Хоинони Ватан ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд

Аз он рӯзе, ки хоинони ватанфурӯш барои паҳн намудани маълумоти бардуруғ сомонаи бо номи «Ахбор»-ро ташкил намуданд ва дар он асосан маводи иғвоангези Мирзои Салимпур нашр мешавад, мардум хусусиятҳои террористиву экстремистӣ доштани онро эҳсосо намуданд. Чуноне, ки мушоҳида мешавад, мутасаддиёни ин сомона ба ҷуз шабу рӯз паҳн намудани хабарҳои бардуруғ ҷиҳати ҷудоиву иғвоандозӣ байни мардум дигар коре надоранд. Аз аввал чунин менамояд, ки дилсӯзи давлату миллатанд ватанро мисли модарашон дӯст медоранд ва барои ободии он кӯшиш ба харҷ мебаранд. Дар асл бошад, ба гуфти шоир: «Бузургӣ сарсар ба гуфтор нест, Дусад гуфта чун ними кирдор нест!».

То имрӯз ин «қаҳрамонон» ҳеҷ кори барои омма манфиатовареро анҷом надодаанд. Онҳо ҳамон ҷавфурӯшони гандумнамо ҳастанд, ки мисли миси зарандуд зоҳиран назаррабо, лекин ботинан пучу ночизанд.

Маълум аст, ки амали осонтарин айбмониву айбҷӯист. Мутаассифона мардуме ҳастнад, ки агар дар байни ду нафар нофаҳмие рух дод, айбҳоеро меҷӯянду ном мебаранд, ки ба гуфти мардум дар рӯи бел ҳам намеистад. Бо маънои дигар барои ба як нафар туҳмат задану айби набударо бастан, на дипломи донишгоҳ лозиму на дониши кофӣ.

Албатта ошкор намудани камбудиву норасоии ҷомеа ягон амали бад нест, вале он бояд беѓаразона бошад, ва бо нишон додани роҳҳои ислоҳи камбудиҳо роҳандозӣ карда шавад. Афсӯс, ки чунин ҳолатро аз ҷониби ин хоинони миллат мушоҳида намекунем.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон вақти ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вохӯриҳои худ борҳои зикр намадунд, ки ҳанӯз дар рӯзгори мардум мушкилоти ҳалталаб бисёранд, вале давлату ҳукумат кӯшиш ба харҷ мебарад, ки давра ба давра онро ҳаллу фасл намояд ва сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорад. Имрӯз мардуми мо дар мавсими тирамоҳу зимистон норасоии қувваи барқро эҳсос намекунад. Аз ин маълум аст, ки Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил гашт. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки ҳадафи дигари стратегии Ҳукумати мамлакат – раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ ҳам таъмин гардид. Сарвари давлат беҳуда саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ ва солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон накарданд. Ин иқдоми ватандӯстона маҳз ба хотири ободии диёр ба беҳбудӣ баҳшидан ба рӯзгори халқ равона карда шудааст.

Х.И.Тиллобоев, мудири кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ