Ҷустуҷӯи манбаҳои нави иғвоангезӣ то ба кай?
Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаву роликҳо ва маводҳои гуногуни иғвоангезу беасоси хоинони ваҳдати миллӣ бо номҳои «Ҳукумат стротежии миллии рушдро ҳам пушти по зад», «Чаро ҳукумат нархи интернетро боло бурд? Омилҳо ва оқибатҳои он», «Шумо дар таърих як хати сиёҳе мегузоред аз номи худ дар дилҳои мардум», «Нархи хизматрасонии интернетро дар ҳолати қаблӣ баргардонед!», «Ҷавоб ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ман зидди ин қонун ҳастам» ва монанди инҳо густурда шуданд. Мақсад аз интишори чунин маводҳо, ҳангомасозӣ, танқиди ҳукумат, ҳақиру ночиз нишон додани фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад. Зеро мардум тағйиротҳои нави сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба зудӣ қабул карда наметавонанд. Чунин вазъият дар марҳилаи аввали қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ба назар мерасид. Имрӯз ин қонун амалан тадбиқ шуда, моҳияти аслии қабули он аз тарафи ҷомеа пурра дарк карда шудааст.
Доир ба ташаккули шуури ҷамъиятӣ Девид Метюз чунин иброз намудааст: «Масъалаи хидмати тиббиро аз назар мегузаронем: мардум мехоҳанд, ки он ба ҳама дастрас бошад, вале дар айни ҳол андозҳои зиёдтар додан намехоҳанд. Соли 1992 бисёр амрикоиҳо ба афзоиши арзиши хидмати тиббӣ шикоят карданд, вале онҳо дарк накарданд, ки дар асоси кадом омилҳо ин афзоиш сурат гирифтааст. Соли 1992 дар ИМА перомуни хароҷоти тандурустӣ мунозираҳои доманадор оғоз ёфта буд ва акнун мардум вазъи ҳақиқии ин соҳаро беҳтар мефаҳманд».
Имрӯз айнан ҳамин вазъият дар атрофи масъалаи болоравии нархи хизматрасониҳои шабакаҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст. Вақте ки мардум бори аввал дар хусуси ин қазия мешунаванд, дар асоси таассуроти ибтидоӣ ва нарасидани донишу ахборот ба аксуламал даст мезананд. Аъзоёни Паймони зиддимиллии Тоҷикистон бошанд, таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ аз тафаккури такмилталабу бехабарии ҷомеа маккорона истифода намуда, вазъиятро ба манфиати худ нигарониданд.
Меҳрубон Бурҳонов мегӯяд, ки ин раванд таъсири манфӣ ба илм ва таълим дорад. Мо, аз зиёиёни ҷомеа комилан бар зидди чунин андеша баромад менамоем. Аввалан, он ба коҳиш ёфтани сатҳи сирқат (плагиат) ва рӯ овардани мардум ба асли аниси кунҷи танҳоӣ - китоб оварда мерасонад. Толибилмон ба китобхонаҳо бештар рӯ меоваранд. Сониян, ҳангоми пеш омадани муаммо ва мушкилот дар раванди тадқиқотҳои илмӣ бештар ба устодон муроҷиат мекунанд. Такя кардан ба маслиҳату дастуроти саҳлангоронаву кӯр-кӯронаи бесаводони шабакаҳои иҷтимоӣ аз байн меравад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҳудуди кишвар китобхонаҳои электронӣ низ мавҷуданд, ки ба сокинон тамоми адабиётҳои хориҷиро бе хароҷот дастрас менамояд. Умуман, ин раванд ба ташаккули илм дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, на баръакс. Аз ҳама хандаомез он аст, ки хоинон мегуяд: «чун онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуданд, ҳукумат мехоҳад барояшон менеа эҷод намояд. Мо акнун барномаҳои худро то як дақиқа омода менамоем» (Алим Шерзамонов). Барномаҳои шумо ба кӣ даркор, магар шунаванда дорад? Агар бошад, он ҳам манам, ки чун вуҷудамро ғам фаро мегирад, барои болидатабъ гаштанам аз суханҳои мазҳакаомезу беасос ва тиҳимазмуни шумоён ба он рӯ меоварам. Хонандаи дурандеш, мулоҳизакору закӣ ба хубӣ пай мебарад, ки ин танҳо реклама барои баланд бардоштани мавқеи Паймони зиддимиллӣ асту бас.
Эй хонони миллат, аз ҷустуҷӯи манбаҳои нави иғвоангезӣ даст кашед. Аз ҳар пашша филу аз ҳар ҳаводис пиари сиёсӣ сохтанро бас кунед. Аз баҳри сулҳу ваҳдат манфиатҳои тангу сиёҳи худро сарфи назар намоед!
Озодандеш