"Ҷунбиши барги дарахт, бе шамол"
Таи чанд соли охир муноқишаи сарҳадӣ байни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон авҷ мегираду бар асари онҳо 10-ҳо афсарону сарбозон ва шаҳрвандони осоишта ба ҳалокат мерасанд.
Ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта борҳо чораҷӯи кардаанд муноқишаҳоро бо роҳи мусолиҳа ҳал намудаанд. Вале сабаб дар чист, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканонаву ноҷавонмардона барои исён ангехтан ва нором сохтани вазъи сарҳад замина мегузоранд? Сабаб дар ин аст, ки инҷо ба ҷуз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон боз қуввае ҳасту ҳадафи пиёда кардани манфиатҳои худро дорад. Интишор намудани қуваи ҷангии ҷонибҳо далели возеҳи ишораи болост, ки бо ду забон таҳия шудааст.
Аз ҳолати кор хулоса баровардан лозим аст, ки дар ин бозӣ (баҳси сарҳадӣ), шаҳвандони бесаводу гаправи қирғиз мунтазам истифода шуда истодаанд. Яъне бо дастгирии қувваҳои бадхоҳ, сокинони наздисарҳадии Қирғизистон дасти худро хунолуд карда амалиётҳои хунинро анҷом дода истодаанд, ки дар оянда ба суботи сиёсии ҳар ду давлат метавонад, зарари худро расонад.
То кунун бо айби шаҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи мазкур, баҳс ва иғво сар назадааст ва нахоҳад зад, зеро мардуми тоҷик бо таъриху тамаддун, расму анъана, илму адаб ва ҳиммату заковати худ ҳеҷ марҳилаи таърихиро бо амалҳои хунину фоҷиабори худ пушти сар накардааст. Мо мардуми сулҳҷӯ ва ростқавлу қавииродаем. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба мактаби ибрат ва сиёсатсозӣ табдил ёфтааст.
Агар ҷанг ҳали проблема бошад, марги ҳазорон одамони бегуноҳ аст.
Мо боварӣ дорем, ки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бе муноқиша ҳал намудани низоъҳои сарҳадӣ), дар марҳилаи нав касб кардари сиёсати ҷаҳон ва бархурди тамаддунҳо саривақтӣ мебошад.
Чунин мушкилотро ҷонибҳо мебояд дар асоси манфиатҳояшон дар сатҳи Ҳукуматӣ ҳал намоянд. Ҷониби Қирғизистон барой вайрон кардани созишномаҳои дуҷониба дар доира созмонҳои аъзо, бозпурсӣ карда шавад ва шаҳвандонеро, ки барои сар задани низоъҳо мусоидат намудаанд ба ҷавобгарӣ кашад.