Ҷонибҳоро созиш зарур аст

Ҳодисаҳои нангине, ки дар минтақаҳои сарҳадии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дода истодаанд, боиси ташвиши кулли шаҳрвандони Тоҷикистон гардидааст.

Чунончи, Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳаммарзӣбо минтақаҳои сарҳадии Қиргизистон зиндагӣ мекунанд, зери шиканҷаву фишор ва таҳдидҳо қарор гирифта истодаанд. Чунин вазъият кулли сокинони кишварро ба ташвиш овардааст. Моро намесазад, ки нисбати чунин беадолатиҳо ба монанди бар хилофи қарордодҳои дуҷониба оғози сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ», бо қасди ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло барангехтани низоъи байнисарҳадӣ, бунёди иншоот дар ҳудуди замини баҳсӣ, монеаофарӣ барои фаъолияти нақлиётҳои мусофиркашон ва шахсӣ, расонидани зарари иқтисодӣ барои шаҳрвандони алоҳида, ки оқибат то ба тирандозӣ оварда мерасонад, бетараф бошем. Зеро дар вазъияти муташанниҷ карор гирифтани як гурӯҳи хамватанонро нодида гирифтан, бар зидди хулқи ҳамидаи тоҷикистониён аст. Масъалаи сарҳадӣ, тақсимоти ҳудудӣ дар сатҳи муносибатҳои дипломатӣ аз ҷониби роҳбарони кишварҳо ва шахсони ваколатдор ҳаллу фасл карда мешавад. Фаъолияти низоъофар, дахолати шахсони алоҳида нисбати ин амал танҳо барои муташанниҷ гардонидани вазъият ва тезутунд намудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя нигаронида шудаасту бас. Тавассути чунин амалҳо ба ягон ҳадафи муайян қонеъкунандаи ҷонибҳо расидан имконнопазир аст. Барои ҳалли масъалаҳои низоъҳои байнисарҳадӣ, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ба назар мерасад, омӯзиши амиқ, таҳлилҳои мушаххас, гуфтушуниди ҷонибҳо, таҳаммулгароӣ, созиш унсури асосӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, таклиф ба амал баробарда мешавад, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар атрофи масъалаи ҳудудиву марзӣ ба иғвоангезӣ, ошӯбсозӣ, хунрезиву оташзанӣ машғул нашаванд. Мардуми таҳаммулпазиру ваҳдатшиори тоҷиконро азият надиҳанд. Онҳоро кулли сокинони кишвар ҷонибдорӣ менамоянд ва ҳамроҳ ҳастанд. Зери по кардани расми хубӣ шарқиён, ҳамсояро ба ҳаққи Худо баробар надонистан бар зидди фарҳанги ҳар ду миллат баромад менамояд. Аз ин рӯ, ҷонибҳоро зарур аст, ки ба ҷуз аз созиш дигар роҳро пеша нанамоянд.

Омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ Комилва Зилола ва Оқилова Мавзуна

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ