Худшиносии миллӣ сарчашмаи амнияти миллии ватан

Ҳеҷ чизе арзандатар аз огаҳӣ нест , ҳеҷ ганҷе шоистатару волотар аз хирад нест, ҳеҷ аз ифтихоре ҷузъ аз хештан6шиносию доноӣ нест. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРахмон чунин қайд намудааст: “Инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда ,дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ногаҳ монда,чун махлуқи одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад”.

Дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол боядарзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Бинобар ин миллати тоҷик бахусус, ҷавонону наврвсони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлвтдории халқи худ огаҳ бошанд ва вобастаба дигаргуниву таҳаввулоти ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллиитоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар як миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад.

Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гашта, моҳияти асосии ин дар он аст, ки ба ҳамаи шаҳрвндон имкон дода шудааст, то ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи сиёсати давлати хеш бошад. Рушди минбаъдаиҶумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ,фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандўстӣ ва худогоҳии миллидошта вобаста аст.

Баъди пош хўрдани собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти миллӣ гашт, ки ин ба аввали солҳои наваддуми садаи 20 рост меояд. Истиқлолияти давлвтӣ дар тақдири миллати озодихоҳи тоҷик неъмати бебаҳо ва ормони деринае буд ва воқеан расидан ба чунин туҳфаи бебаҳои замон барои ин мардуми озодаманиш шодиовар буд. Аммо мутаассифона, хурсандии тоҷиконро чашми ҳасадолуди душманони бадхоҳи маллат халалдор сохт ва дар ин муддат гуруҳҳое пайдо шуданд, ки ба хотири амалӣгардонидани манфиатҳои ғаразноки худ сарзамини Тоҷикистони тозаистиқлолро ба коми ҷангу муноқиша кашиданд. Дар натиҷа дар сарзамини кишварамон ҷанги бераҳмонае сар зад, ки дар саҳфаҳои таърихи кишварвмонбо ҳуруфи сиёҳ бо номҳои “ҷанги шаҳрвандӣ”, “ ҷанги бародаркуш” сабт ёфтааст. Барои миллате, ки нав ба истиқлолият барин неъмати бебаҳо муяссар гардида буд, аланга гирифтани ҷанги хонумонсўз хеле харобиовар ва хавфнок буд. Ҳатто хатари аз байн рафтани миллати тоҷик ба миён омад. Дар ҳамин марҳалаи басо мураккабу вазнин, кивазъи давлату ҳукуматфалаҷ буд, фарзанди барўманди миллати бебоки тоҷик Эмомалӣ Раҳмон масъулияти миллатро ба зимма гирифта, шўълати ҷангихонумонсўзи шаҳрвандиро бо ҷидду талошҳо, андешидани чораҳои зарурӣ барои амнияти миллӣ хомўш кард.

Чеҳраи дурахшони сиёсатмадор ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро бе арзишҳои миллӣ, аз қабили истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тасввур наметавон кард. Зеро ки камолоти шахсият ва рисолати сиёсииў парварда ва маҳсулиин арзишҳост. Ин абармард ба оини давлвтдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондўстӣ ва покнажодии ниёгонамон меҳру садоқати беандоза дошта, меҳварисиёсати хирадмандона ва ҷовидонаи хешро андар тору пуди ин ғоя сириштааст. Ӯ ҳамчун чеҳраи мондагори таърих ва фарҳанги замони муосир ба ҳифз ва бузургдошти оини давлвтдорӣ, суннатҳотимардумӣва арзишҳои умумибашарӣ пардохт. Таърихи пуршукўҳи ориёи нажодҳоро аз фаромўшӣ ва хатари нобудшавӣ нигоҳ дошта, оину фарҳанги ниёгонро муваффақ гардонид.

Таваҷҷуҳ ба шахсият, сарнавишти шахсони бузург ва гузаштаитаърихи халқ, як шакли худшиносист, ки аз худшиносии шахс то ба дараҷаи худшиносии миллӣ омада мерасад. Воқеияти таърихӣ танҳо зодаи афкору ақидаи ҳақиқати маҳдуднагашта буда, дар ин замина дастовардҳои фарҳангию маънавии миллӣ ба хубӣ дарк мегардад. Дар ҳамин асос Эмомалӣ Раҳмонзикр намудабуданд: ”Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳуснуфаъолияти корбарии ў сарфаҳм рафта , ба ин восита қадаме ба сўи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвари худро муайян карда метавонем. Танҳо оинаи таърих пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд”.

Дар ҳама давру замон унсури маънавӣ дар шууримиллии мардум нақши муҳими созанда ва бунёдгузорӣ дорад. Ин омил барои ба даст овардани истиқлол ва худшиносии миллӣ ва ҳамгироии омилҳои иҷтимоиву сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва пешрафти давлат ва бақову ҳастии онро таъмин менамояд. Барои ба даст овардан ва устувопр гардонидани ин ғояҳои олии сарнавиштсоз дар баробариистиқлолияти сиёсӣ, таъмини истиқлолияти фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳим ва пуршарафи зиёиёни эҷодкормебошад. Ба қавли академик Муҳаммадҷон Шакурӣ истиқлоли фарҳангӣ ва бунёди маънавӣ шарти аввал дар таъминибақои умри миллат аст.

Истиқлолияти фарҳангӣ роҳе ба сўи эҳёи миллӣ, расидан ба сатҳи ҷаҳонӣ буда, миллатро аз роҳи маънавият ба арсаи олам мебарорад.

Зуҳури давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ барои миллати тоҷик аз муқаддастарин неъмати тақдиру таърих ба шумор меравад. Ташаккул, татбиқ ва амалӣ намудани сохти давлатдории ҳуқуқбунёд, идоракунии демократӣ ва таъмини волоияти адолат дар сарзамини Тоҷикистон маҳз бо талошҳои роҳбари оқилва одили мо ба даст омадааст.

Дар солҳои баъди истиқлолият тарбияи ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ҷои асосиро дар раванди тарбия ишғол менамояд. Қобили зикр аст, ки тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии педагогикаи муосир ба ҳисоб меравад. Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои дорои ахлоқи баланди инсонӣ, ҳувияти миллӣ, инсондўстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ, ташаббускорӣ,таҷассумкорӣ, урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад.

Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комили ҷомеа, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари волои ҷомеа мебошад. Тарбияи миллӣ бо истифода аз таҷрибаинасли калонсол дар ниҳоди шаҳрвандон тақвият додани анъанаҳои миллии гузаштагон,масалан, одамият, эҳтироми калонсол,меҳмондўстӣ ва амсоли онҳоро дар назар дорад. Тарбияи миллӣ ташаккули тафаккури миллии шаҳрвандон, ифтихор аз миллатихеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва меросӣ фарҳангӣ ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат, аз нав эҳё намудани анъанаи арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтиромимиллатҳоидигарро дар назар дорад, таъкид карда шудааст дар Консепсияи миллии тарбия.

Таърихшиноси тоҷикАбулфазли Байҳақӣ ҳазор солмуқаддам гуфта буд: “Нахустинсифати инсони хуб он бошад, ки бишносад зоти хеш, зеро чун зоти хеш бидонист, чизҳоро дарёфт, ҳар касе, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чӣ гуна тавонаддонист”.

Миллат дар сурате ба сатҳи баланди хештаншиносӣ мерасад, ки таърихи гузашта ва сарватҳои фаровонии маънавии онро пурраю мукаммал фаро бигирад. Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо омўзгорон бедор карданиҳисси ифтихормандӣ аз миллати хешдар ниҳоди шогирдон буда, барои ҳар як шаҳрвандони тоҷик ифтихори миллӣ, ин пеш аз ҳама таърихи гузаштаи тоҷикон мебошд. Халқи тоҷик дорои таърихи хеле қадима буда, сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки давлатдории тоҷикон ба ҳазорсолаҳои басо дур рафтааст, ки аз сарчашмаҳои асотирӣ ва ривоятҳо оғоз мегирад.
Давраи подшоҳии сулолаи Пешдодиён ва Каёниёнро аз ҷумлаи давраи асотирию нимасотирӣ маънидод намуданд, ки он манзараи оғози тамаддуни ниёгони моро фаро гирифтааст.

Давлатдории сулолаи Каёниён зинаи аз асотир ба воқеияти таърихӣ гузаштан будааст. Сарчашмаҳо исбот карданд, ки тоҷикон дар Осиёи Миёна ягона халқиориёинажод будаанд. Маводҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки доираи ташаккули халқи тоҷик сарзаминипаҳноварест, ки бо номи умумии Ориёно ва сипас Бохтару Суғд машҳур гаштааст. Ифтихори ҳар як фарди тоҷик таълимоти Зардуштӣ ва китоби муқаддси он “Авесто” мебошад, ки тамоми масоили худшиносӣ, ахлоқ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, сиёсат ва фалсафаро дарбар мегирад. Зардушт аз ибтидои фаъолияташ таҳти шиори “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” мардумро ба ҳаёти осоиштаву саодатҳидоят намудааст.

Чи тавре, ки таърихи гузаштаи миллат шаҳодат медиҳад Сомониён тавонистанд ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд. Забони модариронигоҳ дошта, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангироҳифз намоянд. Маҳз дар ҳамин давра Рўдакии бузург, Фирдавсӣ, Сино, Берунӣ, ки эҷодиёти онҳо тарғибкунандаиилму дониш, ватандўстӣ, хештаншиносӣ, кўўшиш барои истиқлолияту озодӣ, фидокорӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, дўстию рафоқат мебошад,мазмуни назарияи тарбияи муосири миллиро бой мегардонад. Ин давраҳо чун давраҳои ҷамъбасти ташаккулёбиихалқи тоҷик ва ба авҷи камолот расидани давлату давлатдории тоҷикон дар таърих эътироф шудааст.

Чунончи, таърих шаҳодати медиҳад, ки Марҳилаи нави таърихии Тоҷикон дар давоми ҳазорсолаи нав, ки бо номи Истиқлолияти миллӣ пайвастааст. Ҳаёти нав, рўзҳои босаодату бошарофатро ба миллати соҳибтамаддун эҳё намудааст.

Албаттарасидан ба Истиқлолияти коммуникатсионӣ дар заминаи ифтитоҳ, таҷдиду тамири роҳҳо, кушодани нақбаҳо, истиқлолияти энергетикӣ бо шеваи таҳияи тарҳи лоиҳаҳои ҷадид дар бахши сохтмони нерўгоҳҳои барқӣ, бунёди бузургтарин нерўгоҳи барқии обии “Роғун” ислоҳоти кулли соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва мусоидат дар ҷаҳонишавии низоми таълим ва тандурустӣ аз муҳимтарин дастовардҳо мебошанд, ки ба шарофати истиқлолият ва бо роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон барои халқи мо насиб гардид.

Миллати тоҷикпас аз якчанд қарнҳо боз тавонист дар арсаи ҷаҳонӣ мақому мавқеи худро пайдо карда бошад.Баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ меҳани мо дар марҳилаи бунёди давлати демократӣ ва соҳибистиқлол душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронид, ки таърих худ гувоҳ ва пайгири ҳамаи он мебошад.

Дастовардҳое, ки зери роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ кишварамон комёб гардидааст, хело бузург аст. Албатта, ин шахсият Президенти кунунии давлатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тайи беш аз25 соли роҳбариаш тавонист бо иродаву фазилати худ ва ғояи хирадмандонааш, пеш аз ҳама, кишвар ва миллатро аз вартаи нобудшавӣ раҳодода,истиқрори сулҳ ва гурўҳҳои мухталифи ҷомеаро дар асоси ғояҳои нав ва арзишҳои миллӣ муттаҳиднамуда, бо сиёсати хеш роҳи демократиро дар кишвар вусъат дода, ҳамкории тарафайн бо созмонҳову давлатҳои хориҷӣ барпо карда, мавқеи устувори Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, амсолипроблемаи оби нўшиданӣ, мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, мубориза бар зидди маводҳои нашъаовар нишон дода, иқтисодиёти кишварро аз буҳрон раҳо дода, ба сатҳи маърифати шаҳрвандон, алалхусус наврасону ҷавонон таваҷҷўҳи хосае зоҳир намуд. Инчунин се стратегияиасосиирушдиҷомеаиимрўзаи Тоҷикистонро пеш гирифт, ки он мақбули тамоми қишри ҷомеа гардидааст: таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва роҳ ба сўи истиқлолияти энергетикӣ.

Ҳамаи ин гувоҳи хидматҳоиПрезиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмонмебошад, ки бо ташаббуси созандагиву сулҳҷўёна имрўз кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда,тамоми сохторҳои ҷомеаро густариш додааст.

Ҳамаи дастовардҳои истиқлолият,эҳё намудани тамаддун, урфу одат ва арзишҳои миллӣ ба тарбияи ҷавонон нақши муҳим мегузорад. Дар назари аввал истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон, ки ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардидани маҷмааи Саразми Қадима мебошад,ки қарори он дар созмонҳои фарҳангии СММ – ЮНЕСКО ба тавсиб расида буд. Дар баробари ин ҷаҳонӣ шудани Наврўз ҳамчунин дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷикон арз ёфтааст.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид кардаанд,ки баробар бо омўзиши илмҳои муосир ва технологияи ҷадид ҷавонони мо бояд ба фарогирии таърих ва фарҳанги бузурги миллӣ ва забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Вазифаи асосиизиёиёни мо дар шароити имрўзапеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ба омўзиши таърих, маданият, забон ва дастовардҳои илму фарҳанг мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки ин таъкид муҳимтарин василаи тарбияи ҷавонон дар рўҳияи миллӣ маҳсуб меёбад.

Таърихнигори сатҳи ҷаҳонӣ , академик Бобоҷон Ғафуров низ мояи ифтихор будани фарҳанги моро зери назар дошта, фармудааст: ”Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест,ҳақиқате нест,ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтаем”.

Ин суханони бадарди аллома Бобоҷон Ғафуров як навъ ҷавобе ба душманони миллати тоҷик буд, ки он замон моро аз ҳаққи ифтихори гузаштаи пуршаънамон маҳрум карданӣ буданд. Бо гузаштиайём, рўҳи истиқлолхоҳиихалқмузаффар шуд. Таърих бо ҳама шиканҷаву ҷабре, ки ба халқи тоҷику форс раво дидааст,суханихудро гуфт, исбот шуд, ки воқеан тоҷиконлоиқи чунин ифтихорусарбаландиҳоянд. Вақте президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон китобибозабониҳиндӣ тарҷумашудаи “Тоҷикон”-ро ба Президентикишвар Эмомалӣ Раҳмон супорид, ки ҳақиқат бори дигар чу алмос дурахшид ва ба қавли Мавлоно,дўстонро шод карду душманонро кўр кард. Ҳамзамон, ба шарофати истиқлол китоби бузурги аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба забони ўзбекӣ низ нашр гардидааст.

Соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар кишвари мустақил дастоварди муҳим ба шумор меравад, зеро маҳз бо будани ин ормон ва хоҳиши олии миллат бо қадру заковати худ онро дар амал татбиқ менамояд.Барои давлатҳои муосири дунё соҳибихтиёрӣ ба тарзҳои гуногун ба даст омадааст,ба баъзеҳо бо муборизаи тўлонӣ ба дигарҳо дар натиҷаи тағйир ёфтани низоми муносибатҳои байналмиллалӣ ва ниҳоятан ба гуруҳи сеюм дар натиҷаи аз байн рафтани давлатҳои пурқудрат дастёб гардидааст.Манзурамон аз ин суханон онаст, ки новобаста аз чӣ гуна ба даст омадани соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муҳими худшиносии миллӣ дар таърихшинохта шудааст.

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Бо амри тақдир ва бар асари солҳои 90-уми асри гузашта миллати тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Миллати тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дўст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

Дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ халқи мо тавонист саҳифаҳои таърихии гузаштагони бузургамонро аз нав зинда созад.Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш аст, истиқлолият хештаншиносист ва дар ин раванд мо аз суннатҳои маънавии бузургони гузаштаи худ чун ёдгории “ Авесто”, давлатдории Оли Сомон, Исмоили Сомонӣ,Фирдавсӣ, Умари Хайём, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ,Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам, С.Айнӣ, Б.Ғафуров, Мирзо Турсунзода, А.Лоҳутӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур,Нусратулло Махсум ва дигарон, ки дар саҳнаи пайкори муқаддасоти миллӣ мубориза бурданд ифтихор намоем. Дар ин радиф чорабиниҳои бузурги фарҳангие, ки як рукни муҳими сиёсати фарҳангии Сарвари давлат, бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ маҳсуб меёбад, ки ин таҷлили солгарди фарзандони фарзонаи миллат, ҷашни шаҳрҳои бостонии кишвар мебошад.

Таҷлили ҷашнвораҳои шукўҳманди 1100 солагии давлати Сомониён,1000солагии Носири Хусрав, 2700солагии китоби муқаддаси “Авесто”, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии Кўлоб, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, 800 солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ,1150 солагии Устод Рўдакӣ, 600 солагии А.Ҷомӣ ва эълони соли забони тоҷикӣ ва ғайраҳо мебошад, киин ҷашнвораҳо арҷгузорӣ ва ба ҷо овардани эҳтиром ба гузаштаи худ, барои ҷавонон эҳсоси хештаншиносию ватандорӣ, тақвияти худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллии ҳар як фард маҳсуб меёбад. Дар ин радиф эълони Соли бузургдошти Имом Абуҳанифа – пешвои мазҳабии миллати тоҷик ҷодаи навинро дар ҳуввияти миллӣ бо изҳори ҳувияти мазҳабӣ ҳамвор намуда буд.

Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ“Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ” қайд карданд: “Имрўз замоне фаро расидааст, ки андешаҳо ва ақоиди камоли мутафаккирони бузург мавриди омўзиш ва баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор гирад. Ин вазифаи шарафмандонаи муҳаққиқони имрўза ва оянда аст. Мо мероси гузаштаи манавӣ ва шахсиятҳои барўманди илмӣ, динӣ, адабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии халқи худро бояд хуб шиносем ва бо истифода аз осори ғанӣ ва боарзиши онҳо ҷомеаи имрўзаро дар рўҳияи эҳтиром ба гузаштагон тарбия карда, ба ин васила як давлати озод, обод, орӣ аз таассубу ихтилоф эҷод намоем,ҷаҳони манавии ҷавонони худро ғанӣ созем,зеро ояндаи кишвару давлат ба шахсият, дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллии онҳо сахт вобаста аст.”

Яке аз комёбиҳои мо дар раванди худшиносии миллӣ ин ба таври ҷиддӣ ба масъалаи забони тоҷикӣ-давлатӣ рўй овардан аст.

Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.

Чунончи ҳамаи мо медонем аз рўзҳои аввали истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба инкишофи илм, фарҳанг, тарбияи хештаншиносӣ, ватандустӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд. Маҳз дар даврони Истиқлолият паҳлўҳои гуногуни тарбияи миллӣ таҷдиду такони тоза гирифтанд. Ба шарофати ғамхориҳои доимии Ҳукумат садҳо муассисаҳои фарҳангӣ, театрҳо, толорҳои варзишӣ, осорхонаву китобхонаҳо, ёдгориҳо рўи таъмиру таҷдидро дид ва даҳҳо биноҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар баробари ба даст овардани Истиқлолият нақш ва иштироки ҷавонон дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг, сиёсат назаррас гардид. Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд,ки тақдири ояндаи халқу давлат бар дўши онҳост. Ҳифзу ободкардан ва ба мерос гузоштан ба насли оянда ин вазифаи асосиионҳо дар назди халқу ватани хеш мебошад. Бинобар ин ҷавонони мо бояд соҳибтахассус ва ахлоқи некро доро бошанд ва арзишҳои фарҳангии миллати хешро бишносанд,бахусус ҷавонони имрўзаи мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оини давлатдории халқу худ огаҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи саввум баҳри устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар қисми чоруми Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унсурҳои таркибӣ ва мазмуни тарбияи миллӣ омадааст: “ Анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо ба тарзи ҳаёти мо ворид шуданд, маданият ё маҷмўи сифатҳои онро ташкил медиҳанд, ҷавҳар, хосият ё маҷмўи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомўзӣ, заҳматписандию таҳаммул, сару кор бо замин, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷўӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, меҳмондорию меҳмоннавозӣ, устувории оила, ифтихори ватандорӣ, касбу ҳунаромўзӣ, дўстиву рафоқат, иззату эҳтиромипадару модар, некӣ ва накўкорӣ, адлу адолатҷўӣ, дастгирии ятимону муҳтоҷон ва ғайра иборатанд”.

Тарбияи миллӣ ташакккули тафаккури шаҳрвандонро дар назар дорад. Он ифтихор аз миллати хеш,эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон,урфу одат ва анъанаҳои миллӣ,пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат,аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ,дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, ин илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад.Бинобар ин системаи таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ бояд ба илм,фарҳанг ва таърихи ниёгонамон сахт вобаста бошад ва асоси онро бояд худшиносии миллӣ ташкил кунад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки тарбияи донишҷўён бо роҳи ибратгирӣ аз сарнавишт ва фаъолияти шахсиятхои таърихӣ, фарҳангӣ, адабӣ низ аҳамияти калон дорад. Осори безаволи онҳо метавонад манбаи бебаҳои хештаншиносӣ ва миллатдустӣ бошад,онҳоро водор созад ва аз ин гуна дарсҳо натиҷаҳои ахлоқӣ гирад ва ба маънавиёташон такмил бахшад.

Даҳҳо ва садҳо фарзандони ба ору номуси халқро ном бурдан мумкин аст, ки барои озодӣ,ободӣ ва обрўи миллату ватан фидокориву ҷоннисориҳо намудаанд. Аз байни онҳофарзандони барўманди халқ устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки барои ташаккули миллат, болоравии ҳисси худшиносӣ хизматӣ бузург намудаанд. Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ исбот намуда, таърихи адабиёти моро эҷод намудааст.

Фарҳанги гузаштаи мо фарҳанги ҳикматҳост,ҷавонони мо қисмати ин ҳикматҳоро дар фаъолияти ҳаррўзаи худ истифода баранд. Дар ҷарёни дарсҳо, ба хусус педагогика, таърихи маориф ва афкори педагогӣ, маҳорати педагогӣаз мисол овардани осори ниёгон дар он аст, ки дар пешрафти кори таълиму тарбия беқарор намудани хусусиятҳои миллӣ, нигоҳдории арзишҳои офаридаи гузаштагон, равнақу ривоҷи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, фаҳмиши арзишҳои умумибашариро тақозо менамояд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон мо фақат дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро комилан ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омўзем, фарзандонамонро дар рўҳияи таълимоти онҳо тарбия кунем, фармудаи онҳоро дастури амал қарор диҳем, то ки оянда ҳам аз байни онҳо Рўдакиҳо, Фирдавсиҳо, Бўалиҳо, Хайёмҳо, Мирсаидҳо ба воя расанду мо дар рушду нумўитамаддуни башар саҳмгузор бошем.

Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф бояд масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгўи талаботи бозори меҳнат ташкил диҳанд. Зеро сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама ,аз фаолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста мебошад.

Ҳадафҳои таъмини амнияти миллӣ, пойдорӣ ва бақои миллату давлат. Бинобар ин, зарур аст, ки фармудаанд Пешвои миллат – дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷроиқарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад. Дар ин озмунгоҳи ҳассоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолиятион ва ҷомеаи худро аз пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Ба ҳар яки мо омўзгорон маълум аст, ки илму маориф яке аз самтҳои муҳими амнияти миллиидавлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста аст. Дар замони дастовардҳои бузурги илмиву технологӣ ва кашфиёти нав ба нави ақли инсонӣ мо омўзгоронро зарур аст, ки насли наврасро дар рўҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Дар ҷавонон ҳисси дўст доштану ҳифз кардани ин сарзамини аҷдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, нерўманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷикон ба тарзи бояду шояд ба ҳар як фарзанди бо нангу номуси ин марзу бум вазифаи имониву виҷдони худ шуморем ва дар ҳама ҷо сарбаландӣ изҳорнамоем, ки“Ман тоҷикам! Ман ворисиИсмоили Сомониву Баламӣ, Рўдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Ибни Синову Мавлоно, Саъдиву Камол, Имом Ғаззоливу Имоми Аъзам ва садҳо ҳазорон фарзонаву алломаҳо ҳастем”.

Бигзор ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерўи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд ва дар ин ҷода ҳаряки мо омўзгорон ҳиссагузор бошем.

Элмуродова С., Бобоева М. устодони ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ