Либос - оинаи фарҳанги миллӣ

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътибори махсус медиҳад ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа мебошад, зеро модар ин офаранда, парваранда, бахшоянда ва ҷонбахши ҳаёт дар рӯи замин аст ва аз ин лиҳоз эҳтирому арҷ гузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто нисбати зан-модар зиёд аст. Бо дастгириҳои Пешвои муаззами давлат имрӯз зан-модар дар ҳама гуна соҳахои кишвар фаъолият намуда, дар ободонии кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Аммо имрўзҳо ҳизбҳои ифротӣ ақидаҳои нодуруст ва бемантиқи худро нисбати сатру ҳиҷоби занон бо воситаи сомонаҳои иҷтимои паҳн намуда дар байни ҷомеа нофаҳмиҳоро ба ваҷуд меоранд. Зеро дар байни занони тоҷик мӯди ба фарҳанги миллати мо бегона - ҳиҷобу сатр тақлид кардан густариш ёфтааст. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинҳо буда, ба либоси миллии мо робита надорад. Баъзе аз занҳои тоҷик ба сару либоси ҳар миллату халқияти бегона, ки ба дину фарҳанги мо бегонаанд кӯркӯрона тақлид мекунанд. Тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сару либоси хоси худро доранд масалан: атласу адрас дар Суғд, гулдўзиҳои нотакрори чакан дар Хатлон ва куртаҳои пурҷилои Бадахшон, маҳз бо ҳамин либосҳо мо бояд худро ба ҷаҳон муаррифӣ намоем. Аммо боиси таассуф аст, ки бонувони зебои миллати мо майл ба либоси бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати бофарҳанги худ истифода наменамоянд. Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки фарҳангу маданияти бой дорад. Аз давраҳои қадим мамлакати мо ҷиҳатҳои гуногуни маданиву таърихӣ тараққикарда ҳисобида мешуданд. Сару либоси занҳои тоҷик оинаи фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Имрўзҳои занҳои тоҷик бояд иқдоми пешгирифтаи Роҳбари давлатро пеш гирифта, дар ҳама самтҳо фаъолияти худро дучанд намуда, баҳри гулгулшукуфоии ватан саҳми арзандаи хешро гузоранд ва боварии Сарвари давлатро аз даст надода, ҳамеша пайрав ва дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат устуворона қадам гузоранд.

Саркорбобоева М.М - муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ