Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Академик Бобоҷон Ғафуров мутафаккири бузурги Шарқ"
Санаи 28-уми декабри соли 2018 бо ташаббуси раёсати МДТ "ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" вобаста ба иҷрои дастури хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гузоштан ба мероси бою ғании ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию хештаншиносӣ ва ватандўстии наслҳои ҷомеа конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии «Академик Бобоҷон Ғафуров мутафаккири бузурги Шарқ» бахшида ба 110-умин солгарди аллома Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар, аҳли илму адаб ва дигарон иштирок доштанд.
Конференсия бо суханронии ректори МДТ "ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров", доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло ифтитоҳ ёфт. Зимни суханронӣ мавсуф қайд кард, ки: “Аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун арбоби барҷастаи ҳизбию давлатӣ, ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистон дар поягузорӣ ва рушду нумӯи ҷумҳурии мо саҳми беандоза гузоштааст”.
Ҳамчунин сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Мирмухаммедов Олимҷон суханронӣ намуда, табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни конференсия расонид.
Дар кори ҷаласаи ифтитоҳӣ маърўзаҳои олимони маъруфи тоҷик Ҳайдаршо Пирумшоев–узви вобастаи АИҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нави пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносииАИҶТ таҳти унвони “Нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди ховаршиносии ҷаҳон”, Воҳидов Шодмон Ҳусейнович – профессори Дониошкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакенттаҳти унвони “Як омили муҳими дўстӣ ва ягонагии тоҷикон ва ўзбекон: масъалаи этногенези халқи ўзбек дар “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” ва дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов дар мавзўи “Хориқаи (феномени) ғафуровӣ: ишорае чанд ба чеҳраи аллома Бобоҷон Ғафуров чун олим, мутафаккир, арбоби давлат ва сиёсат” шунида шуд.
Дар се бахши конференсия масъалаҳои “Таърих, ховаршиносӣ, ғафуровшиносӣ”, “Фарҳанг, тамаддун, сиёсат” ва “Фалсафа,абон ва адабиёт” баррасӣ шуда, беш аз 70 маърўза ироа гардиданд.
Маводи конференсияи мазкур дар шакли маҷмўаи мақолаҳои илмӣ оид ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёт ва эҷодиёти Бобоҷон Ғафуров дар ҳаҷми умумии 32 ҷузъи чопӣ аз нашр баромад.
Маркази иттилоот ва таҳлил