Изҳорот: Ҷони гургону сагон аз ҳам ҷудост...

Ҷомеаи башарӣ аз оғоз то имрӯз чун шоҳиди бурду бохтҳои зиёд хатарҳои терроризм ва экстримизми сиёсиро борҳо таҷриба кардааст. Ин ҷараёни тезу тунд ва харобиовар, ки боиси ҷангу хунрезӣ, ақибмондагии иқтисодӣ, ихтилофоти динию мазҳабӣ ва дар маҷмӯъ парокандагии ҷомеа гардидааст, имрӯз ҳам ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Сарзамини соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистон солҳои охир аз ҷангу ҷидол, фитнаву ошӯб ва халалдор кардани вазъи осудаҳолии мардуми он аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, аз он ҷумла собиқ ҳизби террористии ҲНИ таҷриба намуд ва халқи тоҷик чун халқи огоҳу бедор бояд аз ин таҷоруби таърих панд гирад, то дигар туъмаи ин гуна фитнаву дасисаҳо нагардад.

Ба Тоҷикистон роҳ ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ба аввали солҳои 90-и асри 20 рост меояд. Азбаски Тоҷикистони мо пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қудрати низоми маъмурии худро аз даст дод ва фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, берун аз назорат мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятӣ низ таъсири худро дар заъфу сустии пояҳои давтадорӣ мерасонид, гурӯҳҳои ифротгаро ба зудӣ тавонистанд барои амалӣ кардани аҳдофи нопоки худфазои Тоҷикистонро барои худ мусоид дарёбанд. Аз ҷумла собиқТЭТ ҲНИ бо истифода аз ин имкониятҳои мусоид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон пардохтанд. Аъзоёни ин ҳаракати террористӣ мардуми соҳибимон ва соҳибэътиқоди тоҷикро, ки дар рӯҳияи бузургдошти оини мусалмонӣ ба воя расида буданд, ба оҳистагӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои худ истифода намуда, дар симои худ ҳомиёни дин ва тарғибгарони ахлоқи волои мусалмониро нишон доданӣ мешуданд. Ин як воситае буд, ки онҳо то ҳадди имкон тавонистанд барои ба як самти муайян равона кардани фаъолияти харобиовари худ аз он истифода намоянд. Аз ҷониби дигар мардуми аз ҷанги бародаркуш азияткашидаи тоҷик, ки вазъи солими иқтисодии хешро наметавонист ба таври дилхоҳ ба роҳ монад, ба “хайрхоҳӣ” ва дасти ёрӣ дароз кардани хоинони дину миллат, ки хешро чун “ҳомиён” муаррифӣ карда буданд, бовар мекарданд ва то ҷое аз ин “мурувватҳо”-и онҳо баҳравар мешуданд. Кор то ҷое расид, ки пайравони ҳаракатҳои ифротгароиву террористӣ дар Тоҷикистон мусаллаҳ гардида, дар харобии ҷомеаи кишвар боз ҳам бо имконият ва нерӯи дучанд даст зананд. Амалҳои террористӣ нисбати собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдуллоев Н, собиқ раиси ноҳияи Ғарм Б. Музаффаров, собиқ ректори Донишгоҳи тибии Тоҷикистон Юсуф Исҳоқӣ, А. Неъматов, М. Ғуломов, О.Латифӣ ва дигарон шоҳиди ин гуфтаҳоянд.Пас, бо дарки масъулият ва зиракиву ҳушёрии сиёсӣ моро мебояд пеши роҳи ҳар гуна омилҳои барангезанда ва пешбарандаи ин гуна ақидаҳои ифротгароӣ, боқимондаҳои таъсири ТЭТ ҲНИ, суханрониҳои собиқ роҳбари ин ташкилот М. Кабирӣ,ки ба хотири аҳдофи сиёсӣ ба роҳ монда мешаванд саривақт бигирем. Нагузорем, ки ваҳдати устувори тамоми қишрҳои ҷомеа халал пазирад, ғояҳои бегона ба фарҳангу маданияти мо – тоҷикон роҳ ёбад ва дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон дасти ноаҳл лаҳзае ҳам бошад барои роҳандозӣ намудани аҳдофи нопоки худ нерӯ ва имкон дарёбад. Дар ин кор моро дасти ҳамдигар гирифтану иттиҳод мебояд.

Муаллими кафедраи

фарҳангшиносӣ

Қорихоно С. О.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ