Хиёнаткорон қолаби худро дигар намуданд
Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, Чаноби Оли, мухтарам Эмомали Рахмон дар яке аз мулокоти худ бо кормандони хифзи хукук бахусус, сохаи прокуратура ва дигар сохторхои кудратии мамлакат таъкид намуда буданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии чаҳон ва афзоиши таҳдиду хатархои нав, ки ба рушди давлатдории милли ва манфиатхои милливу давлатии мо низ монеахои чидди эчод мекунанд, аз кормандони макомоти хифзи хукук ва сохторхои низомии кишвар масъулияти дучандро такозо менамояд.
Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи хукуки, тахкими сулху субот, мубориза бо чинояткори ва пешгирии хама гуна хукуквайронкуни, ки ин зухуроти номатлуб метавонанд, пояхои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони макомоти хифзи хукук ва сохторхои низоми вобастагии мустаким дорад».
Дар ҳақиқат, яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ ин густариши равияҳои террористӣ ва экстремистии динӣ мебошад.Ҳизбу ташкилотҳои ғайриқонунӣ – Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) ва ХизбиНаҳзатиИсломӣ (ҲНИ), ки ташкилоти экстремистию террористї эътироф шудааст, аз кабили ниходхое мебошанд, ки нооромиро дар љомеаи мо ба вуљуд овардан мехоњанд ва бо истифода аз сарпарастиву њимояи хољагони бурунмарзиашон,њанўз њам барои тира кардани фазои ороми љомеаи мо талошњои бењуда меварзанд.
Аъзоёни ин ташкилотҳои террористї бо дастгирии хоҷагонихориҷии худисломро ниқоби худ намуда, дар зери идеологияи исломї мақсадњои ғаразноки хешроба роҳ монданианд.
Ҳизбу ташкилотҳоитеррористии Паймони Миллии Тоҷикистон,Анҷумани ОзодандешониТоҷик ва ХизбиНаҳзатиИсломӣ , ба њамаи ин хиёнатњои кардаи худ нигоњ накарда, боз имрўзњо аз фаровонии воситањои интернетї истифода намуда, мехоњанд бори дигар ба сари мардуми тољик нанг оранд. Ин созмонҳои террористї ва экстремистӣ аз пешбурди фаъолияти сиёсї берун гашта, бо нашру пахшињар гунамурољиатномаву баёнияњову изњоротихуд фазои сиёсии кишварро ғуборолуд гардонидан мехоњад.
Барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятхои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудрати мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҷӯраев Манучеҳр- омȳзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ