Конфронси ОБСЕ дар Варшава
Вақте, ки аз ВАО ва расонаҳои интернетӣ дар бораи маҷлисидар Варшава баргузоргардида шунидам худ аз худ гуфтам, ки мумкин барои аз байн бардоштани ифротиёни муосир маҷлисе баргузор гардида бошад.
Бале, мақсад ва мафҳуми ин конфронс аз байн бардоштани ифротиёни муосир (терроризм ва экстремизм) буд,вале баъзе намояндагони миллати мо яъне тоҷикон ба конфронси мазкур барои Тоҷикистонро сиёҳнамоӣ рафта буданд. Онҳо рӯирост нисбати Тоҷикистони мо беибоёна суханҳои дурӯғу бофтаашонро изҳор намуда ба андешаи худ қаҳрамонӣ намуданд. Аммо он ашхосони Тоҷикистони моро наҳ зада балегӯякҳои ҳамёнғафс доранд, ки ба ҳар як наҳзании он носипосон нисбати Тоҷикистони мо варақҳои доллару евромедиҳанд.
Он тӯҳматгароён қаҳрамонӣ накарданд, рӯи хотири пулу мол гуфта Тоҷикистонро наҳ заданд ва аз оқибати ба авлоду пҷдодонашон иснод оварданашонро нафаҳмиданд. Зеро аксарияти хешу табор ва авлодҳои онҳо дар Тоҷикистон зиндагиву кор доранду аз оромиву тинҷӣ ва ваҳдати миллии кишварамон Тоҷикистон баҳра бурда истода зери Парчами Истиқлолият бе ягон хавотирӣ ҳаёт ва фаъолият бурда истодаанд.
Дар мобайни чунин давлатҳои пешрафта Тоҷикистонро аз рӯи ҳақиқат муаррификунандагон ба душманони хориҷиву дохилӣ намефорад ва дар он конфронс низ нафорид.Он баромадчиёни беибо дастгири ифротиёни қарни мо мебошанд. Тоҷикистонро ба майдони ҳарбу зарби худ табдил доданианд.
Дар он конфронс нафароне, ки ватани моро яъне сохт, сиёсат,иқтисодиёт ва маданияти Тоҷикистонро паст заданд ақлу идроки расо надоранд. Ватан, ватандорӣ, миллат ва таърихро сарфаҳм намераванд. Онҳо танҳо дили душманони мамлакати моро барои бардоштан мекӯшанду халос. Худро тоҷику вататандӯст муаррифӣ намуда донанд ҳам дарк кардан намехоҳанд, ки тоҷикони қарни XXI дар давлати соҳибтамаддуни худ зери ливои Пешвои миллати худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ. Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндаги доранд.
Хуб мешуд, ки он баромадкунандагон дар бораи тоҷик будани худ хуб сарфаҳм раванд ва миллату меҳани худро чун гавҳари чашм эҳтиёт намоянд, донанд, ки онҳо тоҷиканд ва тоҷик хоҳанд монд. Барои ҳамин кӯшанд, ки нисбати Тоҷикистони мо наноланд яъне таги дили душманони миллатамонро хурсанд нанамудааввал хатогиҳои худро нисбат ба ватан миллат ва ватандорӣ дарк кунанд.
Ман чунин фикр мекунам, ки ин конфронсро ташкилкунандагон мехоҳанд, ки намояндагони миллатҳо аз давлатҳои бузург ба ҳамдигар маслиҳатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ дода пеши падидаҳои номатлуби замони муосир терроризм ва экстремизмро гиранд на ин ки дар саҳна баромада давлату миллати худро дар мобайни намояндагони дигар халқҳо сиёҳ намоянд.
Бо мурури вақт он наҳзанандагони миллату давлати худ пушаймон мегарданд вале вақт меравад ва як тарафи дилҳои онҳо ҳамеша пешравии кишварамон – Тоҷикистонро дида хиҷил мемонад. Ҳайфе, ки ҷои захм бенур бошад ҳам боқӣ хоҳад монд.
Нематуллоева М дотсенти кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ