Ҷавонон оядасози миллатанд

Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебошанд.

Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ пайдо кардаанд. Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷои коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, мебояд, ки дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст.

Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамеша аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Солҳои охир на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё сафи ҷавонону наврасоне, ки даст ба ҷиноят мезананд, афзуда истодааст. Агар ҷавонони имрӯзаро бо насли гузашта муқоиса намоем, тафовут хеле калон аст. Сохти иҷтимоӣ кулан тағйир ёфта, ҷавонону наврасон бештар ба соҳаи техника рӯ овардаанд. Агар дар замони гузашта барои тарбияи наврасон ва ҷавонон китобҳои бадеӣ ва осори классиконро истифода бурда, ҷавонон дар мутолиаи китоб байни ҳам мусобиқаҳо ташкил мекарданд, мутаассифона, дар ҷомеаи кунунӣ китоб моҳияти худро қариб, ки гум карда, насли ҷавон дар тамошои филмҳои даҳшатовару куштор ва дорои фаҳш, ки баръакс, ба ояндаи онҳо зиёновар аст, сабқат мекунанд.

Ин ҳама мо-омӯзгоронро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи меҳнатии ҷавонону наврасон ҷиддан машғул шавем. Мебояд, ки дар ин роҳ ҷиҳати ба зеҳни шогирдон расонидани моҳияти маънавӣ ва иҷтимоии кору заҳмат аз усулҳои гуногуни самаровар истифода барем. Нахуст бо истифода аз чанд дақиқаи дарс овардани мисолҳоро аз ҳаёти ҷавонони гумроҳ, ки ба дарди бедавои бекорӣ, бепарвоӣ, нашъамандӣ мубтало шудаанду ҳаёти худро барбод додаанд, зарур медонем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳан, ки ҷавонон ин гуна мисолҳоро бодиққат мешунаванд ва хулосаи зарурӣ низ мебароранд.

Намоиши филмҳо ва роликҳои кӯтоҳ аз ҳаёту тақдири ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастанд ва зери тиру туфан мондаанд, боиси нафрат пайдо кардани шогирдон мегарданд.

Агар омӯзгор дар дарсҳо ба таври кӯтоҳу муъҷаз аз ҳаёт ва фаъолияти илмию эҷодии олимон, донишмандон ва суханварони машҳури форсу тоҷик - Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва ғайра мисолҳо орад, ин беҳтарин усули дар роҳи худшиносӣ тарбия кардани ҷавону наврас маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, ҷавонони имрӯза бояд аз бунёдкориҳову созандагиҳои кишвар огаҳ бошанд.

Хулоса, вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст ва мусулмон, ба хусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки ба чунин равияҳои номатлуби змони муосир ба монанди радикализм (тундгароӣ), экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм пайравӣ накарда, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақили тоҷик ҳамеша саъю талош варзад.

Чунончи, Пешвои миллат дар Паёми худ баён намудаанд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд».

Ҳошимова Н.М. мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ