти муќимиашон баргардонидани гурезаҳо, дар бораи авфи умумӣ, ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ, муроҷиат ба сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустаќил ва ѓайра воќеан ќарорҳои муҳим, сариваќтӣ ва оќилона, ҷасурона ва дурандешона буданд. Ваќт, зиндагӣ, таҷриба исбот намуд, ки тамоми ќарору санадҳои ҳуќуќӣ ва масъалаҳои дар Иҷлосия ҳаллу фасл гардида, дуруст, оќилона, ҳадафрас ва замонавӣ буданд.
Дар рўзномаи Иҷлосия интихоби Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳафтум ба ҳисоб мерафт ва онро вакилон рўзи 19 –уми ноябр баррасӣ намуданд.
Бо пешниҳоди вакили мардумӣ А.Мирзоев аз ҳавзаи интихоботии Хонаќо, раќами 47, ноҳияи Ҳисор ва ҷонибдории вакилон Ч.Ќамбаров аз ҳавзаи интихоботии Ќўшчинор, раќами 182, ноҳияи Ќабодиён ва Ҷ.Набиев аз ҳавзаи интихоботии Инќилоб, раќами 81, ноҳияи Ленинобод номзадии раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кўлоб Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзад ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо ҷонибдории аксарияти мутлаќи вакилон, яъне аз 197 нафар, 186 нафар тарафдори Эмомалӣ Раҳмон, ў ба макоми баланди Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Дар суханронии нахустини худ Эмомалӣ Раҳмон чун Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон чунин иброз намуда буд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард... Ман ҷонибдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард”.
Воқеан, маҳз дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ бори аввал дасти сулҳу оштӣ аз ҷониби Сарвари давлат ба ҷониби мухолифин дароз гардид ва хидмати Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи хомӯш кардани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу субот, оромӣ, ваҳдат, якпорчагӣ дар Тоҷикистон хеле бузург аст.
Барои чунин хизматҳои беназир Эмомалӣ Раҳмон ба унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон ва мақоми олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сазовор дониста шуд.
Ба шарофати саъю талош, заҳматҳои беандозаи Пешвои миллатЭмомалӣ Раҳмон, руҳи матин, нангу номуси ватандорӣ, меҳанпарастӣ ва ҷонибдории тамоми мардуми Тоҷикистон мо тавонистем аз вартаи парокандагӣ, ноумедӣ раҳоӣ ёфта, иродаву иқдоми сулҳофарии мардумамонро ба самти созандагиву бунёдкорӣ равона созем, сулҳу оштӣ, оромиву суботро дар кишвари азизамон таъмин намоем.
Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст аз 5-ум то 19-умиапрели соли 1994 бо миёнаравии СММ ва Вазорати корҳои хориҷии Русия мулоќоти нахустини ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ бо намояндагони ИНОТ баргузор гардид.
Давраҳои минбаъдаи музокироти байни тоҷикон 18-28 июни соли 1994 дар Теҳрон, 20-уми октябр-1-уми ноябри соли 1994 дар Исломобод, 19-28-умиапрели соли 1995 дар Алмаато, 19 июли соли 1995 боз дар Теҳрон баргузор гардиданд.
Мулоќоту музокиротҳои минбаъда дар Ишќобод ду маротиба (30 ноябри соли 1995 ва 20-уми январ-15-уми феврали соли 1996), дар Хосдеҳи Афѓонистон (10-12-уми декабри соли 1996), Москва (19-23 –юми декабри соли 1996), Теҳрон (4-19-умиянвари соли 1997), Москва (19-23 –юми декабри соли 1997 вохўрӣ дар сатҳи боло) Теҳрон (14-19-умиянвари соли 1997), Машҳад (18-23-юми феврали соли 1997, вохўрӣ дар сатҳи боло), Москва (20-уми феврал-8-уми марти соли 1997,) Бишкек (18-19-уми майи 1997), Теҳрон (ду мулоќот -8-18 –уми апрел ва 21-5 –уми майи 1997) ва ниҳоят 24-27-умииюни соли 1997 дар Москва баргузор гардида, бо ба тавсиб расидани Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба анҷом мерасад.
Дар байни ин мулоќотҳо вохўрӣ дар Хосдеҳи Шимоли Афѓонистон маќоми махсус дорад.
Новобаста аз вазъи муташанниҷи Афѓонистон, ки амнияти иштирокчиёни музокиротро касе кафолат намедод, Сарвари давлат бо шуҷоат ва мардонагиву далерӣ ба ин мулоќот ҳозир гаштанд. ҳатто сарвари ИНОТ Саид Абдуллои Нурӣ дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфта буд, ки “ман боварӣ надоштам, ки Эмомалӣ Раҳмон барои мулоќот ба ин минтаќаи хавфноку ноамн- Хосдеҳи Афѓонистон меояд”.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карда буданд, ки “ман барои гуфтушунид ва ба даст овардани сулҳу оштӣ ҳозир ҳастам дар куҷое набошад бо мухолифин мулоќот намоям”.
Яке аз иштирокчиёни ин мулоќот Шукурҷон Зуҳуров (ҳоло Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) хотироти худро дар бораи аҳамияти ин мулоќот чунин ба ќалам овардааст: “Ин гуфтушуниди таърихӣ барои мо, тоҷикон, сабаќи бузург гашт. Зеропрофессор Бурҳониддин Раббонӣ (Раиси Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон) ҳангоми имзои Созишнома аз таҳти дил сухан ронда, зикр кард, ки ман гумон мекунам, барои ҳар кадоми ҳозирин таъсири амиќ гузоштанд. Номбурда изҳор карданд: “Аҳволи моро дидед, ки акнун чи гуна ҳаёт дорем? Мо натавонистем зиндагӣ кардан, аќќалан шумо дар кишвари худатон созиш кунед ва тоҷиконро хор насозед. Тавре сулҳу ваҳдат бандед, ки касе дўстии шуморо халалдор карда натавонад
Воќеан, мулоќоти Хосдеҳ заминаи мутаҳками сулҳу оштии тоҷиконро гузошт.
Яке аз корномаҳои беназири Пешвои миллат баргардонидани фирориёни иҷборӣ аз Афѓонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя буд.
Ҷои зист ва буду боши фирориёни тоҷик дар мавзеи Дашти морони вилояти Ќундузи Афѓонистон- дашти беобу гиёҳ ва ба номи худ шабеҳ воќеъ гашта буд.
Дар гармову сармо аз гуруснагӣ, беморӣ ҳазорон мўйсафедон, занони пиронсол, ҷавонон, кўдакон дар ѓурбат, дур аз Ватан ҷон доданд ва гўрашон ѓариб гашт.
Дар он рўзҳои фоҷиаи миллат бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ шоирону нависандагони маъруфи тоҷикро барои вохўрӣ ва талќини бозгашти фирориён аз хоки Афѓонистон сафарбар карда буданд.Дар байни онҳо Шоири халќии Тоҷикистон Ќутбӣ Киром низ буд ва баъд аз бозгашт дар яке аз нишасте, чунин гуфта буд: “Фарзандонам, ин иќдоме, ки Эмомалӣ Раҳмон барои бозгашти фирориёни тоҷик аз хоки Афѓонистон мегузоранд, на танҳо баргардонидани фирориён, балки бозгашти нангуномуси миллати тоҷик мебошад, зеро тоҷик дар он ѓурбатсаро нангу номуси худро ҳифз карда наметавонад. Аз ин рў, атрофи ин марди Худо муттаҳид шавед ва дар амалӣ шудани ниятҳои некаш камари ҳиммат ва ваҳдат бубандед” .
Имрўз дар Ироќ, Сурия, Лубнон, Афѓонистон ва дигар манотиќи даргири ҷаҳон ҳазорон мардумон аз хонаву манзилашон, аз Ватан дур афтода, дар ѓурбат ба хориву зорӣ, таҳќиру маломат гадоиву сарсонӣ, беморӣ гирифторанд. Вале на ҳама сарварон, сиёсатмадорони ин кишварҳо, давлатмардон ѓами ин мардуми бечораву овораро мехўранд.
Барои ин кору амал ќалби бузург, ҷасорат, мардӣ, заковати фитрӣ, ҳисси баланди ватандорӣ, мардумпарварӣ, нангу номус доштан лозим аст, ки ҳамаи ин хислатҳои ҳамидаро Худованди бузург ба Пешвои миллат, марди худодод Эмомалӣ Раҳмон арзонӣ доштааст.
Сулҳи тоҷикон ба ҷомеаи башарӣ исбот намуд, ки мардуми мо соҳиби аќлу заковати воло, иродаи нек буда, баҳри ҳадафҳои олӣ, ҳимояи нангу номус, шараф, ҳуввият ва манфиатҳои миллии хеш ҳамеша омода аст ва барои он мубориза мебарад.
Имрўз бисёр мардони бузурги сиёсат, сарони кишварҳои ҷаҳон, давлатмардони маъруф, олимон, шоирон ба хирад, заковат, тамкин, истеъдоди худододи сарварии Эмомалӣ Раҳмон ќоил ҳастанд.
Шоири мумтози Доѓистон, Ќаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Расул Ѓамзатов дар бораи арзиш ва аҳамияти сулҳи тоҷикон ва саҳми бузурги Пешвои миллат дар расидан ба ин орзуҳои ормонӣ чунин гуфтааст: “Фаќат ҷанг набошад, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад...”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон воќеан меъмори сулҳу ваҳдат, оштии миллӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ќалби мардум чун фарзанди фарзона ва содиќи Ватан, ваҳдатофар ба эҳтироми самимӣ ва маҳбубияти хос сазовор гаштаанд.
Ш.Шарифов, н.и.т., дотсент