Хоинони ватан ҳеҷ ба мақсад нарасанд.
Рўзҳои охир дар фазои интернетии кишвар баҳсҳо доир ба сомонаи «Akhbor.Com» зиёд шуда истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки хоинони миллат асосан ақидаҳои ғаразноки худро дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, ба монанди сардори ин сомонаи ифротии «Akhbor.Com» Мирзо Салимпур. Ба ҳамагон маълум аст, ки шахсоне ба монанди Мирзо Салимпур, ки бо ном мусулмон мебошанд, дар асл ба кирдорҳои ношоиста ва хиёнаткориву мардумфиребӣ даст мезананд. Мирзо Салимпур дини исломро ба манфиати худ истифода бурда мардумро фиреб карда пул ба даст меорад. Мирзои Салимпур бо хабар ва гузоришҳои фитнаангез ҳамеша алайҳи ватани худ баромад намуда, давлат ва миллати худро таҳқир мекунад ва барои ин кораш аз ҷониби хоҷагони хориҷияш дастгирӣ меёбад.
Сомонаи «Akhbor. Com»- ро ба бозоре табдил додааст, ки дар он ҷо танҳо манфиатҳои хоҷагонашро амалӣ менамояд. Маводи ғаразноке, ки Паймони зиддимиллӣ ва дигар ташкилотҳои ифротӣ бар зидди ҳамватанони мо менависанд, дар сомонааш ба нашр мерасонад, ин корҳои Салимпур бар зидди мо ва ҳамватанони мо нест магар? Бо ин амалҳояш мегӯяд, ман душмани Тоҷикистон нестам, аз ин дида душман дигар вуҷуд надорад. Имрўзҳо интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ дар тарғиботи ақидаҳои нопоки ватанфурўшон нақши муҳим мебозад.
Бо баробари ин фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳқир мекунад, вазифаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин таъмини амният, субот ва оромӣ дар Тоҷикистон аст ва ин вазифаи бевоситаашро КДАМ иҷро карда истодааст. Мирзои Салимпур аз хориҷа истода ба кормандони расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон туҳмат карда истодааст. Мақсадиасосии ў бо фиребу найранг ва дахолат кардан бо суханҳои бардурўғи худ ба сиёсати дохилии кишварамон буда, сомонаашро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардан мебошад, аммо ҳама аллакай кӣ будани онҳоро медонад. Нафаре, ки аз ватан берун рафта бар зидди ватанаш хиёнат мекунад ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад. Мардуми тоҷик дигар ба суханони бардурўғи хоинони Ватану миллат дода намешаванд, сулҳу субот, тинҷиву оромии ба заҳмати беандоза бадастомадаро бо ҷону тан ҳифз менамоянд.
Кафедраи сиёсатшиносӣ (АКВА)