Кабирӣ: Фиреби назар ҳам ҳад дорад!
Ман аз номи кулли мардуми тоҷик, мардумони шарафманду саодатманди тоҷик ба Кабирӣ, Гадоев Шарофиддин, Алим Шерзамону Илҳом Ёқубови “сухандон” тавсия хоҳам дод, ки ҳоло вақти он расидааст, ки шумо низ ба он дасисаҳои худ хотима диҳеду ин пешравию саодати рӯзгори тоҷиконро қабул намоед, вақте ин қадар дар мусоҳибаҳоятон мо тоҷикистонием мегӯед. Зеро сухан дигару амал дигар аст.
Намояндагони ТЭТ ҲНИ ва дигар ҳаммаслаконаш чун имрӯз ба унвони “Паймони миллии Тоҷикистон” ном мебаранд бояд донанд, ки мо қувваи шикастнопазир дорем ва аз чунин баромаду изҳоротҳои бӯҳтонагези нокасон нахоҳем тарсид.
Дар ҳақиқат замоне миллат бо айби ҳамин миллатгароён ба вартаи ҷанги хонумонсӯз гирифтор шуду касе бо матонати мардонагӣ барои хомӯш кардани оташи ҷанг ҷасорат карда натавонист. Пешвои муаззами миллат азрузе, ки ҳамчун сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, тамоми тоҷикони ҷаҳонро, ки фирори шуда буданд, сарҷамъу якҷо кард. Истиқлолу ваҳдати кишварамон тамомии зиндагӣ ва уммеду орззуҳои чандинасраи мардумон аст.
Ман ҳам бо ишора ба ин гузаштаи таърихӣ ба наҳзатизое, ки босмачиҳоро қаҳрамони халқ меҳисобанд, иброз меанмоям, ки босмачиён ҳеҷ гоҳ ҷонибдори миллати тоҷик умуман манфиатҳои милливу мардумӣ набуданд. Бо он ҳоле, ки наҳзатиҳо имрӯз худро давомдиҳандаи насли босмачиҳо медонанд ва онҳоро қаҳрамон мепиндоранд. Итминони комил дорам, ки ягон нафар мардуми тоҷик чунин амалҳои босмачиҳои миллаткушро намепазиранд.
Зеро миллати куҳанбунёд ва мардуми куҳанҷасорати тоҷик аз азал дорои хиради волои маънавию ватанпарастӣ ва масъулиятшиносиву худогоҳи буд. Ва то кунун ин рисолати азалии худро аз асли хеш дур накардааст. Ба он хотир. Ки асослати мо ин адолати мост. Дар миллати мо адолати воқеи ва асолати воқеи буд, Ки миллати моро имрӯз дар арсаҳои ҷаҳони ҳамчун кишвари тамаддунофар дар қарнҳо мешиносанду эътироф менамоянд.
Мо миллати сарбаланди тоҷик ҳанӯз дар давраҳои басо сангини миллатамон дар баробари душманони миллат истода барои пайдории кишвараи азизамон талошҳо варзида будем. Ва бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди он хоинону ҷангҷӯён ғалаба намуда, сулҳро ҷонибдори карда буданд.
Бояд зикр кард, ки ҳатто он замони пурталотуми кишварамон, ки саркардаҳои ин ҷанги хонумонсӯз ҳамин хиёнаткорони миллат, аъзо ва намояндагони ҳизби мазҳабфурӯш, ТЭТ ҲНИ буданд. Имрӯз низ онҳо бо ҳар баҳонае ин миллату ин қавмро нодида гирифта. Арзишҳои милливу маънавуии халқи азизамонро пушти по заданианд. Аммо ман ба ин разилону касифон таъкид меанамоям, ки Истиқлолоияти воқеӣ ва озодӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистони биҳиштосост.
Маврид ба зикри хос аст, ки миллати тоҷик аз гузаштаҳои худ дарси ибрат гирифтаву як қавму миллат будани хешро амиқ дарк кардааст. Зеро ҳар қавму миллате агар сарҷамъу якдилу якзабон бошад, пас беватану бехона нахоҳад монд. Таърихи ҳастии тоҷикон, ки асрҳои зиёдеро дарбар мегирад бо ваҳдату якдилӣ, зиндагӣ карда, миллати тоҷикро номдору шӯҳратдор ва кишвари мутамаддину устувор ба мо мерос додаанд.