Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат

Таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Сарвари кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид.

1- сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни бинои боҳашамати ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонии таълимии навбунёд роҳбарият, устодон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат дар даромадгоҳи бино парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, бинои нави маъмурию таълимии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд ва онро дар доираи иҷрои “Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” туҳфаи арзандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишомӯзон арзёбӣ карданд. Дар назди устодон , олимон, кормандон, докторантон, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишкада Пешвои миллат баромад намуда, дастовардҳои соҳаи маориф ва илми ҷумҳуриро гуфта, аз пешрафти ин соҳа нисбат ба солҳои гузашта ёдовар шуданд.

Дар мулоқотҳои пайваста масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ, аз қабили таъминоти кадрӣ аз ҳисоби ҷавонон, яъне ба ҷавонони ояндасоз эътимод варзидан барои идоракунии вазифаҳои масъул, бекорӣ, саркашӣ аз хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, музоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, камфаъолии ҷавонон нисбат ба илму техника ва ғайра баррассӣ гардиданд.

Дар баромадашон Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон чанде дастуру ҳидоятҳо дода, нисбат ба онон анҷоми тадбирҳои муайянро аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои идорӣ ва мактабу оила тақозо намуданд, зеро дар ҳамаи ҷабхаҳои фаъолият ҷавонон дар сафи аввал қарор доштанд.

Месазад, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавононро сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи хеш қарор дода, дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони муосири мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созад.

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз омилҳои асосии рушду инкишоф ва мустаҳкамии миллату давлатро омӯзиш дониста, баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам оварданд. Барои ҳавасманд кардани ҷавонони болаёқат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо идрорпулиҳои Президентӣ ва квотаҳои Президентӣ таъсис шудааст, ки садҳо ҷавонони фаъол аз он бархӯрдоранд.

Мо устодон тарбияи ҷавононро дар руҳияи донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибкасб ва амсоли инро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти Тоҷикистони азизамонбоз ҳам фаъолтар мегарданд.

Чи хеле ки шогирдонамон борҳо мегӯянд: мо - ҷавонон пайравони Пешвои миллатем.

Имсол ҳаме Соли ҷавонон бошад,

Ин тӯҳфа чӣ арзандаву шоён бошад.

Моро мақсад хониши аъло бошад,

Ибрат сухани Сарвари доно бошад.

Модар Ватану миллати мо бо Пешво,

Мақсуду мароми халқи мо – аҳду вафо!

Илму амалу хонишу дониш, рафтор,

Бо ҳикмату пандҳо ба мо гашта шиор.

Ба Савганд мо сидқу садоқат дорем,

Бар амри Ватан мудом итоат дорем.

Мудири кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвонот, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Домуллоева Зебинисо Қодировна

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ