Хоинони миллат ба ҳеҷ мурод нахоҳад расид!

Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳитоҷиконаз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилал мавриди омузишқарор гирифта, он барои ҳалли муноқишот дар нуқтаҳои дигари ҷаҳон истифода мешавад. Барқарори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон боиси тайғироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънави ҷомеа гардида ба пешрафти иқтисодиёти кишвар такони ҷидди бахшид.

Имрузҳо яке аз хатарҳои даҳшатборе, ки шурӯъаз ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддӣ ба амнияти ҷомеаи башарӣ терроризми байналмилалӣ рӯ ба рӯ гашт. Имрузҳо терроризим дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузури иҷтимои дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эъҷод менамояд.

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халќ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд, ки ҳар қишри ҷомеа аз ин гирдоби нооромиҳо дар амон бошад.

Боиси зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар заминаи “Стратегитяи миллӣ оид ба мубориза бо ифротгароӣ-ро барои солҳои 2016-2020”-ро қабул намудааст.Яъне ин маънии онро дорад, ки Тоҷикистон барномаи мушаххаси худро дар ин самт дорост ва ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай роҳандози намудааст. Мо бояд аз Истиқлолияту озоди ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, ба давлати боҳибистиқлоламон содиқбошем, ҳамма сайъу талоши худро ба хотирипешрафту некӯаҳволи кишвари азизамон ва дар арсаи байналмилалӣ барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикиисони азиз кушиш намоем.

Лекин солҳои охир рафтору фаъолияти баъзе аз “ҳамватанон”-ро дида, дар ҳайрат мемонем, ки ин кадар бешарафу ҷоҳил гардиданд. Имрузҳо нафароне, ки дар хориҷа истода мехоҳанд бо ҳар роҳу васила номи Тоҷикисиони азизамонро дар байни созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хурду бузург сиёҳ кунанду худро бошанд сафед. Мисоли ин гуфтаҳо Паймони Миллӣ Тоҷикистон ва аъзоён ва ҳаммаслакони ин паймони навтаъсисёфтаи Ҳизби Назҳати Исломӣ дар хориҷӣ мамлакат мебошад. Аъзоёни Паймони Миллӣ Тоҷикистон бо иваз кардани номи худ мехоҳанд худоро дар байни ҷомеаи Тоҷикистонсафед кунанд. Лекин ҳар фарди кишвар аз амалҳои нопоки шумоён бохбар хастан ва ранҷҳои кашидаи мардум солҳои 90-уми ќарни гузашта аз ёд набаромадааст ва мисоли исботи ин амалҳои нохалафонаи Хизби Назҳати Исломӣ, ки ба сулњу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон.

Мисоли равшан яке аз чеҳраҳои намоёни ин даста Саидюнуси Истаравшанӣ, сиёҳкунандаи номи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ва муборизи фаъоли иғвоандозанда байни мардуми тоҷик аст. Майдони муборизаҳои ин нафарони шабакаи интернет қарор дода шудааст ва хар маводҳоеро, ки меоҳанд руйи кор оварда истодаанд. Аз мадди назари чунин афродон ягон қадами ҳукуматдорон дур намемонад. Зеро аз ҳар амалу кирдори роҳбарон бо сад фитнаву дасиса, бофтаву дуруғ, муболиғаҳои иғвоангезона месозанд. Аслан, Саидюнуси Истаравшанӣ чандон қалами тез надошта бошад ҳам, бештар бо паҳн кардани маводҳои дигарон, ки дар ниҳоди хеш ҳадафи парконадагии миллӣ, ташкили низоъ ва ноором сохтани фазои сиёсиро дорад, машғул аст ва пайваста кушиш бар он доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикисон боз амалҳои нохалафонаи худро анҷом диҳанд. Лекин амалҳои разилонаи хоинони миллати хенҷ ба мақсад намерасад. Зеро имруз фарзандони фарзонаи халқи тоҷик бо Сарварӣ хирадмандаш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бар зидди он нафароне хастанд, ки мехоханд кишварро ноором созанд мубориза хоханд бурд.

Бердишукуров А. - мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ