Кабирии наҳзатӣ "Фашист"-и асри 21
Дар сомонаи ифротии «рисолат» матлабе бо номи «Дар урфи дунёи мутамаддину муосир “фюрерӣ” мояи шармандагӣ аст» ба нашр расонида шудааст, ки дар он гуфтгӯи Кабирии хоин бо Ситора Фахриддинова оварда шудааст. Дар ин матлаб наҳзати хунхор Абдусатори «фиху рих» боз суханҳои Кабириро об додааст.
Бояд қайд кард, ки амалҳои ифротӣ-террористии Кабирии хоин бо разилони наҳзатиаш аз ҷониби ҳайати расмии Ҳукумати кишвар дар ҷаласаи САҲА дар Варшава пурра ошкор карда шудаанд, дар натиҷа наҳзатиҳои ватанфурӯшу хиёнаткор дар назди иштирокдорони ин ҷаласа шармандаю расво шуданд, ҳатто баъди ин ҷаласа баъзе пайравонашон аз ин аблаҳон рӯй тофтаанд, акнун аз бахилию ҳасуди ба гапчинию, хабаркашию дасисабозӣ машғул шуда истодаанд, ки дигар ин ҷонканию суханпардозӣ ва худсафедкунӣ фоидае ба ин палидон намеорад.
Ба ҳамагон маълуму равшан аст, ки фашисти ҳақиқӣ худи ҳамон Кабирию наҳзатиҳои хунхораш ҳастанд. Имрӯз ин наҳзатиҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар истода тибқи супориши «хоҷагони хориҷӣ» бо мақсади дубора амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ дар кишвар, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита худро назди ҷомеаи шаҳрвандӣ сафед кунанд, ба монанди солҳои 90-уми қарни гузашта ба дили мардум ҷой гиранд.
Ин хоинони зархариду бегонапарасти наҳзатӣ ба мисли Кабирию дигар пайравонаш фикр мекунанд, ки мардуми кишвар аз бедодгариҳо, зулму ситам, қатлу ғорат, ки солҳои 90-ум нисбати мардуми осоиштаи меҳнаткаши кишвар раво дидаанд, ҳатто «фашистон» дар ҷанги дуюми ҷаҳон нисбати аҳолӣ чунин амалҳои хунин накарда буданд. Ба он даҳшатафканӣ, амалҳои хунин, ки ин наҳзатиҳои хунхор бо воситаи каллабурони худ нисбати мардуми тоҷику тоҷикистонӣ кардаанд, солҳо мегузарад, аммо аз хотирҳо хеҷ гоҳ амалҳои нангини ин хоинон фаромӯш намешавад. Олимону нависандагон ва шоирони ватанпарвари тоҷик вобаста ба рӯзҳои мудҳиши таърихи миллат садҳо ҷилд китобу достонҳо, шеърҳо эҷод кардаанд ва ҳар як фарди ватандӯсти кишвар бояд ба воситаи ин маводҳо аз зулму ситам, хиёнатҳои роҳбарон ва аъзоёни ТТ ҲНИ дар солҳои 90-уми қарни гузашта огаҳи пайдо кунанд ва дигарбора ба ин разилони аҳдшикани бегонапарасту хоинони наҳзатӣ бовар накунанд.
С.Салмон