Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 озмун эълон менамояд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022” тасмим гирифтааст, ки озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтаринро дар мавзӯи ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватан» байни ҷавонони касбу кори гуногун баргузор намояд.

  • Мақолаҳо бояд фарогири самтҳои зерин бошанд:
  • тарбияи ватандӯстию худшиносии миллии ҷавонону наврасон ва ҷалби онҳо ба хизмати Модар – Ватан;
  • Хизмат ба Ватан – қарзи муқаддаси ҷавонони Тоҷикистон;
  • Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори Артиши миллӣ;
  • Артиши миллӣ – мактаби бузурги ҷавонмардист.

2.Қабули мақолаҳо барои пешниҳод дар озмун то санаи 5 майи соли 2019, соати 17:00 сурат мегирад.

3. Донишчуён ва омузгорони ҷавон дар озмуни мазкур ширкат варзида метавонанд.

4. Мақолаҳоипешниҳоднамудаи довталабони озмун бояд дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифа бошад.

5.Ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

6. Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед тавассути суроғаи зерин дастрас намоед:

- шуъбаи кор бо ҷавононираёсат, утоқи 113

- телефон барои тамос: 900420202,934200074,926200191

- n.ehson@mail.ru

Эзоҳ: Мақолаҳои пешниҳодгардида дар шакли хаттӣ ва электронӣ қабулкарда мешаванд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ