Кабирӣ ҳаққи тасмимгириро надорад
Аз лаҳзаи таъсиси ҳаракати ифротии ҲНИ, на роҳбарони пешин ва на кунунии ин ҳаракати бегонапараст ҳаққи тасмимгириро дар умури худ надоштанд ва надоранд. Марҳилаи аввали таъсисёбии ин ҳаракатро бидуни дастгирӣ ва заминагузории молию маънавии ҷониби Эрон ё Покистону Афғонистон наметавон тасаввур намуд. Инро худи наҳзатиҳо ҳам бевосита рад карда наметавонанд ва ҳадди ақал ҳаминро эътироф мекунанд.
Аз маҷмӯи дастёрон дар таъсис ва шаклгирии ҳаракати ифротии ҲНИ бештар саҳми охундон ба назар мерасид. Ҳатто дар замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки худи наҳзат масъулиятионро бар душ дошт, сарпарастии бевоситаро болои ҳаракати ҲНИ кишвари Эрон дар даст дошт. Худи наҳзатиҳо эътироф мекунанд, ки Эрон тамоми талаботҳои маишии онҳоро бароварда месохт. Ҳатто беморони вазнини худро ба Эрон мефиристонданд. Аъзои “Раёсати олӣ” – ҳарактаи ҲНИ миллионҳо доллари ин кишварро барои пиёдасозии аҳдофи геополитикии сарпарасти худ ба даст оварда буданд. Эрон бо дасти ин хоинон заминаи пурра ва мустаҳкамеро барои ҳукмронии минбаъдаи худ дар Тоҷикистон асос гузошта буд.
Ҳоло метавон ҳаракатеро, ки бунёдаш идеяи кадом бегонае буд, эътимод кард? Имрӯз ин ҳаракат ҳар шикастеро мувоҷеҳ мешавад, сирраш дар рӯзҳои хиёнаткориҳои роҳбарони пешини он нуҳуфта аст. Иштибоҳи таърихии онҳо ислоҳнопазир ас. Таърихи ин ҳаракат саршори хиёнатҳои нобахшиданист. Ба ақли кӣ рост мебиёд, ки Кабирӣ дар тасмимгириҳои ниҳоӣ дасти худаш аст? Агар муассисон ва ташкилкунандагони ин ҳаракат мустақилияти тасмимгириро надоштанд, пас Кабирӣ аз куҷо дорад? Агар Кабирӣ ғуломи ҳалқабардуши душманони ин миллат набуд, ҳоло дар дохили Тоҷикистон воқеъ буд. Агар Кабирӣ иддао дорад, ки манфиатҳои миллати тоҷик дар мадди аввали “ҳизб” – аш қарор доранд, чаро барномаи ҳифзи воқеии манофеи миллиро бо ҳукумати кишвар ҳамоҳанг намесозад. Чаро дар “дастгоҳи” ҲНИ афроди таҳсилкардаи махсуси Эрон авлавият доранд? Болотар аз ҳама чаро миллат ба ин ҳаракат эътимод надорад?!
Икромиддини Шуҳрат