Конференсия: Баррасии масъалаҳои умдаи санъат

Дар факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба «Солҳои 2019-2021 “Солњои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ӯзи илми тоҷик конференсияи илмии апрелии донишҷӯён баргузор гашт.

Дар конфронс 7 маъруза бо истифодаи адабиёти илмӣ ва техникаи муосир, ки фарогири масъалаҳои умдаи соњаи мусиқӣ, адабиёт ва забоншиносӣ, аз қабили “Мусиқӣ дар давраи Сомониён”, “Саҳми Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов дар рушди “Шашмақом”, “Масъалаҳои иҷтимоии ғазалиёти Ҳофиз”, “ “Корбасти санъати талмеҳ дар ашъори Соиби Табрезӣ” буданд, ироа гардид.

Маърузаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳайати омӯзгорон мавриди муҳокима қарор гирифта, дар натиҷа маърӯзаи Дилноза Ҷалолова, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси китобшиносӣ ва китобхонашиносиро беҳтарин ҳисобида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ