Маҳфили суханварони донишгоҳ
Дар толори хурди раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили навбатии “Нерӯи сухан” баргузор гардид. Дар маҳфил журналист, номзади илмҳои филологӣ, декани факултети забонҳои шарқ Ислом Раҳимов ширкат варзида, бо иштирокдорони маҳфил вохӯрии судманд анҷом дод.
Дар оғоз, сармутахассиси маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ Шодмон Нурматов ба маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмони маҳфилро ба ҳозирин шинос кард.
Ислом Раҳимов доир ба ҷанбаҳои фаъолияти журналистӣ ва маҳорати нависандагӣ ибрози андеша намуда, аз донишҷўён даъват ба амал овард, ки ҷиҳати тақвияти дониши сиёсӣ ва малакаву маҳорати хеш бояд хабару гузориш ва маводи васоити ахбори оммаро пайгирӣ намоянд. Ин иқдом аввалан боиси огоњии ҷавонон аз вазъи сиёсии хориҷу дохили кишвар ва навгониҳои соҳаҳои хоҷагии халқ шавад, аз ҷониби дигар баҳри пухта гардидани донишҳои сиёсии ҷавонон нақши муассир мегузорад.
Баъдан байни Ислом Раҳимов ва ширкатдорони маҳфил саволу ҷавоб доир ба нақши васоити ахбори омма, рисолат ва уҳдадориҳои рўзноманигор дар назди ҷомеа ва миллат баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Нерӯи сухан” зиёда аз 40 донишҷӯи ихтисосҳои мухталифи донишгоҳро сарҷамъ намудааст. Маҳфили “Нерӯи сухан” ҳар ҳафта як маротиба дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад. Маҳфилдорон чорабиниҳои факултету кафедраҳои донишгоҳро пайгирӣ намуда, хабару гузориши илмӣ, сиёсию фарҳангӣ, таълимӣ-тарбиявӣ омода ва ба расонаҳои хабарӣ пешниҳод менамоянд.
Дилфуза Қаюмова - аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"