Магар ин аз рӯи мардонагист

Барои дар сулҳу субот нигоҳ доштани Ватани азизамон Тоҷикистон имрузҳо бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор бениҳоят бузург аст.

Аммо боз ҳамон шахсиятҳои бадхоҳи ватан хастанд, ки хомуш намешинанд ва чӣ қадар метавонанд худро дар ҳар маврид ба корҳое, ки ба онҳо ҳатто дахл надорад, кушиш мекунанд суханҳои қабеҳу беасоси худро зада, инчунин мақомотҳои кудратии моро паст мекунанд. Лекин имруз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд, ки дар пешрафти кишвар ва барои баланд бардоштан ва дар роҳи сулҳу субот нигоҳ доштани нақши кормандони макомотҳои қудрати бениҳоят бузург мебошад. Лекин дар ҷомеаи имруза шахсиятҳои бадҳоҳи давлат ҳастанд, ки мақсади асосии ғаразноки худро тавассути сомонаҳои интернетӣ бо ҷори кардани хабарҳои нодуруст ва беасос мехоҳанд мақсадҳои ғаразонаи худро иҷро кунанд.

Инчунин яке аз чунин шахсиятҳо Мирзои Салмпур мебошад. Ин шахс ҳамчун рузноманигор дар хориҷи кишвар фаъолият бурда ӯ ба қонунҳоирўзноманигорӣ риоя накарда, хабарҳоро аз сарчашмаҳои номаълум пешниҳод мекунанд. Маълум аст, ки рўзноманигорҳамчун шахси бетараф бояд воқеиятро бидуни андешаҳои шахсӣ инъикос намояд.берун аз хориҷи мамлакат истонда сиёҳ мекунанд, нависандагони моро “Фермаи Ҷавоб” номидааст. Бигузор ҳамин тавр гӯянд. Имруз мо нону намаки ин сарзаминро хурда ба воя расида мисли Шумо бар зидди давлати худ силоҳ набардоштаем ва агар хизмати мо дар назди Ватан нисбати амалҳои нопоки Шумо бо ҳамин роҳ мубориза бурдан бошад мо лозим ояд дар роҳи пойдори сулҳи давлат ҷони худро фидо хоҳем кард.

Кирдорҳое, ки имруз ин шахсиятҳо мисли Мирзои Салимпур ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷи мамлакат истода анҷом дода истодаанд дар чаҳорчӯбаи хислатҳои инсонӣ ҷавобгӯ намебошад,зеро, ки нону намаки инсарзаминро “хурда” боз ба он дар ҷавоб барои миннадори ниятҳои ғаразонаро анҷом дода истодаанд. Магар ин аз рӯи мардонагист.

Рўзиев С.Т.- муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ