Маҳалгароӣ ва падидаҳои номатлуби он
Ба истиқлолияти кишвари мо инак беш аз ду даҳсола мешавад. Он дар натиҷаи хомӯш гардонидани ҷангу ҷидолҳое, ки солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар сар зада буданд, ба даст омадааст. Тамоми таърихнигорону таҳлилгарони масоили сиёсиву таърихии кишвар ин андешаро ҷонибдорӣ мекунанд, ки ҷанги шаҳрвандии мо дар натиҷаи маҳалбозии гурӯҳҳои алоҳида сар зада буд.
Аммо ба андешаи бархе аз коршиносон то кунун қишре аз ҷомеа маънии ваҳдатро ба таври бояду шояд дарк накардаанд. Далели инро дар арзи мавҷудияти гурӯҳҳои зиёде бо номҳои маҳал ва минтақаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ медонанд, ки дар онҳо аксу видеороликҳо ва мақолаву гузоришҳо аз арзишҳо ва дастовардҳои чӣ маънавию чӣ моддии он маҳалҳо дар гардиш аст. Маҳалбозӣ аз гурӯҳҳои хурд маншаъ мегирад. Маҳалбозӣ ин як заҳрпечакест, ки имрӯз мо дар амалҳои бисёре аз ҷавонон мушоҳида мекунем. Ин гурӯҳбозиҳо ба арзишҳои миллӣ муқобилият нишон медиҳанд.
Як нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳарф задан перомуни маҳал ба яке аз мушкилтарин падидаҳо табдил гаштааст, ки ҳеҷ кадом як коршиносе то ба ҳол наметавонад ба ин мафҳум назари хоси худро ироа кунад ё дар воқеъ ақидаи як донишманди дигареро бипазирад. Зеро ба андешаи баъзе афрод маҳалгароӣ ҷомеаро ба самти нобудиву парокандагӣ мекашад ва иддаи дигар даъво менамоянд, ки баръакс, маҳз маҳалгароӣ омили ватандӯстии миллӣ мегардад. Зеро агар шахс маҳалли худро, ки дар он ҷо зода шудаасту одаму одамгариро аз ҳамон ҷой омӯхтааст, дӯст дошта натавонад, ҳеҷ гоҳ миллату давлати худро дӯст нахоҳад дошт.
Ба андешаи равоншиносон одаме, ки шуураш дар сатҳи маҳал аст, барояш мушкил аст, ки шуури ӯро ба сатҳи миллат бибарад. Ягона чизе, ки шуури вайро ба дигар сатҳ мегузаронад, донишу маълумоту савод аст. Оғози Ватан аз зодгоҳ аст. Ҳар кас, ки маҳалли худро обод мекунад, гӯшае аз Ватанро обод кардааст ва дар маҷмӯъ кишвар гулгулшукуфо мешавад.
Хулоса, ин гуфтаҳо аст, ки имрӯз мебояд фаҳмиши мардум нисбат ба маҳал ва маҳалдӯстӣ дигар шавад. Зеро ҷомеа ҳамеша механизме дорад, ки онро аз олудагиҳо пок мекунад. Маҳалли худро дӯст доштан метавонад ба он сабаб шавад, ки фаротар тафаккур намоӣ ва дар баробари маҳал миллат ва Ватанро қадр бинамоӣ. Аммо агар тавони дӯст доштани зодгоҳи худро надошта бошем, кай метавонем ба дарки миллат ва Ватан бирасем?