Китоби худшиносӣ ва ватандорӣ

Китоби “Давлат, сиёсат, ҷомеа” ба як маънӣ таърихномаи мухтасари даврони истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад. Зеро он шомили мақолотест, ки муаллифонаш ба паҳлӯҳои мухталифи рӯзгори ҷомеа, воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, падидаҳои фарҳангиву ҳунарӣ эътибор дода аз дастовардҳои даврони Истиқлол, ҷонбозиву заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барќарорсозї ва ташаккули пояњои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии љомеа, суботи сиёсиву иќтисодї ва иљтимоии кишвар сухан кардаанд. Муаллифон кӯшиш кардаанд ба масоили мубрами замон, равандҳои гуногуни ҷомеа дар заминаи таҳлилу таҳқиқиилмиву объективӣ баҳо диҳандва дар баъзе маворид фикру андеша ва пешниҳоду дархости хешро дар беҳдошти вазъ ё ҳалли масоили мубрам баён намоянд.

Дар қисми аввали китоб сиюсе мақолаи файласуф ва сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Фаттоҳзода Саидмурод Самадҷой дода шудааст, ки онҳо дар солҳои гуногун иншо шуда, аксари онҳо бо гузашти замон арзиши бештари илмӣ ва таърихӣ пайдо кардаанд. Нахустин бардошт аз мақолоти ин бахш он аст, ки муаллифи он аз оғози фаъолият то имрӯз дар мавриди баҳодиҳӣ ба равандҳои ҷомеа, таҳаввулоту тағйиротҳо мавқеи мустаҳками ягона дорад ва назару андешааш ба масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равшану возеҳ ифода меёбад. Як силсила мақолоти Фаттоҳзода Саидмурод ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

Мақолаҳои бахши дуввуми китоб ба қалами адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, сардабири ҳафтавори “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов тааллуқ дорад. Муаллиф дар нигоштаҳояш бештар ба таҳлилу баррасии авзои сиёсии ҷаҳон, сиёсати хориҷии кишвар, муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон, ҳамчунин масоили доғи ҷомеа, ки ислоҳи онҳо ногузир аст эътибор додааст. Бахтиёр Ҳамдамов ба воқеаву ҳодисаҳо, қазияву проблемаҳоимавҷуда назари хоси худро дорад ва хонандаро ба андеша водор мекунад. Ҳифзи марзу буми кишвар, тарбияи инсони ватандӯст ва дорои эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва давлатӣ, шинохти ҳақиқати зиндагӣ аз хасоиси умдаи мақолоти муаллиф ба ҳисоб меравад. Махсусан андешаҳои Бахтиёр Ҳамдамов дар мавриди падидаи номатлуби замон, паҳн ёфтани вабои аср-терроризм ва экстремизм дар қаламрави олам ҷолиб буда, барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣпешниҳодҳои мушаххаси худро баён мекунанд.

Дар бахши сеюми китоб мақолаҳои номзади илмҳои филология, адабиётшинос ва журналист Саидумрон Саидов ҷойдода шудааст. Як силсиламақолаҳои ин муаллиф ба таҳлилу баррасии китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмоназ ҷумла “Тољикон дар оини таърих . Аз ориён то Сомониён”, “Чеҳраи мондагор” бахшида шудааст.Махсусан, аз ҷониби муаллиф китоби“Чеҳраҳои мондагор” мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирифта арзиши ин китоб мушаххас баён мешавад. Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки китоби мазкур ”Хонандаи тоҷикро бо таърихии воқеии миллати тоҷик, корномаву корнамоиҳо, шебу фарози таърих, мардонагӣ ва пойдории миллати мо ошно месозад. Нигоштаҳои Пешвои миллат, тасвири воқеаҳои тақдирсози таърихӣ, муқоисаву муқобалаҳо ва хулосаҳо ҳамчун сабақи пандомези таърихӣ барои имрӯзиёнва ояндагонарзиши баланд дорад. “

Дар маҷмӯъ нашри китоби“Давлат, сиёсат ва ҷомеа” саривақтӣ буда,он метавонад нақши боризе даррушди худшиносии миллӣ ва ватандориву меҳанпарастӣ гузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ