ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ САРЧАШМАИ АМНИЯТИ МИЛЛАТУ ВАТАН
ТӮЙЧИЕВА М.
“Мо як халқу як давлат ҳастем, ки номамон тоҷику Тоҷикистон аст. То ин вақт моро гулӯ гумроҳ намуда, ба ду майдон тақсим карда буданд. Биёед, ҳама каса дар як майдон ҷамъ оем. Номи ин майдон майдони ваҳдат, майдони меҳнат аст. Мақсади инмайдон эҳёи Тоҷикистон мебошад”.
Эмомали Раҳмон
Худованд дар рӯи замин одамиро бо қавмҳо, миллатҳо, забонҳо ҳатто рангу зоҳирашонро гуногун офаридааст. Ҳар нафаре, ки дар айёми кӯдакӣ ақлашро мешиносад азқавму нажоди худ дарк мекунад. Фарқияти забонашро аз дигар забонҳомефаҳмад.Ҳарфарде, ки дар рӯи олам зиндааст аз қавму нажоди худ дарк мекунад. Хоҳ вай рус бошад ва хоҳ ҳинду афғон. Аз нажодуқавми худ болидаякеи он мерақсаду дигараш диёри нигори худро бо рангҳои гуногун тасвир мекунад ва боз дигари он барои ҳимояи замини аҷдодонаш мехоҳад, ки ҷонашро фидо намояд.
Бале, ин замине ки ба мо аз ниёгони худ боқӣ мондааст ин Ватан мебошад.Бо ҳамин сабаб “Ватани ниёгон” меноманд.Барои хубтар дарк намудани ин ибора калимаи ниёгонро мо бояд бифаҳмем. Ниёгон аз решаи “ниё” гирифта шуда маънояш бобо мебошад, барои ҳамин ватани бобоён, ватани бобоӣ меноманд, ки дар ин ҷо бобою бобокалонҳои мо умр ба сар бурдаанд. Пеш аз қавми ориёи будани худ болидан мо бидонем, ки гузаштагони мо кистанд. Ин замини паҳновару ҳосилхез вапурфайзу кӯҳсорони пурганҷро киҳо бар мо мерос гузошт?Пеш аз шинохтани дигарон мо худро бишносем. Барои донистани таърихи худ мо метавонем ба таърихномаҳо назар кунем. Чи тавре ки Пешвои Миллат дар яке аз бароматҳояшон баён кардаанд:
“Ҳар миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд то худро нашиносад,эҳтиром накунад. Ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад”(2,26).
Тоҷикон қадимтарин давлати Осиёи марказӣ буда, фарҳангу тамаддуни бостонӣ дорад, таърихи ҳазор солаи тоҷикон аз ҳазорсолаҳои дур сарчашма мегирад, аҳди Сомониён давраи тиллоии тоҷикон аст. Поягузори давлати Сомониён Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ мебошад, ки дар асри 9 умр ба сар бурдааст. Марказонидани ҳокимияти Сомониён комёбиҳои бузург ба даст омада дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ-адабӣ ба номи ин сиёсатмадори дурандешу соҳиб- маърифат марбут аст. Ташаккули халқи тоҷик таҷрибаи давлату давлатдории миллии тоҷиконмаҳз дар давраи Сомониёнба камолоти хеш расидааст (6,214).
Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чун як ҳамзамони аҳди тиллоии тоҷикон аз давлати Сомониён ифтихор дошт.
Киро бузургони неъмат зи ину он буд,
Маро бузугрии неъмат зи Оли Сомон буд.
Мутаасифона давлати бузурги Сомонён ба иллату ҷанги замонаи худ завол ёфт ва пас аз ҳазор сол 9 сентябр соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд ва бадавлати мустақим табдил гашт.
Дубора месозамат Ватан,
Агарчӣ бо устихони хеш.
Дубора месозамат Ватан,
Агарчӣ бо хишти ҷонӣ хеш.
Гарчандфосилаи дароз тӯл кашида бошад ҳам тоҷикон расму оини худро гум накардааст. Чи тавре ки Пешвои Миллат гуфтаанд.
“Имрӯз миллати тоҷик аз шебу арози таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст”.(1,227)
Ниёгони мо, яъне бобоёни дури мо дар гузашта ватане доштанд паҳновар, ки дар боло баён кардем, киаз он сарзамин, мо Тоҷикистонро дорем. Хушбахт касест, ки Ватан дорад ва мо хушбахтем, ки дар ватани биҳиштосо зиндагӣ дорем, вале ҳимоя намудани ин сарзамин аз аҷнабиёнқарзи ҳар яки мост.
Муҳофазати Ватанро аз кӣ омӯзем? Барои дарёфти посух ба ин суолҳо меравем ба суроғи достонҳои асотирӣ ва қаҳрамонӣ. Ҳамин достонҳо моро таъкид мекунад, ки агар Ватанро дӯст дорию онро ҳимоят кунӣ, ватанхоҳию муҳофизатро аз Рустам, Сёвуш, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Саидқул Турдиев, Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев ва дигарон биомӯз. Ин фардҳои ҷудогонае мебошад ки бо адлу заковат далерию қаҳрамонии худ фарқ мекарданд, барои онҳо аз манфиати халқу Ватан волотар чизе набуд.
Агар он шахсоне, ки номашон дар боло зикр шуд қаҳрамонони гузаштаи мо бошанд. Дар давраи истиқлолият сафи қаҳрамонони мо афзудааст, ки ҳар яке онҳо ҳозиранд барои марзи буми ин диёр ҷони худронисор намоянд. Барои исботи суханҳоям як сухани Пешвои Миллатро меорам, ки дар иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ ба мардуми тоҷик гуфта буданд.“Касе ки набошад халқро сарҷам кунаду худро фидо”.
Ҳамду сано ба гуфтаҳои Сарвари давлат, ки боиси хизматҳои шоистаашон 23-умифеврали соли 1993 халқи тоҷик дорандаи Артиши миллиишуд ҷоизи зикр аст, ки солҳои аввали таъсисёбии артиши миллӣ мо ба мушкилоти камбудии норасои аз техникаи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро дошт.
Мақсади асосии давраи аввали сохтмони артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.
Таърихи каҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек расондаст, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штати худ машғул шудаанд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пур печутоберо тай намуда, Артиши миллии худро табдил доданд.
Аз таъсиси Артиши миллӣ 24 сол пур мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолиятмебошад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд. Марзбонони кишвар шабу рӯз барои осудагии мо сарҳади диёрамонро ҳимоя менамоянд, як порчаи заминро аз ҷон гаронтар меҳисобанду ҳаргиз ба дасти аҷнабиён намедиҳанд. Онон байни ҷони худу ҷони Ватан фарқ намегузоранд, шаъни худробе шаъну шарафи Ватан ҳеҷ мешуморанд. Ба қавли онон, нонеро, ки дар натиҷаи заҳмати ҳалол ба каф омадааст, бояд хӯрд, зеро он нони Ватан аст. Обихоку санги Ватан барои фарзандони далераш чунин арзише доранд, ки ягон сарвати дунё надорад. Ин ҳолатро шоир чунон тасвир намудааст:
Ҷони ман даркор бар ман нест бе ҷони Ватан,
Шаъни ман гӯй, ки аз ман нест, бе шони Ватан.
Зӯр дар бозуи худ аз обу хокаш ёфтам,
Дар гулӯям банд гардад, нест гар нони Ватан.
Боиси хизматҳои беназири амнияти кишварамон дар ватани маҳбубамон сулҳ субот ҳукумрон аст. Ҳар миллат ба қувваи ҷавонони худ такя мекунад. Тоҷикистон низ ба ҷавонони далераш такя мекунад, барои беҳбудии онон ҳамаи шароитҳоро муҳайё менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Бо назрдошти фармони ПрезидентиҶумҳури Тоҷикистон Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шуд.
Ба мо ҷавононро водор мекунад, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.
Мо ҷавонон, дар ҳар ҷое, ки бошем, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, бо Ватан, бо миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоем ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошем.
Мо бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созанда пешниҳод намойем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятамонро ҳифз кунем, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзем, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошем. Ҳаргиз фаромӯш накунем ки барои ба насли оянда расонидани ин сарзамину ниёгони худ қарзи ҳар яки мову шумост, мо бояд чунон хизмат кунем, ки дар назди халқи ояндаи худ шарманда нашавем.
Адабиёт:
- Истиқлолияти Тоҷикистон ва Эҳёи миллат.Ҷилди ҳафтум-Душанбе: Ирфон, 2007-480 с.
- Мақоми шоиста дар ҷомеаи башар.-Душанбе: Ирфон, 2002.-102 с
- Политика мира и создания. Выступления и речи. –Душанбе: Ирфон, 2011.-216 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.01.2015, (манбаи электиронӣ)URL: http:president/ tj/node/13739 (санаи истифодабарӣ: 08.10 2017) .
- Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон қомат рост мекунад. Суханронӣ дар сесияи 17 Шӯрои Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993/ Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. -Душанбе: Ирфон, 2001.- С. 96-155
- Раҳмонов Э.Ш. Чеҳраҳои мондагор.- Душанбе: Эр-Граф, 2016-364 с
- Тоҷикистон даҳ соли истиқлолият ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. Ҷилди дуюм.- Душанбе:-Ирфон, 2001.-512 с.