Кабирӣ: Ҳазор ранг бо ҳазор найранг

Табиист, ки солҳои охир фитнаангезӣ, иғвоҷӯӣ, буҳтону беҳудагӯии пайравони ҳизби наҳзати исломӣба авҷи аълои худ расидааст ва ҳамаи ин бадгӯиҳо ба муқобили миллату ҳукумати тоҷик баён мегарданд. Вақтҳои охир дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбатҳои пайравони ТТЭ ҲНИва ба хусус роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ бештар гардидааст ва муҳтавояш ҳамоно мисли пештара мебошад – кофтани чирк аз зери нохун.

Табиист, ки солҳои охир фитнаангезӣ, иғвоҷӯӣ, буҳтону беҳудагӯии пайравони ҳизби наҳзати исломӣба авҷи аълои худ расидааст ва ҳамаи ин бадгӯиҳо ба муқобили миллату ҳукумати тоҷик баён мегарданд. Вақтҳои охир дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбатҳои пайравони ТТЭ ҲНИва ба хусус роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ бештар гардидааст ва муҳтавояш ҳамоно мисли пештара мебошад – кофтани чирк аз зери нохун.

Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар навиштаи худ қайд мекунад, ки дар шабакаи Фейсбук табрикоти солинавии Муҳиддин Кабирӣ ҷой дода шудааст. Номбурда чунин овардааст: «Дар байни ин номаҳо чашмам ба матни муборакбодии соли нави мелодии роҳбари ТЭТ-и Ҳизби хиёнаткори Наҳзат (имрӯз номи ташкилоти экстремистӣ-террористиашро иваз кардааст) Муҳиддин Кабирӣ бархӯрд. Ман аз ин дурӯягӣ дар ҳайрат мондам ва маънои даҳҳо оятҳои Қуръони карим, ки дар ҳаққи шахсоне, ки зоҳирашон хилофи ботинашон, он чӣ дар дилашон нест, бо забон мегӯянду онро рӯи коғаз меоранд ва ошкоро мегӯянду хилофи онро дар дил пинҳон медоранд, пеши назарам омад. Ва ба худ гуфтам: Муҳиддин Кабирӣ то рӯзе, ки дар Эрон назди охундҳо буд, солшумории мелодиро ҳаром ва табрикоти онро маҳкум мекарду имрӯз хилофи ақидаи худ амал мекунад, сабаб чӣ бошад? Ӯ бо ин амалаш боз як бори дигар пардаро аз рӯи худ кушод».

Мӯсозодаро на табрикоти солинавии Кабирӣ, балки дурӯягии ин шахс ба изтироб овардааст. Дар таърихи начандон дур наҳзатиён ҷор мезаданд, ки таҷлили соли нави мелодӣ мутобиқи фармудаҳои ислом нест, аммо бо фарорасии соли нав табрик гуфтан чӣ маъно дорад? Дар ин иқтибос ҳамчунин ишора гаштааст, ки ҳангоми назди охундҳои эронӣ буданаш Кабирӣ дигар гапро мегуфту имрӯз гапи дигарро мегӯяд. Ин як амри маъмулӣ аст, зеро имрӯз хоҷагонаш ғаразҷӯёни аврупоӣ ҳастанд.

Аслан дар Тоҷикистон ба табрикоти солинавии Муҳиддин Кабирӣ ниёзманд нест. Аз нуқтаи назари дигар барои Муҳиддин Кабирӣ табрик гуфтан амале барои нигоҳ доштани имиҷи сиёсӣ аст. Яъне ин марди дурӯя, ки манфиатҳои шахсиву гурӯҳияшро аз манфиатҳои миллӣ, аз амнияти ватанболо гузоштааст, боз мехоҳад, ки нуфузи сиёсиашро нигаҳ дорад.

Агар дар чанд сол пеш дар байни ҷомеа масъалаи таҷлил кардан ва ё накардани Соли нави мелодӣ ба масъалаи доғ ва ҳам сербаҳс табдил гашта бошад, сабаби он ҳам хурофот ва гуфтаҳои нафароне мисли М.Кабирӣ буд. Имрӯз бошад, баракси онро мекунанд.

Ҷомеаи Тоҷикистон борҳо шоҳид гашта буд, ки Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш барои ноил гардидан ба ғаразҳои сиёсии худ чунин кирдорҳои ношоистаро амалӣ карда буданд.Агар бо кишварҳои Шарқ Кабирӣ ёр шавад, Соли нав ҳаром мегардаду агар бо кишварҳои Ғарб ҳамнишин гардад, бо фарорасияш онро табрик мегӯяд.

Рафтори ҳазоррангаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш дар Тоҷикистон чандин офат оварданӣ буд, ки дар ин бора аз гузоришҳои расонаҳои ахбори умум ва иттилоияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳама хабардоранд. Дар ҳар кирдори Муҳиддин Кабирӣ ғайр аз ҳазоррангӣ боз ҳазорнайрангӣ ҳам хос аст. М.Кабирӣ қадаме беғаразу холис намегузорад, дар ҳар кирдораш як манфиати гуруҳӣ ва ё шахсияш нуҳуфтааст.Аз ин рӯ, аз ҳазоррангиву ҳазорнайрангии ӯ эҳтиёт будан лозим мебошад.

Бобоҷони Хайриддин - таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ