Конференсия: Омилҳои гидроиқлимии истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ
| Яке аз сарватҳои муҳимтарини сайёра, ки натанҳо пояи тавозуни экологӣ, балки заминаи муҳимтарини зиндагии шостаи иқтисодӣ мебошад, захираҳои об ба шумор мераванд. Риоя нагардидани меъёри обмонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ нашудани истеҳсолоти гардиши об,ифлос шудани манбаъҳои обӣ бо маҳсулоти хоҷагидории инсон аз ҷумлаи муаммоҳои глобалӣ ба ҳисоб мераванд. Бо мақсади баррасӣ намудани ин муаммоҳо дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Омилҳои гидроиқлимии истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ” баргузор гашт. |
Дар оғоз маҳсули илмӣ-методӣ, техникӣ ва ҳунарии устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

| Ректори донишгоҳ, порфессор Ҷамшед Ҷӯразода доир ба мақсад ва ҳадафи конференсия сухан карда, иброз дошт, ки ин тадбир бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба роҳ монда шуд. Арз гашт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари оқилу дурандеш ва табиатдӯст ба масъалаи ҳифзи табиати нотакрори мо, аз ҷумла захираҳои об ҳамеша таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карда буданд, ки «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад». Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, арз дошт, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳоиглобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Зикр гардид, ки тағйирёбии иқлим моро водор месозад, ҷиҳати истифодаи самаранок ва оқилонаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумлаи обу замин таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем.
Баъдан аз доктори илмҳои география, профессор Фазлиддин Ҳикматов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои география, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ӯктам Муртазоев ва дигарон дар бобати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ зери таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, пешгирии таъсири манфии инсон ба муҳити зист баромад доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки конференсия дар се бахш: “Идоракунии сарватҳои обии фаромарзӣ ва ҷанбаҳои географӣ-иқтисодӣ”, “Захираҳои табиӣ – манбаи рушди иқтисодиёт ва туризм дар Осиёи Марказӣ” ва “Омилҳои антропогении тағйирёбии иқлим, захираҳои об, ҳаво, замин” дар раёсати донишгоҳ ва факултети геоэкология ҷараён дошта, 130 маърӯза мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Хотирнишон менамоем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, дар солҳои 2018-2028” 21-уми декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ бо ҳамовозии 177 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шудааст. Иқдоми мазкур бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Маркази иттилоот ва таҳлил |

