Либосҳо танҳо зебову шинам бошад
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли асрҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегўянд.
Имрўзҳо, мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки духтарон ва баъзан занҳои тоҷик аз пушти модаи барои мо носозгор рафта, либосҳоеро ба бар мекунанд, ки ба онҳо ҳеҷ зебанда нест, балки баръакс, ҳусни зебои онҳоро мекоҳонад, ҳусни зебои модарзодиашонро доғдор месозад.
Ин падидаи зишт қариб дар ҳамаи зинаҳои синну сол ва вазифа реша давондааст. Баъзан дар кўчаҳои шаҳр бо духтароне вомехўрем, ки либосашон ба танашон чунон зебанда аст, ки гумон мекунед паризоде аст ва ба духтари тоҷик ҳаваси кас меояду беихтиёр ин маънӣ ба забон меояд: Ин қадар зебост духтарҳо диёри мо!
Аммо боз духтаронеро мебинем, ки либоси бегонаи безеб ҳусни расояшонро, қомати раънои онҳоро чунон хира кардааст, ки афсўс мехўред. Занону духтарони аз рӯи ҳавою ҳавас ва таъсири тарғибу ташвиқи фарҳанги бегона, кӯр – кӯрона ба либоспӯшии мардуми Арабистону Эрон, Ҳиндустону Аврупо тақлид менамоянд, гуфтани дорем, ки либосҳои миллии мо, аз қабили чакани кӯлобӣ, атласи хуҷандӣ, куртаҳои миллии хоси мардуми Зарафшону Ҳисору Бадахшон аз сару либоси дилхоҳ миллат камӣ надоранд.
Мақолае, ки таҳти унвони “Шуравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард” гуфта мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд бо қабули як қонун вориди занону духтаронро ба идораҳои давлативу хусусӣ расман манъ намоянд. Ин нахустин иқдоми аз роҳи қонун маҳдуд кардани пӯшидани либосҳои бегона, ҳиҷоб дар Тоҷикистон аст. Қаблан монеъаҳо барои сатру ҳиҷоб ғайрирасмӣ амалӣ мешуд.
Онҳо ақида мекунад, ки мо аз СССР ёд мекунему хеле интиқод, вале давлати шуравӣ нисбат ба дин ва диндории мо ин қадар зулм намекард.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тарафи манфии ҳавою ҳавас ва таъсири тарғибу ташвиқи фарҳанги бегона, кӯр – кӯрона ба либоспӯшии мардуми Арабистону Эрон, Ҳиндустону Аврупо ин маънои арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ ва бефарҳангу қафомонда нишон додани миллатро дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон либоспўшии расмӣ – хизматӣ иҷозат дода шудааст, танҳо зебову шинам бошад ва мувофиқи қаду баст ва синну сол бошад. Аз ҳама чизи муҳим он аст , ки бонувони тоҷик бояд дорои шарму ҳаёи тоҷикона ва хоксории тоҷикона бошад, ин яке аз хислатҳои неки инсонии ниёгонамон буд.
Р.Усанов, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров