Кулӯхони бачашм хомӯшанд!

8-уми апрели соли ҷорӣ дар сархати хабарҳои оҷонсии иттилоотии “Сентразия” матлабе таҳти унвони “США объявили иранский Корпус стражей исламской революции” қарор гирифт, ки он дар асоси изҳороти расмии Амрико доир ба созмон ва иттиҳодияи террористӣ эълон гардиданиСипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон сухан меравад.

Дар хабар зикр ёфтааст, ки Кохи Сафед ва президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп Сипоҳи посдоронро созмони террористии байналхалқӣ эълон намуданд. Мавриди ёдоварист, ки Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқобили артиши миллӣ ҳанӯз дар соли 1979 пас аз инқилоб исломӣ дар Эрон таъсис ёфта, вазифаи аввалиндараҷаи он ҳимоят ва ҷроӣ намудани низм ва режими нав буд. Аммо чун ин низом дар Эрон роҳандозӣ гашт, функсия ва вазифаи Сипоҳи посдорон низ тағйир хӯрд...

Амрико далели сомони террористӣ эълон намудани Сипоҳи посдоронро ба ин рабт додааст, ки он на танҳо дар дохили Ҷумҳурии исломии Эрон, ҳамчунин дар дигар манотиқи ҷаҳон, бахусус, Шарқи Наздик фаъолияти густурдаи террористиро ба роҳ мондааст. Ва дар натиҷаи ин амалиёти таҳрезигашта дар қисмате аз кишварҳо даргирӣ ва фаъолияти террористӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар пайи ин изҳорот ҷомеаи кишвар ва коршиносони сиёсӣ масоили аз ҷониби Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон дастгирӣ ёфтани ТЭТ ҲНИ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, бори чандум баён доштанд, ки маҳз созмони мазкур яке аз сабабгорон ва манфиатдорони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солоҳои 1992-1997 буд. Аз ин лиҳоз,Прократураи генаралии Тоҷикистон соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро ташкилоти экстеремистӣ ва террористӣ эълон кард. Аммо...

Аммо гап дар дигар ҷост. Ҳизби наҳзати исломӣ хоса Муҳиддин Кабирӣ дар ҳеҷ ваҷҳ қабул накард ва кардан ҳам намехоҳад, ки мазҳ бо пуштубонии Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолият намуда меояд. Ва намепазирад, ки террору ба қатл расонидани шахсони олирутбаи кишвар давоми солҳои 1992-1997 ва баъд аз он, маҳз бо супориши ин созмон ба амал омадааст. Агар пуштибон ва маблағгузори ТЭТ ҲНИташкилоти СПҶИЭ набошад, пас чаро доир ба изҳороти расмии ҷониби Амрико то ба имрӯз ягон баромад ва ҳамрайъии махсус барои мардум ироа накард? Чаро хомӯширо наҳзатиён ва Кабриӣ ихтиёр намудаанд? Ё зери коса нимкосае ҳаст!

Боиси нигаронии дигар ин аст, ки дигар ҳамфикрони Кабирӣ, амсоли Саидюнус Бурҳонов, Шарофиддин Гадоев,Илҳом Ёқубов низ ба лаб кулӯх молидаанд. Дар ҳоле ки ба ҳар масъала дахл намуда, қарору андешаҳои носуфта ва муғризона бароварда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн менамоянд. Ин ҷо низ чи сирри муҳиме пинҳон аст...

Ин ҷо чизи нороҳаткунандаи дигар мавқеъгириҳои Мирзои Салимпур ва сомонаи ӯ-“Ахбор.ком” аст. Ин мавзӯъ дар ҳоле матраҳ шудан дорад, ки Мирзои Салимпур худро журналисти бетараф ва беғаразуриоякунандаи принсип ва меъёрҳои фаъолияти ахлоқиву касбии журналистӣ мешуморад. Ва ҳадаф аз таъсиси “ахбор.ком”-ро инъикоси масоили Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва дигар ҳаводиси вобаста ба он шарҳ медиҳад. Аммо чаро ин изҳороти Амрикоро нашр накард, худ возеҳу равшан аст. Тавре ки аз нигоштаҳои коршиносони масоили сиёсӣ ва ҷомеаи кишвар бармало рӯшан мешавад, М. Салимпур ва сомонаи таъсисдодааш бевосита аз ҷониби Сипоҳи посдорон маблағгузорӣ мешавад. Ҳеҷ не бавосита, яъне тариқи роҳбарияти ТЭТ ҲНИ дастгирии моддӣ мебинад. Агар не, пас чаро Салимпур хомӯш аст. Салимпуре, ки оддитарин воқеаҳоро расонаӣ мекунад. Салимпуре ки Худо накунад, гове сим хӯрда мурад, расонаӣ мекарда, сукут меварзад. Оре, сукут меварзад. Чаро ки хоҷагонашро Амрико террорист эълон кардааст.

Аз ҷониби хоҷагон амр ба маънии то мо чизе нагӯем, кулӯхи бачашм бошедро гирифтаанд.

Латифи Азиз, журналист, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ