Магӯ нохуш, ки нохуш посух ояд...
Санаи 18 январи соли 2019, роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ, ки имрӯз худро гӯё сарвари кадом “Паймони миллии Тоҷикистон” мешуморад тавассути шабакаи интернетӣ ба тамос баромада, ба ҷои он, ки ба саволҳои додашуда ҷавоби мушаххас гӯяд, боз ба ҳиллаву найранг ва иғвову дасисаҳои зиддидавлатӣ, ҷудоиандозӣ, лофзаниву гилагӯиҳо, сиёҳ кардани сарварони Тоҷикистон пардохт.
Нафароне, ки гуфтугӯи ин шахси дурӯяро шуниданд ба хубӣ пай бурданд, ки он ягон гуфтугӯи ошкоро набуда, як навъ найрангу қаллобии сиёсӣ, тарғиботи навбатии зиддидавлатӣ ба мақсади таҳрифи ҳақиқат, тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба миллати тоҷик, Ҳукумати Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиаш мебошад, ки ба ин васила мехоҳад дар бораи мавҷудияти худ ва созмоне, ки мисли ӯ ҳазорон маротиба паймон шикаста боз даъвои паймони миллӣ мекунанд, сару садо барорад.
Тамоми саволҳое, ки Кабирӣ гӯё ба онҳо ҷавоб гардонид, саволҳои пешакӣ аз ҷониби ҳаммаслакону ҳамтинатони ӯ омода карда шуда буданд. Саволҳое, ки мардум аз ин хиёнаткор ҷавоб пурсиданӣ буданд, аксарият беҷавоб монданд ё саривақт косалесонаш ин саволҳои барои сарварашон дандоншикан, ноҷӯрро хориҷ карданд.
Яке аз лагандбардорон, лаббайгӯй, думрав, косалесу ҳаммаслаки Кабирӣ - Саидюнуси Истаравшанӣ, ки ӯро дар зодгоҳаш чун як шахси радди марака, беимон, бадахлоқу хоин, ки тамоми хонавода ва зану фарзандашро ба рӯзҳои бад гирифтор карда, имрӯз назди охундҳои эрониаш паноҳ бурдааст, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамон сӯҳбати пучу супориширо “таҳлил, ташреҳ” намуда, сарохунди худро ба осмони ҳафтум баровардааст.
Кабирӣ дар он сӯҳбати муғризона аз худ “донишманди бузурги сиёсат” тарошида, дар бораи ахлоқ, фарҳанг сӯҳбат мекунад ва ба Саидюнус маҳз ҳамин донотарошии устоди маънавиаш мақбул аст.Борҳо аз сӯҳбату навиштаҳои ин шахс ҳувайдост, ки дар бораи ахлоқ, одоб, эътиқод ва имон бештар ҳарф мезанад, вале як чиз мусаллам аст, ки ҳамин арзишҳо ва хислатҳо аз ӯ фарсахҳо дуранд ва ин дурӯғросткуни беҳунар дар бисёр мавридҳо чи гуфтан, киро сиёҳ кардан, ба ки кадом айбу гуноҳро бор карданашро намедонад.
Дар шарҳу тавзеҳоташ Саидюнус аз рӯи зарфияти дониш, ақлу идрок ва ахлоқи фурӯмояи худ бори дигар чеҳраи аслии худро чун душмани оштинопазири миллат, давлати Тоҷикистон ошкор намудааст.
Мутафаккире фармудааст, ки “ту ба ман дӯстонатро бигӯ, ман ки будани туро ба ту мегӯям”.
Кабириҳо, Саидюнусҳо ва дигар хоинони паймоншикан, ки барои онҳо қавлу қасам, паймон заррае ҳам арзиш надорад, якдигарро зуд мешиносанд, унс мегиранд ва аз “бузургворонашон” ифтихор доранд. Ҳол он, ки мардум чеҳраи аслии онҳоро хеле хуб мешиносанд.
Ба мақомоти давлатӣ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳамеша баҳри оромиву субот ва осоиштагии мардум фаъолият мебаранд, тӯҳмат зада, наворҳои телевизионӣ, ки амалҳои зишту касиф, ғайриахлоқию бевиҷдононаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ, “шайхҳои” дурӯяву чандзана, пулпараст, молпараст ва бадахлоқро фош месозанд, гӯё рафтори нодурусти телевизиони миллӣ мешуморанд. Агар ба ин васила ниқоби аслии ин гуна “мулло-табибон”, “пиру бузургон”, “шайхони ба даму нафас” гирифта нашавад ин нафарони имонгумкарда ба чӣ разолатҳо ва қабоҳатҳои паст даст хоҳанд зад.
Хулоса, Саидюнус ҳачанд кӯшидааст аз Кабирӣ як шахсияти бузург, сиёсатмадори оқил, одил тарошад, аммо кӯшишҳои ӯ беҳуда аст ва мақоли аз пашша фил сохтанро ба ёд меорад.
Ҷабборов И.Р., Шарипов Ш. н.и.т.,
дотсентони факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ