Кӯмак, ҳамкорӣ, гуманитарӣ-вазифаи гуманистӣ
Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла навъи амалҳои номатлубе буда, дигар зуҳуроти онҳо, имрӯз ба тамоми кишварҳои олам ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда доранд. Равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, кидорои характери трансмиллӣ мебошад, муттаҳидсозии кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд.
Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони онҳо ба хотири ба дастовардани манфиатҳои хеш ва ба дастовардани ҳокимият дар сарорзуву ҳавасҳоеро мепарваранд. Бархе аз онҳо содиқона ба гуфтаҳояшон собит мемонанд ва қисмати дигари онҳо, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешаванд, дар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон баръало намоён мегардад.
Мусаллам аст, ки аз нимаи дуюми садаи нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манфиати ҷомеаи сармоядорӣ истифодашудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии сармоядорони ғарбӣ буда, бо андӯхтани таҷрибаю собиқа, минбаъд истифодаи дин ва мазҳаб дар ба ҳам задани бофтҳои иҷтимоӣ ба амри зарурӣ ва стратегb табдил ёфт. Ин раванд дар ибтидои асри бист ба стратегияи самти сиёсати хориҷии империализми ҷаҳонӣ табдил ёфта, таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз ҳисоби ифротиёни исломӣ ва ташкил додани [избу сектаҳои динӣ ҷиҳати дарҳоли парешонӣ нигаҳдоштани давлатҳои шарқи мусулмонӣ ва таҳти назорати ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромад.
Созмондиҳӣ ва барномарезии гурӯҳҳои сиёсӣ ва динӣ, ки одатан ба хотири ба вуҷуд овардани фазои ноорому бесубот дар ҷомеа ва минтақаҳо амалӣ мешаванд, сухани тоза нест. Ҳамин гуна тарҳи сиёсӣ ва динӣ, албатта, таҳти сарпарастии молиявию иқтисодии созмонҳои паси пардагии ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ аз ҷониби исломиёни салтанат талаб ва худбохта ҳамсадоӣ пайдо кард.
Инқилоби исломӣ, ки соли 1979 дар Эрон ба вуқуъ пайваст, тамоми аркони иҷтимоъро мутазилзил сохт. Ин инқилоб дар асл як инқилоби фарҳанӣ буд. Маҳзи хотири ин қабл аз ҳама дар риштаи фарҳангу тамаддуни эронӣ дигаргуниҳои зиёдеро ба бор овард. СарвариИМА Д.Трамп , ки рӯирост ба муқобили Эрон амалҳо ва ҳамлаҳои террористӣ иҷро карда истодаанд.Аз ин рӯ, эътироз ва ҳамлаҳои террористони ИМА нисбат ба Эрон аз рӯи сиёсати идоракунии давлат на бояд давлатҳои соҳибистиқлол ба давлатҳои дигар дахолат кунанд. Кӯмак, ҳамкорӣ, гуманитарӣ вазифаи гуманистии ҳар давлати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа