Хиёнат ба Ватан

Дар сомонаи шабакаҳои иҷтимоӣ боз як ба ном“Эъломияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” ба нашр расидааст, ки мардумро ба гиридиҳамоӣ даъват менамояд. Пӯшида нест, ки ин эъломия маҳз аз ҷониби як қувваи заиф ва хориҷибунёд ТЭТ ҲНИ мебошад. Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон(КШНЗТ), ки дар хориҷа берун аз кишвар фаъолият менамоянд эълон менамояд, ки дар таърихи 10 декабри дар рӯзи ба имзо расидани эъломияи ҳуқуқи башар, гирдиҳамоие бо дархости озод намудани зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлини Олмон баргузор намояд. Дархости ин гирдиҳамоӣ аз мақомоти Тоҷикистон пеш аз ҳама озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав” ва вазири собиқсаноатЗайд Саидов, муовини роҳбари ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абадӣ маҳкум шудаанд, мебошад. Дар баёния инчунин аз мақомоти Тоҷикистон дархост карда шудааст, ки “феҳрасти комили ҳамаи кушташудагон ва захмиҳои зиндони рақами 3/3 Хуҷандро нашр намоянд”.

Аз мутолиа аз ин эъломия танҳо ба як хулоса омадан мумкин асту халос: наҳзатиёни ифротӣ боз мехоҳанд дар кишвар вазъияти нооромро бунёд созанд ва ба ин васила гуноҳи содиркардаашонроба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд.Мақсад аз ташкили ин гирдиҳамоӣ чизи дигар нест. Аз рӯи маводҳои мавҷуда наҳзатиҳо ба ин васила мехоҳанд парвандаи муҳоҷириашонро дар мақоми паноҳдиҳандаи Олмон такмил диҳанд, зеро қонунгузории кишвар истиқомати муҳоҷиронро дар шаҳрҳои асосии кишвар манъ кардааст.

Наҳзатиҳо ба монанди солҳои ҷанги шаҳравандӣ мехоҳанд шаҳрвандонро бо иғвоҳои беасос ба доми худ андозанд ва онҳоро гумроҳ намуда, ба нафъи худ истифода намоянд. Ташкили гирдиҳамоӣбаҳонаи рӯякӣ, сатҳӣ ва аз воқеият дур аст, зеро ҳалли ин гуна масъаларо бо як муроҷиат ба намояндагиидипломатӣ дар сатҳи кормандони оддӣ ҳаллу фасл кардан имконпазир аст. Гирдиҳамоие, ки наҳзатиҳо ташкил карданианд танҳо майлу рағбати онҳоро ба митинг ифода менамояду халос, ҳарчанд ин масъалаҳо роҳи ҳалли дигарро низ дорад. Фалсафаи гирдиҳамоихоҳии наҳзатиҳо аз он иборат аст, ки дар атрофи худ ҳарчи зиёдтар гумроҳшудагонро ҷамъ намуда, аз ҳисоби онҳо сафи худро зиёд намоянд ва ба ин васила худро боварманд ҳисобида, ақидаҳои нопоки худро ба дигаронпаҳн намоянд.

Набудани ҷойгоҳи сиёсӣ ва дарки шинохти комил аз вазъият, роҳбарони ифротии наҳзатро дучори парешонӣ кардааст. Роҳи пешниҳоднамудаи наҳзатиҳо барои ташкили гирдиҳамоӣ, ки кишварро бедарвоза пиндоштааст, майдони таблиғотинаҳзатиҳои ошӯбгарро тавсия додани аст, аз чанд тараф суст ва бепоя аст: 1) манбаъҳои иттилоотии шаккок; 2) дурӣ аз Ватан ва надоштани дастрасӣ ба тасвири бардурӯғи рӯйдодҳои сиёсӣ дар кишвар; 3) дарёфти душманӣ.

Ҳамаи он нақшаҳое разиле, ки наҳзатиҳо барои ноором сохтани вазъияти кишвар мекашанд ҳамеша шикаст меҳӯранд ва ташкили гирдиҳамоӣ нақшаи навбатии онҳост. Он сарони бесари бунёдгароии исломӣ бояд хуб дарк намоянд, ки кӯшишҳои онҳо бебарор хоҳад буд. Бадбинии онҳо нисбат ба пешравии кишвар ва шинохти он аз тарафи давлатҳои хориҷакайҳо аз ҷониби ҷомеаи башар дарк гардидааст. Ба ибораи дигар нақшаҳои ғаразноки онҳосатҳӣ, беасос ва маҷозист ва ба ҳеҷ сурат воқеиятро баён намекунанд. Ташкили гирдиҳамоӣ танҳо роҳи вайрони ҳалли масъала асту халос. Аз ин лиҳоз ин даъвати наҳзатиҳои мардумозорва ақрабманиш хиёнат ба давлат шинохта мешавад.

Хоҷагонихориҷии наҳзатиҳо ба миқдори миллионҳо доллар барои ноором сохтани Тоҷикистон сарфа менамоянд. Ва бо ҳар роҳу усул кӯшиш менамоянд, ки вазъиятикишварро ноором созанд. Аз ин лиҳоз ҳар шаҳрвандро мебоядзиракии сиёсии худро аз даст надиҳад, фирефтаи чунин таблиғотҳои беасоси наҳзатиҳо нагарданд, пойбанди арзишҳои миллӣ бошанд. Зеро наҳзатиҳо то охири умр ҳамчун хиёнаткори ватан ва фирорӣ боқӣ хоҳанд монд. Мо боядҳамеша кӯшиш намоем, то дар кишвар сулҳу субот ва оромӣ поянда бошад.

Исмоилова М.Б. - омӯзгори кафедраи

сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ