Ҷавонӣ – айёми орзу, боварӣ ва қадам ба сӯи муваффақият
“Ба андешаи ҷавонон ҳаёт ин ояндаи дури беохир мебошад…” - фармудааст файласуфи машҳури олмонӣ Артур Шопенгауэр. Дар воқеъ ҳар як шахс дар айни ҷавонӣ худро ба мисли парандае дар парвози баланди зиндагӣ хаёл карда, ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва дар такопӯ мебошад. Ҳаёти давраи ҷавонӣ ниҳоят давраи ҳассос, ширин ва ҳалкунандаи давоми зиндагист. Маҳз дар синни ҷавонӣ инсон ояндаи дуру наздики худро муайян месозад. Ҳар як амале, ки имрӯз дар овони ҷавонӣ иҷро мешавад, натиҷа ва самараи худро дар оянда ба бор хоҳад овард.
Аз ин лиҳоз, дар ин айём тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят манфиатбахш мебошад, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд: «Шумо - ҷавонон - умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед. Зеро ояндаи Тоҷикистон шумо ҳастед ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.
Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро ба иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад».
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду ояндаи ҷомеаи ҷавон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатӣ тамоми соҳаҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, барои зиндагии осоишта шароит муҳайё гардид. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи таълим низ назари махсус зоҳир намуда, сиёсати маорифпарваронаро пеш гирифт. Сохтани садҳо иншоотҳои хурду бузург барои муассисаҳои таълимӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои муосир ва дигар шароитҳои муосири таълимӣ гувоҳи аз ҷониби Пешвои миллат дастгирӣ ёфтан ва рушд кардани нерӯи зеҳниву фикрии ҷавон ба шумор меравад. Натиҷаи ин ҳамадастгириҳо ва ободкориҳо ин буд, ки олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо ҷойизаву диплом ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ гашта истодаанд. Имрӯз Сарвари давлат бо талошу иқдомоти худ ва донишмандони тоҷик бо ибтикороту ихтирооти худ номи миллат ва давлатамонро дар арсаи ҷаҳон боло бурда истодаанд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои пешрафта шинохта шуда, рӯз то рӯз мақому шуҳрати худро дар назди оламиён боз ҳам зиёдтар кардааст.
Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо дигар муассисаҳои таълимии бонуфузи ҷаҳон вусъат ёфта, сафи донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда хеле зиёд шудааст, ки ин дар оянда хазинаи кадрии ҳукумати кишварро метавонад боз ҳам ғанитар гардонад.
Соҳаи варзиш низ имрӯз дар ҷумҳурӣ хеле зиёд рушд ёфтааст. Дар ин самт низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти наҷибе пеш гирифта, дар тамоми гӯшаву канори диёри азизамон толору майдонҳои варзишӣ, ва дигар таҷҳизот барои рушди соҳаи варзиш таъмин намудааст. Ҳамин буд, ки имрӯз варзишгарони тоҷик ҳунари волои худро нишон дода, парчами давлатиморо дар байни дигар давлатҳо боло бардоштаанд. Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва сазовори ҷойҳои намоён гаштани онҳо нуфузи варзиши тоҷикро боз ҳам баландтар мекунад. Дар соли 2016 яке аз дастовардҳои муҳимме, ки дар риштаи варзиш ба даст омад, ин Қаҳрамони олимпии РИО – 2016 гардидани фарзанди барӯманди тоҷик Дилшод Назаров мебошад. Агар ба таърихи бозиҳои олимпӣ нигарем, зиёда аз 60 давлатҳое мавҷуданд, ки то ҳол як медали бозиҳои олимпиро низ соҳиб нашудаанд. Боиси ифтихор ва сарфоризии мост, ки аллакай варзишгарони тоҷик ба чунин дастовардҳои назаррас дар сатҳи байналмилалӣ ноил гардиданд, ки ин ҳам бевосита бо кумаку дастгириҳои ҳукумати кишвар мебошад.
Дар воқеъ, ин дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат ҳар яки мо ҷавононро водор месозад, ки баҳри пешрафти имрӯзу фардои кишвар ва мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ даҳчанд кӯшиш намоем. Аз талошҳои Пешвои миллат ва дилсӯзиҳои он кас нисбат ба ҷавонон маълум мегардад, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон такя намуда, тақдири зиндагии фардоашонро ба дасти худи онҳо додааст.
Албатта, ҷавонон низ кӯшиш мекунанд ба ин боварӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат сазовор бошанд. Ҷавонон бояд нишон диҳанд, ки дар якҷоягӣ онҳо як қувваи бузург буда, метавонанд давлату миллати худро аз ҳар гуна хавфу хатар эмин нигоҳ доранд. Аз тамоми имконияту дастгириҳо истифода намуда, донишу малака ва заковати инсондӯстӣ ва меҳанпарастии хешро бояд қавитар гардонанд ва баҳри пешрафт ва ободии диёри азизамон нақши калидии худро гузоранд.
Дар ин навбат мо низ ҳамеша кӯшиш менамоем, ки дар қалби ҳар як ҷавони бонангу номус ва бофарҳанг ҳисси баланди ватандӯстиро бедор намуда, онҳоро аз гаравидан ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро боз гардонем. Ҷавонон бояд бидонанд, ки ин умр дубора нест ва ин зиндагии орому осуда на ба ҳар кас муяссар мегардад.
Тоҷикистон баъди истиқлолияти комили худро бадаст овардан ҳамчун узви баробарҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар харитаи сиёсии дунё арзи ҳастӣ намуд, ки дар ин пешравиҳо саҳми ҷавонон дида мешавад. Имрӯзҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон таҳкими сулҳу ваҳдат ва нигоҳдории оромии мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавон, ки худро соҳибватан меҳисобад, бояд ҳеҷ гоҳ мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва кониститутсияро аз мадди аввал дур насозад. Ҳамаи андешаву кушиши худро ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдат равона созанд.
Мо миллати тоҷик, ки таърихи бениҳоят ғанӣ дорем, метавонем дар якҷоягӣ бо меҳнати бунёдкоронаву созанда Тоҷикистони азизамонро мақому мартабаашро дар ҷаҳон баланд бардорем. Худованд ба мо сарзамини обод, сарватҳои бебаҳо, халқи меҳнатдӯсту бофарҳангро ато кардааст ва боварӣ дорем, ки дар натиҷаи саъю кӯшиши дастаҷамъона бо сулҳу ваҳдат, эътимоду боварӣ ба ҳамдигар, боварӣ ба ҳамсояи худ, боварӣ ба ояндаи нек дилхоҳ мушкилоти пешомадаро паси сар намоем. Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегардад, ҳамчун як марҳилаи сифатан нав дар пешрафти худшиносии миллии мо такони ҷиддие мебахшад. Аз тарафи Пешвои миллат бобати ҷаҳонбинии ҷавонон ва зиракии сиёсии ҷавонон диққати махсус дода мешавад, ҷавонон бояд кӯшиш намоянд, ки як миллату як халқро қисмат насозанд. Бо ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат ҳар як ҷавон метавонад, ки дар бобати бунёди кохи орзуҳои худ муваффақ гардад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амали гардидани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Аз ин ҷо, ҳар як миллат ояндаи худро дар симои ҷавонони ҳушёру болаёқат ва ояндасоз дида метавонад. Ҷавонон сутуни устувори ҷомеаанд, зеро ҳалқаи пайванди наслҳои башар маҳсуб меёбанд. Ҷавонон метавонанд иқтидори иҷтимоӣ, сарватҳои маънавӣ ва арзишҳои ахлоқии гузаштагони моро ба мерос баранд. Нерӯи ҷавонон дар ҳама давру замон созанда ба ҳисоб мерафт ва меравад. Ҳамзамон ҷавонон нерӯе ба ҳисоб мераванд, ки ҳадафҳову нақшаҳои ҷонибҳову созмонҳову гурӯҳҳо тавассути он амалӣ мешавад. Дар замони истиқлолият ҷавонони мо аз ин ҳолат истисно намебошад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми қувваю нерӯи зеҳнии худамонро баҳри созандагиву ободкорӣ ва фароҳам овардани муҳити солим дар ҷомеа равона намуда, талош намоем, ки Тоҷикистон дар баробари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор гирад. Дар ин самт бошад,танҳо ҷавонони оқилу донишманду дурандеш кодир хастанд, ки дар амалӣ шудани ин хадафхои начиб сахми арзандаи худро гузоранд. Пас мо ҷавононро мебояд, дар баробари омӯхтани илму дониш, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии мамлакатро дар дилу дар дидаи худ ва ҳамсолонамон ҷой диҳем.
Муталиб Маҳмудов- мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”